ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ғояҳои бегона
Илова кард: adminn6-01-2020, 16:29---

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар шинохти шахсиятҳои бузурги таърихи мардуми тоҷик, бозгӯи хидматҳои онҳо дар назди халқу Меҳан, нишон додани мақому манзалаташон дар таърихи тамаддуни олам қадами устувор мегузоранд. Дар радифи фарзандони баруманд ва номвари тоҷик чун намояндаи маъруфи илму дин, фарзанди фозилу донои тоҷик Имом Абуҳанифа дар рушду такомули ҳувияти миллии тоҷикон нақши босазое гузоштаас. Ба пешрафти тарақиёти замона мутобиқ ва ҳамоҳанг сохтани шуури аъзои ҷомеъа, истифодаи огоҳона ва дурусти арзишҳои милливу динӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум, аз олоишҳои ифротгароӣ, таассубиву хурафотӣ пок сохтани онҳо ва доғдор нагардонидани дини мубини ислом талаботи рӯз мебошад. Солҳои охир аз ҷониби доираҳои муайян ба хотири паст задани нуфузи дини ислом, амалӣ кардани мақсадҳои нопок ва тафриқаву низоъ ангохтан байни сокинони халқу миллатҳои гуногун ғояи бархӯрди тамаддунҳо ва динҳо тарҳезӣ шудааст ва доираҳи мазкур мунтазам истилоҳи "тероризми исломи”- ро талқин месозанд. Таъкид бояд кард, ки ба ислом нисбат додани терроризм ақидаи ғалат ва ғаразнок аст. Баръакс, дини мубини ислом дар таҳкими низоми ҷомеа, суботу амният, ғани гардонидани ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқии на танҳо мусулмонон, балки аҳли башар метавонад нақши судманду муассир гузорад. Ислом инчунин, дар такя ба арзишҳои аслии худ, қудрати инсонӣ, ҳуқуқи башар, адолати иҷтимоӣ, озодии фикр ва даъват ба сулҳ, дурӣ ҷустан аз хушунат ва таҳаммулгароӣ метавонад ба пешрафти илм ва рушди ҷомеа мусоидат намояд.

Бинобарин,зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ расида зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намояд.

 

Миров Абдурозиқ

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.