ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ТЕРРОРИЗМИ БЕ ЗАБОН.
Илова кард: admin17-05-2021, 15:34---

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, начод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якчоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кумак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари чиддие ру ба ру гаштааст, ки номи он «Терроризми байналмилали» мебошад.

Терроризм ва ифротгарои яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имруза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зуровари, расонидани зарари вазнин, тачовуз ба ҳаёти арбоби давлати ё чамъияти, бенизоми, тағйири сохти конститутсиони дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои милли, ичтимои ва дини мебошад.

Имруз терроризм дар минтақаҳои гуногуни чаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги ичтимои дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эчод менамояд. Айни замон марбут ба амалҳои террористи дар чаҳон муташаннич боқи мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористи на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гушаҳои гуногуни чаҳон фаъолшавии созмонҳои террористи ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Вобаста ба вазъияте, ки имруз дар чаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Точикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд ва дунявию ичтимои узви чомеаи чаҳони буда, дар чараёни таҳаввулоти босуръати чаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию ичтимои ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».

Имруз дар як қатор давлатҳо чангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни ичбори, бекори, гуруснаги ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари ичтимои гардидаанд. Терроризм ва ифротгарои беш аз ҳарвақта авч гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи чиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Ифротгарои дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ќайд кардан чоиз аст, ки ифротгарои асосҳои маънавии чомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми чаҳон, аз он чумла ба амнияти Чумҳурии Точикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгарои бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ чонибдори амалҳои якравию тундрави аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар таблиғи ақидаҳои ифроти ташкилотҳои махсуси хоричи дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни чавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гуруҳҳои террористии ба ном «Давлати исломи», «ҳизб-ут-таҳрир», «ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анчом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гуруҳҳои террористи, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризамини, ки паси он миллиардҳо меистанд.

Директори муассисаитањсилоти умумии асосии№43

Наимов Мирзокарим.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.