ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон
Илова кард: admin18-09-2021, 06:25---
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Дар мулоқот маҷмуъи масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Покистон муҳтарам Имрон Хонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз сатҳи муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла эътимоди сиёсии миёни ду давлат дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни мулоқот ба масъалаи рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори Тоҷикистону Покистон робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, илму техника, фарҳанг, бахши гуманитарӣ ва фармасевтӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Барои густариши бештари онҳо идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, баргузории ҷаласаҳои Шӯрои муштараки соҳибкорон ва ҷалби сармояи доираҳои соҳибкории Покистон ба иқтисоди Тоҷикистон, зарур шумурда шуд.

Пешниҳод гардид, ки ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва нафту газ гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, масъалаҳои энергетика ва зерсохтор, таъсис дода шавад.

Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт, бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард то бандарҳои баҳрии Покистон-Карочӣ ва Гвадар, ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) байни ду кишвар, омили муҳим барои афзоиши гардиши мол байни ду кишвар маънидод гардид.

Ҷиҳати рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, пешниҳод гардид, ки дар қаламрави Тоҷикистон, корхонаҳои муштарак дар заминаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири покистонӣ оид ба коркарди нахи пахта, пашму пуст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ, таъсис дода шаванд.

Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ҳамкории шарикӣ доранд.

Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳамагуна тарҳҳо, ки барои эҳёи субот, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амният дар Афғонистон зарур аст, истиқбол мекунад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо вазъи ҳамкории ду кишварро дар чорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, мавриди муҳокима қарор доданд.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.