ТАВАҶҶУҲ! "БОРОНУ БАРФ МЕБОРАД
ТАВАҶҶУҲ! "БОРОНУ БАРФ МЕБОРАД!"
Шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора тағйир ёфта, шамоли сахт мевазад ва бориши борону барф дар назар аст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар додааст.
Рӯзхои 7-8 декабри соли 2024 хаво дар саросари чумхури поён рафта, боридани барфу борон дар назар аст.
Манбаь аз боридани барфи зиёд дар навохии кухи, туман ва яхбанди низ хабар медихад.
Ба хотири аз хатару офатҳои табиