ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Экстремизм ва терроризм
Илова кард: adminn31-10-2019, 15:51---

Экстремизм (ифродгароӣ) аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеи дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфта мебошад,ки бенизомӣ,тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат,ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он,барангехтани низои нажодӣ,миллӣ,иҷтимоӣ динӣ даъват мекунад.(Моддаи 3 Қонун «Дар бораи мубориза бо экстремизм»).

Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чап дар ҷомеа мебошад,ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо ба қатъиян рад мекунад.

Аз ҳамин сабаб ифротгароӣ бо назардошти таҳаввулоти умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ бояд ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва идеологияи ифротӣ дар ҷомеа ва давлат дониста шавад,яъне он дар сатҳи шахсият ҳамчун зуҳуроти ғоя,дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа ҳамчун идеология шинохта шавад.

Ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ,ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меоянд:1.Дар мавриде,ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад,ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. 2.Дар мавриде,ки барои ҳокимият мубориза бурда мешавад.Дар марҳалаи якум роҳҳои музокирот ва машварат ба даст овардани ризоияти тарафайн мумкин аст. Дар мавриди дуюм ифротгароӣ аллакай ба кирдор дар шакли муборизаи сиёсӣ дар намуди таъқибот ё ифротгароии сиёсӣ,ки усули ноилшавӣ ба мақсад зуроварӣ ва терроризм мебошад, мубаддал мегардад.

Дар навбати худ ифротгароии сиёсӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад:

1.Ифротгароие,ки таъқиботи сиёсиро дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ дар назар дорад:

2.Ифротгароии сиёсии идеологӣ,ки дар сатҳи ақидаи ифротгароии гурӯҳӣ қарор дорад.

Ифротгароии таъқиботи сиёсӣ ҳамчун намуди зуҳуроти сиёсӣ аз тарафи намояндагони ҳокимияти давлатӣ ба шикастани ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ,поймолкунии ҳуқук ва манфиатҳои ҷомеа ва халқҳои дигар,паҳн намудани идеологияи адовати нажодӣ ва миллӣ ба дастгирии нерӯҳои ифротӣ ва режимҳои диктаторӣ равона карда шудааст. Ин намуди ифротгароӣ дар давраи мавҷудияти ду низоми ҷаҳонӣ,дар давраи «ҷанги сард» ба таври фаъолона зуҳур меёфт. Он замон усулҳои ҳалли мушкилот таҷовуз,табаддулоти ҳарбӣ,исён,муҳосираи ҳарбию иқтисодӣ ва терроризм буданд.

Ифротгарои одатан ҳамчун ғоя,идеология ва сиёсат,ҳамчун зуҳурот ҳамон вақте ба ҷиноят табдил меёбад,ки усули ноилшавӣ ба мақсад роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ роҳи зӯрӣ ё усули террор интихоб карда мешавад.

Ҳамин тариқ,ифротгароӣ метавонад аз идеологияи гузарои аққалияти сиёсӣ ва сиёсати таъқиботкунии аксарияти сиёсӣ иборат бошад.

Террор аз калимаи лотини гирифта шуда,маънояш тарсу ҳарос,даҳшат мебошад.Терроризм сиёсати тарсонидан, ва даҳшатафкандан,пахш кардани рақибони сиёсӣ бо роҳи зӯрию даҳшатафканӣ мебошад.

Дар охири асри 21 падидаи бо номи «терроризм» қувват гирифт,ки ба воситаи пурқуватӣмубориза барои манфиатҳои сиёсӣ,идеологӣ ва геополитикӣ табдил ёфтааст.Террор ба забони муосир дар давраи инқилоби фаронса,бо кӯшиши жирондистон ва якобинчиён дохил шуд. Онҳо соли 1792 муттаҳид шуда,хостанд шоҳро маҷбур кунанд,то вазирони ҳукуматро бо роҳбарони гурӯҳҳои тундрави чап иваз кунанд.Маҳз ҳамин вақт ходимони инқилоб эълон карданд: «Бигузор террор масъалаи рӯз бошад».Ҳукумати якобинчиён системаи терроризми давлатиро ба роҳ монда буд.

