« 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Терроризм ва пайдоиши он таърихи тўлонӣ дорад. Калима «терро» дар забони лотинӣ ба ду маъно даҳшат ва ваҳмандозандаи ҳолат маънидод шудааст. Терроризм ҷинояти сангину хавфнок маҳсуб ёфта, он пеш аз ҳама ба халалдор ва корношоям намудани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимият, саломатии шаҳрвандон, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ равона гардидааст.
Барои онҳо ҳеҷ чиз муқаддас нест, ҳатто ҳаёти одамони бегуноҳ. Ҳоло терроризм ва экстремизм, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон даҳшатноктарин амалҳои зидди фарҳангӣ ва зидди тамаддунро ба намоиш гузошта, баробари ишғоли шаҳрҳо чун қабилаҳои ваҳшӣ вориди музейҳо шуда, тамоми ёдгориҳои ҳунариву фарҳангии бостониро шикаст ва несту нобуд мекунанд, китобу муасаввараҳоро пора мекарданд. Амалҳои ваҳшиёнаи ифротгароӣ ба дини мубини Ислом ҳеҷ гуна робитае надорад. Баръакс онҳо мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва архишҳои таҳаммулгарову инсондўстонаи ислом баромад мекунанд.
Авалин бор таърихи ҳуқуқи байналмиллалии муосир ҳуҷҷати умум дар бораи мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1937 қабул гардида буд. Аммо муоҳида ва Лигаи миллатҳо дар бораи пешгирии терроризм ва ҷазо барои содир намудани он кор карда шуда буд, қувваи қонунӣ пайдо накард. Минбаъд созишномаҳоро доир ба мубориза бо терроризм ва экстремизм аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид таҳия ва қаьул гардид. Ҳоло дар доираи Созмони Милали Муттаҳид 16 созишномаи ҳуқуқи байналмилалӣ доир ба мубориза бо терроризм ва экстремизм қабул гардида, ҳамаи онҳо дар ҷодаи ҳуқуқи байналмилалӣ амал менамоянд.
Аз ҷумла:
-Муоҳидаи байналмилалӣ «Доир ба мубориза бо ғасби гаравгонон» аз соли 1979;
-Муоҳидаи байналмилалӣ «Дар бораи ҷиноятҳо ва дигар амалҳо дар дохили киштиҳои ҳавоӣ содир мешавад» (муоҳидаи Токио) аз соли 1963;
-Муоҳидаи байналмилалӣ «Дар бораи ғасби ғайриқонунии киштиҳои ҳавоӣ» аз соли 1970;
-Муоҳидаи байналмилалӣ «Дар бораи амалҳои ғайриқонунии нисбати авиатсияи гражданӣ равона гардидааст» (муоҳидаи Менреалӣ) аз соли 1971;
-Муоҳидаи байналмилалӣ «Доир ба мубориза бо терроризми истифодабарии мушакҳои тарканда» аз соли 1997;
Илова бар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда, доир ба ин мавзўъ суханронӣ карданд. Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки Созмони Милали Муттаҳид-ба сифати як ниҳоди бонуфуз ва фарогирии ҷаҳонӣ–бояд минбаъд низ вазифаи худро дар мавриди ҳамоҳангсозии талошҳои пайваста давлатҳои аъзо ҷиҳати муқовимати фаъол ба хатару таҳдидҳои муосир ва ба таври самарабахш иҷро намоянд.
Директори МТМУ №54 Каримов Сайфулло
silvenpsp.rusferurezki.ru