Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Барои мо мардуми тоҷик одоби ҳамсоядори бисёр муҳим аст зеро мардуми мо аз қадим ҳаққи ҳамсояро ба ҳаққи Худо баробар гуфтаанд ва то ҳол онро пос медоранд. Мо бо ин суханҳоямон дар бораи ҳамсоя кишвари худ Қирғизистон, ки вақтҳои охир бисёр бефикрона ва бадбинона нисбати мо амал карданашон сухан хоҳем гуфт. Чунки ин бадбиниҳо ва иғвоангезиҳои шаҳрвадон ва мақомдорони алоҳидаи кишвари ҳасоя ба он оварда расонид, ки ҳарду ҷониб зарарҳои ҷуброннопазир диданд.Аз чунин зарарҳо мо мардуми Муъминобод дар қатори дигар манотиқи кишвар дар амон намондем, чунки моҳам фарзанди ҷавону шуҷои ватанро, ки орзуҳои ҷавониашро надида буд аз даст додем. Чуноне, ки мо аз шабакаҳои муътамади иттилоотӣ ва интернети дидем шаҳрвандони ҳарду ҷониб аз хонаю дар, молу мулк, ки солҳои зиёд бо чандин азобу машақат ҷамъ оварда буданд дар як лаҳза аз даст доданд. Мо мардуми тоҷик, ки натиҷаи ҷангро дида будем ҳеҷ намехостем, ки кор ба чунин ҳолат расад вале ҳамзамон ҳимояи марзу буми ватам барои мо қарз ва номус аст. Албата ҳоли моҳам бисёр нохуб мешавад вақте, ки аз чашми як модари ҳамсояи мо ашки ғам ҷори шавад махсусан ҳамдину қариб ки ҳамтамаддун вале чи бояд кард, ки ин амалҳоро аввал фарзандони худи онҳо оғоз карда, ба хонаю дар, шаҳрвандон ва марзи мо бефикрона ва бадбинона амалҳои бисёр нодурустро анҷом доданд.Мо имрӯз умедворем, мардуми ин кишвари ҳамсоя аз ин фалокатҳо дарси ибрат гирифта, ниятҳои бадбинонаи худро нисбати ҳамсояи худ дигар мекунад ва бе иҷозат ба хонаи ва марзи ҳамсоя даромадан таҳқиру ҳақорат кардан валату кубишаҳрвандони ҳамсояро бас мекунанд.Мо бо ин кишвари ҳамсоя ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳар дафъа баро ягон масъалаҳои хурд, ки метавонад бо роҳҳои гуфту шунид ҳал шаванд чунин қатлу куштор ва дигар амалҳои бераҳмона анҷом ёбад. Мисоли аз ҳама таасуфовар ва ғамангез задухурди мусалаҳона дар маркази обтақсимкунии "Головной” аст, ки теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил дод. Шаҳрвандони мо дар инҷо танҳо хостанд камераҳои мушоҳидави насб кунанд аммо аз ҷониби шаҳрвандони ҳамсоя зери борони санг қарор гирифтанд, ки ҳамроҳашон сарбозони воҳиди махсус бо либосҳои шаҳрванди низ будааст.Агар ин мардум ҳақ мебуданд ба ҷои сангпартои ва тирпарони метавонистанд мақомоти худро огоҳ кунанд ва ин корро ба тариқи гуфтушунид ва осоишта ҳал мекарданд. Вале чи бояд кард, ки ҳукуматдорони ҳамсояи мо навтаъсис буда,халқ бо онҳо кор карданро ҳоло наомухтааст ё ба онҳо бовари надоранд. Дар ин ҷо гуфтан ба маврид аст, ки ин объект соли 1963 дар ҳудуди Тоҷикистон барои обёрии заминҳои Тоҷикистону Қирғизистон сохта шуда буд вале мардуми наздисарҳадии инҳамсоя кишвари мо, ки солҳои зиёд заминҳои моро ба тариқи иҷора гирифта истифода мебурданд ҳоло одат ба азхудкунии онҳо кардаву мегӯян ин объекте дар ҳудуди Қирғизистон қарор дошта ва мардуми Тоҷикистон аз он ҳаққи истифода ва назорат карданро надоранд. Ин суханҳо дар ҳоле гуфта мешаванд, ки ин объект дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ҷойгир аст. Ин гуфтаро чандин харитаҳои даврони гуногун исбот карда метавонанд аммо аз чи бошад, ки қисме аз ин мардум ва қисме аз мансабдорони баландмақоми онҳо инро фаҳмидан намехоҳанд.Ба ҳамма ин нигоҳ накарда мақомоти ду кишвар омодаанд, ки аз ин баъд кушиш кунанд ҳамаро тавассути гуфтушуни ҳал кунанд. Мисоли ин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Маскав мебошад, ки Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Қазоқбоев бо ҳам дидору мулоқот карданд. Онҳо аҳамияти эъҷоди эътимодро дар марз таъкид карданд, ки дар хабарнома оиди ин мулоқот чунин омадааст.«Мо ба мувофиқа расидем, ки таҷрибаи мунтазам гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, иштирок дар консертҳо ва фестивалҳои дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, инчунин ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф, варзиш, сайёҳӣ ва дастгирии ақаллиятҳои қавмӣ ба роҳ монем»
Моҳам умедворем, ки дустии мо бо ин ҳамсоякишвари худ боз барқарор шуда, рафту омад, доду гирифт дар фазои дустиву якдигарфаҳми барқарор мешавад,ва он озору азияте, ки нисбати шаҳрвандони мо ки аз қаламрави онҳо ҳангоми убур дучор мешаванд кам мешавад.
Директори МТМУ-и №35 Ғаюров Шералӣ
silvenpsp.rusferurezki.ru