ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Гуруҳои ифродӣ
Илова кард: admin14-05-2021, 14:17---

Дар Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оиди ҷавобгарӣ барои терроризм” аз 2 октябри соли 2003 қайд шудааст, ки "Терроризм танҳо бо роҳи ҳаракатҳое, ки бо ду шакл ифода меёбанд, содир мегардад, аввалан, таркиш, сўхтор ё дигар кирдорҳо – ташкил кардани садамаҳо ва фалокатҳо, аз роҳ баровардани объектҳои ҳаётан муҳим, истифодаи воситаҳои радиоактивӣ, заҳрнок ва сахттаъсир, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад; сониян дар таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда”.

Ба ақидаи мо, ҳангоми банбу басти терроризм бо истифодаи лавосимоти ҷангӣ воситаҳои таркиш ва тарканда, мавҷуд будани асос ва ҳолатҳои воқеии кор, иловатан банду баст бо моддаи 195, 196, 199 КҶ ҶТ талаб карда мешавад.

Оташ задан – ин қасдан ба вуҷуд овардани сӯхтор, яъне ҷараёни идоранашавандаи сӯзиш, пешбарикунандаи несту нобуд сохтани неъмадҳои моддӣ ва ба вуҷуд овардани хавф барои ҳаёти одамон мебошад.

Силоҳи оташфишон – ин "васила ва ашёе, ки амалан барои зарба задан ба ҳадафи зинда ва ё нишони дигар, додани ишораҳо таъин шудаанд”.

Зери дигар ҳаракатҳои гуногун фаҳмида мешавад, ки аз гуфтаҳои дарболо оварда шуда хавф ва оқибатро ба вуҷуд меоранд. Ба сифати онҳо метавонад фуруравии воситаҳо, ғарқшавӣ, фуромадани санг; заҳролудкунии сарчашмаи обҳо ва захираи озуқаворӣ; аз кор баровардани системаи обтаъминкунӣ, гармитаъминкунӣ ва барқтаъминкунӣ; муҳосираи роҳҳои нақлиёт; ба вуҷуд овардани садама, ғасб, вайронкардани биноҳо, вокзалҳо, бандарҳои фарҳангӣ ва динӣ; паҳн кардани микробҳои касалиовар, ки қобилияти ба вуҷуд овардани эпидемия ёэпизоотҳоро дорад, дигар заҳролудкунии химиявӣ ва бактериологии маҳал ва ғ.

Директоримуассисаи.

тахсилотимиёнаиумумии№19

Хоҷаев Валӣsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.