Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Мусаллам аст, ки ҳар гуна табаддулот
омилҳои дохилӣ ва берунӣ дорад. Омили берунӣ бо роҳи маблағгузорӣ омили
дохилиро таҳрик дода, ҳадафҳои онро амалӣ месозад. Дар воқеаҳои нангини
ахир низ аз ин ду омил истифода шуд. Кабирию Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамчун
омили дохилӣ барои бесубот кардани кишвар ва амалӣ намудани табаддулот
кӯшиш ба харҷ доданд. Агар омили берунӣ намебуд, ин қадар миллионҳо, ки дороии
Кабирию Ҳоҷи Ҳалимро ташкил медиҳанд аз куҷо пайдо шуданд? Як рӯз қабл аз сар
задани ин ҳодиса писари Кабирӣ 1 миллиону 200 ҳазор долларро аз куҷо дастрас
карда, ба Ҳоҷӣ Ҳалим дод? Сарчашма ва сармояи аввалияи корхонаҷоти бисёри
Кабирӣ аз куҷо буд? Ба мисли ин саволҳои зиёде ҳастанд, ки касро ба андеша
водор месозанд. Кабирӣ бо ин амали худ натанҳо худ, балки пайвандон ва
хешовандонро ноогоҳона ба ҷиноят кашид.
Шӯрои сиёсии ҳизби мамнуъшуда ҳокимияти феълиро ба нақзи созишномаи сулҳ ва
ризояти миллӣ гунаҳгор мекунад. Ҳол он ки аксари қонуншиканиҳо ва ноором
сохтанҳои вазъи ҷомеа, аз ҷумла воқеаҳои соли 2010 дар ноҳияи Рашт, 2012 дар
Бадахшон, 2015 дар Ваҳдат ва Душанбе аз ҷониби аъзо ва раёсати ҲНИ коргардонӣ
шудааст. Аз ин рӯ, дар поймол кардани принсипҳои созишномаи сулҳ низ иттиҳоми
асосӣ ба худи ҲНИ бармегардад ва равшантарин далели он Ҳалим Назарзода аст, ки
давоми 18 соли ахир ба мартабаҳои баландтарини ҳарбӣ расид ва дар охир низ бо
дастури раиси ҳамин ҳизб даст ба силоҳ бурд ва боиси куштору хунрезӣ гардид.
Аҳли ҷомеа ва мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба афсонаҳои ҲНИ-и манъшуда бовар
надорад ва барои онҳо аз ҳама муҳимтар суботи иҷтимоӣ мебошад.
Ҷоҳталабию мақомхоҳии раёсати ҲНИ буд, ки аз дини мубини ислом суиистифода
карда, бо бовару эътиқоди мардум пайваста бозӣ карданд ва аз худ чеҳраҳои
сиёсию мушкилосонкун сохтанд.
Мусаллам аст, ки ин навбат низ хоҷагонатон мисли ҳамеша шуморо бо пулу сармоя
таъмин намуда, мехоҳанд алайҳи миллату давлати тоҷик истифода намоянд.
Хиёнатҳои ба миллат содиркардаатон бас набуд магар, ки боз мехоҳед бо ақидаҳои
бебунёд мардумро ба гумроҳӣ баред ва барои расидан ба ҳадафҳои нопокатон онҳоро
қурбонӣ намоед?
Бо назардошти ин вазъ аз шаҳрвандони азизи кишвар хоҳиш менамоем, ки ба ҳарфҳои
бебунёди ин ниҳод, ки фаъолияташ дар кишвар мамнуъ эълон шудааст ва он хислати
ифротию террористӣ дорад, бовар накунанд ва худу пайвандонашонро аз макру
ҳияли онҳо эмин нигаҳ доранд.
Шарифхон Тиллоев