Шаклҳои зуҳури терроризм хеле гуногун мебошанд. Бинобарин мутахассисон онро ҳар гуна тақсимбандӣ мекунанд: терроризми давлатӣ,терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат,терроризми байналмиллалӣ,ва дохилидавлатӣ. Аз рӯи хислати иҷтимоӣ бошад тарроризмро ба терроризми иҷтимоӣ,динӣ,этникӣ тақсим мекунанд [i]Бо вуҷуди ин як таърифи мукаммали терроризм не,балки дахҳо таъриф вуҷуд дорад. Нишонаи асосии терроризм ин амали зӯроварӣ ва даҳшатафканӣ ба хотири ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ мебошад. Терроризм дар Аврупо,Осиё,Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ,Африқо бештар паҳн гаштааст. Агар дар соли 1970 то соли 1980 дар тамоми дунё 1814 амали террористӣ анҷом ёфта бошад,аз соли 1980 то соли 1986 шумораи он ду баробар афзуд. Аз рӯи ҳисоботҳои Депортаменти давлати ИМА имрӯз дар ҷаҳон ҳарсола аз 320 то 620 амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад.

Террористон одамонро медузданд,дар ҷои таҷаммӯи мардум бомба метарконанд,ба куштори шахсиятҳои олирутбаи давлатӣ ва ҳизбӣ даст мезананд.

Аз дасти террористони сикх 31.10.1984 сарвазири Ҳиндустон-Индра Гандӣ, соли 1990-1993 созмони террористии «Созмони озодибахш»-и Тамил Илама дар Шри-Ланка Ранасингх Премадас (1993) ва дигаронро ба иҷро расонданд. 9.09.2001 вазири мудофиаи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд аз тарафи ду нафар террористи араб ба қатл расид. 11.09.2001 ҳавопаймоҳои мусофирбари «Боинг»,ки аз тарафи террористон гирифта шуда буданд,ба бинои дугоники Маркази савдои ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк дар бинои Вазорати мудофиаи Амрико (Пентагон) зада шуданд. Дар натиҷа қариб 3-ҳазор мардуми бегуноҳ кушта шуд. Роҳбари созмони террористии «Ал-қоида»Усома бини Лодан дар ташкили ин амалҳои террористӣ гунаҳкор дониста шудааст. Ӯ инчунин дар ташкили даҳҳо амалиёти террористӣ гунаҳкор дониста мешавад.

Департаменти давлатии ИМА рӯйхати «Созмонҳои хориҷии террористӣ»-ро тартиб додаст,ки дар он зиёда аз 30 созмон дохил шудаанд.

Баъд аз амалиётҳои террористии 11.09.2001 дар Ғарб дар бораи терроризми исломӣ сухани зиёд мегӯянд,вале ислом ба монанди дигар динҳои ҷаҳонӣ нисбат ба хушунату зӯроварӣ муносибати манфӣ дорад. Ислом наметавонад сарчашмаи терроризм бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора дар иҷлосияи 3-юми фавқулоддаи созмони конфронси Исломӣ дар шаҳри Макка чунин гуфтааст: «Террорист дар асли худ миллат,мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои нораво мо ҳамаи давлатҳои мусулмонӣ ба падидаҳои радикалӣ,экстремистӣ ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем,чунки ин гуна нирӯҳо аз номи ислом амал намуда,номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломро пиёда месозанд.

Кофе Аннан дар маърӯзаи худ 2.05.2006 чунин гуфта буд: «СММ бояд чунин фикри равшан ва ягонаро эълом дорад,ки терроризм қобили қабул нест.Ба террористон ҳеҷ гоҳ имкон бояд дода нашавад,ки онҳо барои содир намудани амали террористӣ баҳона пайдо кунанд. Барои кадом мақсаде,ки мубориза накунанд, барои кадом озурдахотирие,ки онҳо ҷавоб нагӯянд, терроризмро барҳақ шуморидан раво нест».

 

Файзулло Сурхаков-омӯзгори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодщои нощияи Муъминобод



 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.