ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ОМИЛЗОИ ПАЙДОИШИ ТЕРОРИЗМ В А ЭКСТРЕМИЗМ
Илова кард: adminn14-11-2019, 16:54---

Терроризм агарчи истилоҳи куҳан буда ва хислати таърихӣ дорад. вале гурўҳи созмонҳои террористӣ тайи даҳ солаҳои охир бо нуфузи бештар аз худ дарак дода, барои аҳолии осоиштаи сайёра яке аз мушкилоти глобалӣ ва доғи рўз ҳисобида мешаванд.

Вобаста ба вазъияте, ки ҳоло дар ҷаҳон ба амал омада истодааст, ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Дар ҷаҳони имрўза терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби зишт ва пурдаҳшату ҳатар афзобуда, барои ҷомеаи инсонӣ, сулҳу субот, оромию осоиштагии давлат, амнияти давлатӣ ва рушди устувори давлат хатари бевосита мерасонад. Терроризм ва экстремизм яке аз ҷиноятҳои бениҳоят вазнин буда, дар шакли содир намудани кирдорҳои барқасдона аз қабили таркиш, оташзадан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, несту нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани сокинони осоишта, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба ҷамъият ё намояндаи ҳокимият бо мақсади сусткардани амнияти давлатӣ, сохтори конститутсионӣ ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хатарнок дарҷ мегардад.

Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «terror») маншаъ гирифта, маъноаш «таре ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зуроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Мақсади гуруҳҳои террориста ва экстремиста қонеъ гардонидани манфиатҳои ғаразҳои нопоки худ ва кирдорҳои гуногуни даҳшатвор аст: ба монанди бо вахшоният ва бераҳмона ба қатл расонидани одамони бегуноҳ, аз кўдакон ва занону пиронсолон даст зада, бо ин кирдорҳои ғарази хеш гуруҳи зиёди шарвандон ва умуман ҷомъеаи ҷаҳониро ноорому нигарон месозанд.

Шояд дар байни одамон саволе ба миён ояд, ки маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст?

Экстремизм аз калимаи фаронсавии «extremisme» ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънояш ин ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тунд равона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист инсонест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори кирдорҳои якравию тундравӣ аст. Ин зуҳуроти номатлуб метавонад, дар тамоми сохаҳои фаъолияти шарвандон дар дин, сиёсат, идеология, илм ва хатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар Паёми Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид шуда аст, ки ҷомеаи имрўзаи геополитикии ҷаҳон изҳори гарони намуда, сокинон ва ҷавонони кишвар ва дар симои онҳо бошандагони сайёраро аз таҳдиду хатарҳои терроризму экстремиз ба амният ва оромии олам хушдор медиҳанд. Зеро ба таъбири машҳури Пешвои миллат «террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад».: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафрикаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Дар замони мо инсонҳо, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кушиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба андешаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гушаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усулбо паҳн карда нисабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд. Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хеле ба осонӣ зери аъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ мегардад. Ҷавонону наврасон набояд фирефтаи дасисаҳои гуруҳҳои ифротгаро шуда, ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд.

Тавасути сомонаи интернети ҷавонони содаю зудбоваро ба доми худ гирифтор кард ба онҳо ҳар ваъдаҳои бардуруғро медиҳанд. Аз сабаби саводи кофи надоштан ба ин хел гуруҳо шомил мешаванд. Онҳо фикр мекунанд, ки моро дар онҷо пули калон имконияти сарвадманд шудан интизор аст вале баръакс онҳо намедонанд, ки марги дахшатбор интизор аст. Наҳод ба як маблағи ноҷизе, ки ба шумо ваъда медиҳанд Ватани азизи хешро тарк намуда, ба он гуруҳҳо шомил шуда, обичашмони падару модари худро бари ру мекунед. Баръакс мо бояд хидмат ба падару модари хеш намуда, дуои неки онҳоро гирем ва дар ҷомеъа як шахси мувафақ бошем. Сарвари давлат зимни баромадҳои хеш гаштаю баргашта таъкид менамоянд, ки "Ҷавонон ояндаи миллату давлатанд” махе ба ҳамин хотир соли 2017- ро "Соли Ҷавонон” эълон намуд. Модоме, ки мо ҷавонон ояндаи миллату давлат бошем пас чаро ба ин роҳи ғализу нопок ҳамроҳ шавем. Модоме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи миллату давлатро ба мо вобаста кардаст мо бояд ҷавонони бонангу номуси ватани хеш бошем. Ин оромию осоиштагие, ки дар Тоҷикистони гулгуншукуфони мо ҳаст орзуи ҳар як шарванди давлатӣ ҷангзадааст.

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст ҳар рўз дар оинаи нилгун аз ҳолу аҳволи давлатҳои ҷангзада хабардор мекунад рўзҳо садҳо манзилҳо ба хок яксон ҳазорҳо ҳазорҳо одамон тифлони бегуноҳ ҳалок мешаванд. Хабарҳои Тоҷикистонро ба инҳо муқоиса намоем бо роҳбари ва мехнатҳои шабонарўзии, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дахо иншотҳои нав сохта ба истифода медиҳанд. Маҳз дар соли 2017 дар шаҳри Душанбе 125 иншотҳои нав ба маблағи /,2 миллиард сомонӣ сохта ба истифода доданд, ки зиёда аз 20 ҳазор нафар соҳиби ҷои кор гардиданд. Соли 2018 бошад ин рақам боз ҳам афзуд. Аз оғози бунёди неругоҳи барқи обии "Роғун” аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорй 24 миллиард сомонӣ, танҳо соли 2018 3,9 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст ва соли 2019 ба ин мақсад қариб 4 миллиард сомонӣ пешбини гардида, агрегати дуюми он ба кор дароварда мешавад.

Аз 23 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср-неругоҳи барқиобии "Рогун” чил фоизашон ҷавонони то си сола ташкил медоданд. Мо бояд шукрона кунем чунин ватани азизу маҳбуб ва сарвари оқилу ғамхор дорем ватани хешро аз таҳти дил дуст дорем ҳатто як дақиқа оромии Тоҷикистони хешро ба "кони тилло” иваз нанамоем. Хонем илм омузем ояндаи миллтату давлати хеш бошем Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳони муарифи намоем, пайравони ҳақиқии Пешвои миллат бошем.

Гулбаҳор Валиева,
омўзгори фаннои ҷомеашиносӣ МТМУ №1.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.