ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Наҳзат ва Терор
Илова кард: admin4-05-2021, 15:49---

Тӯли чанд сол буд, ки ҳизби ҳоло мамнуъи наҳзати исломӣ дар саҳнаи сиёсат ҷавлон мекард ва дар ниқоби «озодии баён» фикру андешаҳои ботили худро бар сари мардум тавассути рӯзномаву сайти интернетиаш бор мекард. Ҳоло он ки мардум дигар зирак шудаву ба суханҳои пӯчу мемағз гӯш намедиҳад.

29 сентябри соли 2015 аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон шуд. Ин ба он хотир буд, ки дар сиёсати ин ҳизб амалҳои ифротгароӣ зиёд ба чашм мерасид. Ифротгароӣ имрӯз ба мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст. Воқеаҳое, ки рӯзҳои охир дар Тоҷикиситон ба вуқӯъ пайвастанд, роҳбарияти Ҳукумати мамлакатро водор сохтанд, ки нисбат ба ин масъала бетафовут набошанд ва ваҳдати бо душворӣ ба даст омадаро ҳифз намоянд.

Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки бо ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдору корҳояшон нуфуз ва қадри исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд. Ҳоло дар Ироқ, Сурия, Либия, Яман ҳокимияти давлатии комил вуҷуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳо хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудан таҳдид мекунад.

 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.