ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ШИКАСТИ НАВБАТИ ҲНИ
Илова кард: admin16-04-2021, 09:39---

Албатта, ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳаммаслакони ӯ нобуд гардиданд ва ин подоши амали худи онҳост, ки хостанд бо хунрезию зӯроварӣ ба ҳадафҳои нопокашон бирасанд. Вале бояд ин масъала аз тарафи сохторҳои марбута ба таври ҷиддӣ мавриди санҷишу таҳлил қарор гирад, то тамоми онҳое, ки ин амали нангинро тарҳрезӣ намудаву дар он ширкат доштанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Маълум аст, ки ҳоҷӣ Ҳалим аз мавқеи ишғолнамудааш суиистифода карда, амалҳои террористии зидди халқу миллатро омода ва содир кардааст. Гумони ғолиб ин аст, ки чунин ҷиноятро ӯ танҳо бо супориши роҳбарияти ҲНИ метавонист анҷом диҳад. Зеро соли 1997 маҳз роҳбарияти ҳамонвақтаи ин ҳизб ӯро аз Қазоқистон даъват карда, ба сафи неруҳои мусаллаҳи кишвар шомил намуд.
Ҳоҷӣ Ҳалим замони фаъолият дар ҳайати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон зоҳиран худро ҳамчун як низомии содиқ ба Ватан нишон медод. Вале дар асл ботини ӯ тағйир наёфта, ҳамеша ақидаи ҲНИ-ро оид ба барҳам додани сохти конститутсионӣ, низоми демократию дунявӣ ва расидан ба қудрат дастгирӣ мекардааст. Ӯ тамоми ин солҳо интизори фурсат буд, фурсате, ки аз ҷониби роҳбарияти ҲНИ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимият супориш гирад. Ҷойи шубҳа нест, ки субҳи 4 сентябр ҳоҷӣ Ҳалим маҳз чунин супоришро гирифта, даст ба хиёнату хунрезӣ задааст.
Солҳои охир фазои орому босуботи Тоҷикистон имкон дод, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар инкишоф ёбанд ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад. Мардуми тоҷик бо дарки амиқи дурустии сиёсати созандаю сулҳовари роҳбарияти олии кишвар дар атрофи он боз ҳам муттаҳидтар гардиданд. Аммо кори роҳбарону фаъолони ҲНИ, ки ҳамеша худро ҳамчун ҳомии дину мазҳаб муаррифӣ карда, мехостанд мардумро ба гумроҳӣ баранду ҳадафҳои ғаразнокашонро амалӣ созанд, чандон омад накард.
Ва имрӯз чун диданд, ки шикасташон ногузир аст ва бояд аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дур шаванд, ба ҷойи мардонавор иқрор гардидан ва даст кашидан аз идомаи фаъолияти ҳизб, даст ба зӯроварию силоҳ заданд. Онҳо, ки ҳанӯз соли 1992 дар доман задани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон даст доштанд, ин дафъа ҳам ба хотири манфиати худ аз хунрезию қатли одамон худдорӣ карда натавонистанд. Тарҳрезию иҷрои ин ҷиноятро ба зиммаи ҳоҷӣ Ҳалим вогузор намуданд. Онҳо гумон карданд, ки дар кишвар оташи ҷангро афрӯхта, боз мардумро ба гумроҳӣ мебаранд ва ба ҳадафи худ мерасанд.
Хушбахтона, мардуми Тоҷикис-тон ин нақшаи аҳримании ҲНИ ва ҷиноятҳои иҷрокунандаи он – ҳоҷӣ Ҳалимро фаҳмида, онро ҳамчун амали разилона ва хиёнат ба Ватану миллат қотеъона маҳкум намуданд.
Имрӯзҳо аҳолии Тоҷикистон ба хубӣ дарк кардааст, ки ин тоифа, ки вобастаи хадамоти махсус ва доираҳои мазҳабии баъзе давлатҳои хориҷӣ ҳастанд, ба хотири ҳимояи манфиатҳояшон қодиранд ба ҳар гуна амалҳои ҷинояткоронаю хоинона даст зананд.
Аз ин рӯ, зарур аст, неруҳои бегонапарасти иртиҷоӣ, ки мехоҳанд ҳадафҳои хоҷагони хориҷии худро амалӣ созанд, пурра аз байн бурда шуда, сохти конститутсионӣ, низоми демокративу дунявӣ, ҳаёти осоиштаю босаодат дар Тоҷикистон ҳифз карда шавад. Бо он ки алоқамандии роҳбарони ҲНИ дар ошӯби ҳоҷӣ Ҳалим пурра ошкор шудааст, ин амр водор месозад, ки мардуми шарафманди тоҷик ин хиёнаткоронро ҳеҷ гоҳ мавриди бахшиш қарор нахоҳад дод.

Шарифхон Тиллоев, рӯзноманигор

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.