ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

...“Биёед акнун чашмҳоро кушода, гушҳоро хурмача карда, гӯш кунем”...
Илова кард: admin17-06-2022, 19:19---
...“Биёед акнун чашмҳоро кушода, гушҳоро хурмача карда, гӯш кунем”... Чанд муддати аз ин пеш дар ҳудуди шаҳри Хорӯғ ва ноҳияи Рӯшон аз ҷониби ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалиёти зиддитерористӣ доир гардид, ки дар натиҷа чанд нафар аз ҷинояткорон муқобилияти мусаллаҳона нишондода, безарар гардонида шуда ва боқимондаи онҳое, ки дар ин амалиёти террористӣ даст доштанд ба ҳабс гирифта шуданд. Акнун ба ҳамагон аниқтараш ба онҳое, ки аз дур истода “ҷоғ”-ҳои худро медаронанд ва мехоҳанд исбот кунанд, ки ин нафарони дастгиргардида гуё, ки “озодихоҳ” буданд ва аз онҳо ба қавле, ки дар шеър гуфта мешавад “Таъриф кунанд аз ту Муҳаммад созанд”-ро мемонад, гуфтанием, ки дар асл ин қабил ноҷавонмардони минтақаи Бадахшон, ҳамаи муқаддасоти худро гум ва зери по карда аниқтараш онро бе силоҳу аслиҳа, маводи мухаддир, сангҳои қимматбаҳо ва ҷони ҷавонон, ки гирифтори нашъамандӣ, майзадагӣ гаштанд, иваз карданд. Чаро инро ягон маротиба ҳамон Алим Шерзамонов , Холбашов Холбаш, Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамин қабил хоинон гап намезананд?!. Фақат як тарафро гунаҳгор карда, оид ба гуноҳҳои азими худ сухан намекунанд. Охир маълум гардид, ки кӣ ва аз куҷо ин ватанфурӯшонро идора мекардааст. Шояд саволе ба миён меояд, ки чаро ин амалро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар пештар ба анҷом нарасонид? Гуфтаниям, ки гузаштҳои мақомот пеш аз ҳама ба хотири он буд, ки онҳо яъне (гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ (ГМҶ) ба худ омада, роҳи дурусти зиндагиро интихоб кунанду ободкор бошанд. Дар ин масъала садҳо маротиба бо онҳо суҳбату вохӯриҳо доир карда, мақсаду мароми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуда, шароити барои кору фаъолият муҳайё карда шуд, вале инро ГМҶ дуруст қабул накарда, ба кирдорҳои ҷинояткоронаи худ таи чандин соли охир идома доданд, ки натиҷааш ба аҳли ҷомеаи Тоҷикистон маълум аст. Дар ин солҳо сафи нашъамандон, майзадагон ва нафароне, ки ба ҳабс гирифта шуданд рӯ ба афзоиш ниҳод (овардани статистика ба ин ҷо зарурият надорад.) Ин маълумотҳо дар ҳама ҷо мавҷуданд ҳоҷат ба такрори онҳо нест. Дигар масъала он, ки дар “тариқа”-и Оғохон ба пайравонаш таъкид мекунад, ки “Касе пайрави ман ҳаст дар ҳудуди кишваре, ки иқомат мекунад қонун ва ҷомеаи он кишварро риоя кунад.... ва бояд бидонад, ки силоҳу аслиҳаро дар хонааш нигоҳ надорад, акнун бубинед, ки ин “псевдопайравон” чӣ кор карданд. Ҳатто нафаре бо номи Раҷабов Зоир Карамхудоевич, ки раиси маҳалла буд хонаи худро бо пинҳонгоҳи силоҳу аслиҳа табдил додаасту ҷиноятҳои дигари махсусан вазнин содир намуда, нисбаташ аз тарафи Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо моддаҳои 179 (терроризм), 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ), 289 (қочоқи силоҳ), 182 (ғасби бино ва иншооти ҳокимияти давлатӣ), 328, қ. 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияти давлатӣ), 309 (тахрибкорӣ дар объектҳои ҳаётан муҳим), 189 қ. 3. (барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ), 345 қ. 2 (монеъ шудан бо татбиқи адолати судӣ) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда буданд. Дигар чӣ ҷойи исботи далели гурӯҳҳои террористӣ будани онҳо мондааст? Худи дастгиршудагон иқрор ҳастанд, ки онҳоро маҳз ҳамин саркардаҳо гумроҳ кардаанд ва бо пули ночиз ва истеъмоли маводи мухаддир ба ин роҳ рафтаанд. Дигар ҳолат, ки ҳангоми муқобилияти мусаллаҳона нишон додани ГМҶ наздикон ва пайвандони онҳо даъват шуда, ба онҳо фаҳмонида дода шуд, ки ба фарзандони худ фаҳмонанд, ки силоҳ ба замин гузошта худро супоранд ва дар назди қонун барои кирдорҳои кардаи худ ҷавоб гўянд, вале ҳайҳот ки онҳо (ГМҶ) ҳатто падару модари худро гуш накарданд ва оқибат чанд нафарашон ҷони худро аз даст доданд. Як мисоли оддӣ ҳаст, ки вақте ҷавон аз беандешагии худ ба ГМҶ мепайванданд ва роҳро дар ноҳияи Рӯшон мебанданд, модар дар пеши пои писараш афтида, зораву тавалло мекунад, ки ба ҷинояткорон ҳамроҳ нашавад, вале ӯ нохалаф ҳаммаи муқаддасоти модарро пушти по намуда, ба ҷинояткорон ҳамроҳ шуда, ҷонашро аз даст медиҳад. Модар инро дар ҳузури дигарон борҳо гуфт, ки ин ҳақиқати ҳол аст. Дар урфият мегӯянд, ки “шахси ғолибро муҳокима намекунанд.” Ин ба он маъност, ки солҳои қабли чандин нафарони манфиатҷӯ дар шаҳри Хорӯғ пайдо шуда буданд ва мехостанд минтақаро ноором созанд вале дастгир шуданд. Манфиатхоҳи геополитикии минтақа чунон тезу тунданд, ки моро водор месозанд, ки акнун ..."чашмҳои худро кушода, гушҳоро хурмача карда, гӯш кунем.” PS: Банда як паҳлӯи ин масъаларо мавриди таваҷҷӯҳи хонандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардонид. Қазовати ин масъала таҳлили ҳамаҷонибаро тақозо мекунад ва бояд гуфт, ки имрӯз қудрати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии масъалаҳои амниятии минтақа пурра мерасад ва дар ин ҷода, мавқеи сиёсии Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа роли ҳалкунандаро мебозад. (дар акс шаҳри Хоруғ)silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.