ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Мардумфиребии ХНИ
Илова кард: admin13-04-2021, 15:21---
Таъкид сари ҷанги бародаркушист ва шаҳрвандони нисбатан солдидаи кишвар хуб дар ёд доранд, ки оғози солҳои навадум ба хотири ақида ва мафкураи бегона бародар гулӯи бародарро дарид ва бар асари низоъҳои бемаънӣ ва даргириҳои гӯшношунид дар миқёси мамолики дуру наздик беобрӯ гардидем. Ин расвоӣ ва беобрӯйӣ барои ҳазор соли дигар ба миллату фарҳанги мо басанда аст ва касолату касофатзадагии тарроҳону дастандаркорони он ҷанги хонамонсӯз, ки ҳазорон-ҳазор нафарро ба хун оғушта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир сохт, то имрӯз дуруст ба худ наомадаем.
Насли миёнсол ва солманд хуб дар хотир доранд, ки ба «шарофат»-и ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистони нав ба истиқлолиятрасида даргириҳои шармандавори сиёсӣ ба вуқӯъ пайваст ва муҳаррикони асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ маҳз пайравони ин ҳизб буданд. Даъвиҳои хурофотӣ, таассубӣ ва қудратталабонаи роҳбарияти ТЭТ ҲНИ дар гузашта боиси зиддиятҳои сахти қавмӣ, гурӯҳӣ, динӣ-мазхабӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсияти симоҳои «авлиёгуна»-и ҳизбӣ рӯйи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омада буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд. Роҳбарони ҳизб ва фурсатталабони давр тариқи дастгоҳҳои иттилоотии замон моҳҳои май-ноябри соли 1992 таблиғу ташвиқи саросарии ҷиҳод ба муқобили куффорро, ки таҳти ин мафҳум ҳамватанони мусалмони мухолифи режими исломӣ дар Тоҷикистон фаҳмида мешуд, роҳандозӣ намуданд. Табақабандии иҷбории мардуми шаҳру музофотҳои ҷумҳурӣ ба муъмину кофар системаи давлатдорӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии ҷомеаи тоҷикро дар он солҳо шикаст ва бадгумонии динӣ - мазҳабиро байни қавму миллатҳо ба вуҷуд овард. Ин бадгумонӣ, мутаассифона, бо «саъю талош»-и ҳизби мазкур ва муштариёни он то имрӯз дар зеҳни мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ боқӣ мондааст ва дар саҳифаҳои таърихи миллат ва ватани азизи мо чун паёмади шуми ибтикороти муғризонаи пирони маънавию сиёсии ҳизб сабт гардидааст.
Бозичаи дасти бозигарони бузурги минтақавӣ будани ин ҳизб ва муллоҳои саршиноси ҷумҳурӣ имрӯз аз чашми ақли солим пинҳон нест.
Маълум аст, ки сарпарастони лоиҳаи ба ном ТЭТ ҲНИ чӣ мехоҳанд: шӯрангезӣ, ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, хурофапарварӣ, бегонапарастӣ, ҷаҳолатпарешӣ, қатлу куштор, бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ... Ин лоиҳаи сиёсӣ дар соли 1992 ҷаҳолати саросариро дар қолаби ҷанги муъмину кофар як муддат густариш бахшид. Муҳри кофар задан ва бо ин ҳарфи носазо тавҳину таҳқир ва ба марг маҳкум кардани касони мухолиф, ки аз ҷумлаи мусулмонон буданд, дар байни авомунносе, ки таҳти таъсири бевоситаи муштариёни ТЭТ ҲНИ қарор доштанд, дар ибтидои солҳои навад муд шуда буд ва қисмати зиёди мардуми бесавод ва камсавод аз шиорҳои зиддиинсонии воизону муллоҳои нуфузманди ТЭТ ҲНИ ба ваҷд омада, орзуи қатли ҳамватанон, хешу ақрабои худро, ки дар либоси дигарандешӣ бадар омада буданд, дар дил мепарвариданд. Таҳқиру тавҳини мухолифон ба як амри муқаррарӣ бадал шуда буд ва бо фармоиши як муллои чалласавод мумкин буд садҳо нафар маҳкум ба қатл ва ё ҳадди ақал радди маърака гарданд.
Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, ба хотири сулҳу Ваҳдати миллӣ ва расидан ба ризояти иҷтимоӣ тамоми ҷиноёти то соли 1997 аз ҷониби ТЭТ ҲНИ ва аъзоёни он ба вуқӯъпайвастаро бахшиданд ва ин ҳизбро дубора ва таври расмӣ иҷозат доданд. Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси фазои пасошӯравӣ ТЭТ ҲНИ ягона ҳизби сиёсӣ буд, ки озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекард ва аз ин имтиёз сӯйистифода намуда, ахиран (ибтидои сентябри соли 2015) даст ба исёни сиёсию низомӣ дар қолаби амалкарди Абдуҳалим Назарзода зад, ки паёмади он ба ҳама маълум аст.
Пас аз амалиёти Назарзода якчанд саркардагони наҳзатӣ, ки дар исёни сиёсӣ-низомӣ бевосита ё бавосита даст доштанд, аз сӯйи мақомоти зиддахли давлатӣ боздошт шуданд. Мунтаҳо, ин созмони террористӣ-экстремистӣ миёни мардум беобрӯ гардид. Шармандагии солҳои навадуми асри бист басанда набуд, ки ТЭТ ҲНИ ба «иқдом»-и навбатӣ – омода кардани кудатои сиёсӣ-низомӣ даст зада, дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ батамом шарманда ва радди маърака шуд.
Амалҳои террористии содирнамудаи сарони ин ҳизб ошкор намуд, ки ҳадафи асосии онҳо бо ҳар роҳе набошад, бо ивази хуни фарзандони ин миллат ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар мебошад. Хадафҳои зикршуда назди мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ошкор гардида, сабаби баста шудани ин ҳизб гардиданд.
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.