ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИСЛОМИ САЛАФИЗМ, ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
Илова кард: admin20-07-2021, 15:11---

Терроризм чун рӯйдоди хавфноку мушкил пешгӯи кунандаи замони муосир ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари фишору ҳамлаҳои пихологӣ, инчунин хисороти моддию маънавиро дар пай дошта, хушунат, нобаробарию бадбиниро миёни кишварҳо ба гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид менамояд. Он падидаи номатлубест,ки баъзан ба он либоси сиёсӣ пӯшида дар натиҷаи гурӯҳҳои ҷудогона ҳуқуқ ва қонуниятҳои давлатро зери шубҳа мегузоранд ва онҳо барои ба ҳадафҳои шуми худ расидан, аз террор истифода карданӣ мешаванд.

Дар чанд соли охир терроризм чун проблема дар ҷаҳони муосир доман паҳн намуда, он сол то сол муташаккилонаю бераҳмона гардида дар амалисозии ин падидаи нангин ҳатто аз техникаю технологияи муосри истифода мебаранд.

Дараҷаи хатаре,ки терроризм ба ҷомеъаи муосир дорад, далелҳои раднопазир бозгӯи он аст ва кишварҳои абарқудрат бар зидди терроризм қонунҳо қабул менамоянд ва ягон мулоқоти сарони кишварҳо бе муҳокимаи ин мушикилот намегузарад. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир истисно нест ва ҳар сокини кишвари мо терроризм ва экстремизмро бо ҳар шакле, ки зуҳур нанамояд, ҳамаҷониба маҳкум менамоянд.

Месазад,ки мо омӯзгорон дар соатҳои тарбиявӣ соатҳои алоҳидаро ба ин мавзӯи доғи рӯз ҷудо намуда, хонандангонро ба моҳияти терроризм ва хатари он ба ҷомеаро ошно созем. Муҳимтар аз ҳама, хонандагон донанд,ки аз рӯи ин амалҳои хатарнок ва номатлуб ҳамарӯза дар ҷаҳон садҳо нафар одамони ҷонҳои ширини худро аз даст медиҳанд. Шогирдони мо бюоз ҳам бидонанд,ки террористони ватан , дину оин ва мазҳаб надошта, ҳадафи онҳо танҳо даҳшатфиканӣ ва бо ин роҳ боа мақсади шуми худ расидан мебошад.Аксарияти террористон аз номи дини мубини исломи ин амалҳоро анҷом медиҳанд,ки ин ба исломи ноб ҳеҷ рабте надорад.Дини ислом терроризмро маҳкум месозад ва террористон динро чун сипар истифорда карданӣ мешванд.

Бояд хотирнишон кард,ки доир намудани соатҳои тарбиявӣ дар мактабҳо ҳанӯз нокифоя мебошад. Гузаронидани семинару конфронсҳо дар ин мавзӯъ бо доираи васеи хонандагон ва падару модарон хеле боаҳмият аст. Бигузор семинару конференсҳоро олимону коршиносони соҳа ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ доир намоянд. Мо дар таълимгоҳҳо барои гузаронидани чунин чорабиниҳои муҳим тамоми шароитҳоро дорем. Чуноне,ки мегӯянд «муште аз хирвор» мо як намунаи дарси соати тарбиявиро дар мавзӯи фавқ ба таваҷҷуҳи омӯзгорон пешниҳод менамоем, ки агар он мавриди истифода қарор гирад, боиси истиқболи гарм аст.

Мақсад:Муқаддас будани инсон ва ҳаёти вай, парваридани ҳисси миллӣ – ватандӯстӣ, инсонгароӣ, пурқувватсозии ҷаҳонбинӣ ва ташаккули зиракии сиёсии хонандагон.

Натиҷаҳои таълимӣ:Хонандагон дар бораи мафҳуми «террор» ва мақсадҳои ғаразноки террористон маълумот пайдо намоянд: дар бораи ҳадафи гурӯҳҳои тундрав фикру мулоҳизаронӣ карда тавонанд: дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом гурӯҳу аҳзоби сиёсӣ амалҳои террористиро анҷом медоданд.

Онҳо бок адом амалҳои нопоки худ ифшо шуда, фаъолияти онҳо аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон гар{

Хасани Рухулло

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.