Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Рости дидани филми ҳуччатии "Хиёнат”, агар аз як тараф ҳамаи чароҳатҳои солҳои 1990-ро дар қалби занону модарон тоза намояд, аз тарафи дигар пеш аз ҳама занонро ҳушдор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошанду ба доми ин гуна хоинони ватанфуруш наафтанд ва нагузоранд, ки ба фазои сулҳу ором ва рушду шукуфоии Точикистони азизамон халал ё зараре ворид шавад, чунки хиёнат ба Ватан гуноҳест кабиру авфнопазир. Дар давраи соҳибистиқлолии Ватан ҳамаи мо медонем, ки таваччуҳи сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба зан-модар хело зиёд шуда чандин қарору фармонҳо оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар чомеа ба имзо расиданд.Бояд қайд намуд, ки занону модарони мо имрузҳо дар баробари мардон дар тамоми вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҳамаи соҳаҳои хочагии халқ кору фаъолият доранд. Дар тули таърих занони боиродаву дурандеш, хирадманду заки ва бо истеъдоду худафруз бо ҳидояту пайкори хеш тавонистаанд, зиндагии худ ва атрофиёнро мунаввар созанд. Дар воқеъ зан оинаи оила ва миллат аст. Қалби пурэҳсоси зан саршори меҳру сафо аст ва онҳо метавонанд ба ин васила дар пойдории ватани азиз саҳми бо сазое гузоранд. Фарзандони худро дар роҳи худшиносии милли, дуст доштани Ватан, эҳтирому гироми доштани муқаддасоти милли тарбия намоянд.Зани точик дар тули таърих исбот кардааст, ки у олиҳа ва нигоҳдорандаи забону миллат аст. Мо занону модарон бояд тамоми кушишу ғайратамонро ба он равона созем, ки фарзандони мо пеш аз ҳама ҳушёру зирак бошанду ба доми фиреби ин гуна хоинони ватанфуруш наафтанд ва нагузоранд, ки ба фазои сулҳу ороми ва рушду шукуфоии Ватани азизамон халале ворид шавад. Барои ҳимояи чунин Ватани ободу осуда бояд ҳар як узви оила ва хонадонамон ҳамеша ба чон омода бошем, чунки хиёнат дарси ибратбахши таърихие аст барои насли наврас ва ояндаи онҳо. Занону модарон ба фарзандони худ бояд фаҳмонанд, ки Истиқлолияти давлати ва эҳёи сулҳу дастовардҳои бузург ба осони ба даст наомадааст ва моро зарур мебояд, ки онҳоро азиз бидорему чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Аз лињоз мо омўзгорон њар солрўзи 1-уми
Сентябр њанчунрўзи дониш ва рўзи сулњдар муасисањои таълимидарс гузашта наслинаврасро огоњ мекун,ки ин сулњва оромие, ки имрўз дар Тољикистонњукум фармо астба осони бадаст наомадааст.
Аз хиёнатгарист бадномї.
В-аз бадїњаст, бесаранљоми.
Директори муассисаитањсилоти умумии асосии№26
Гадоева Нозигул.
silvenpsp.rusferurezki.ru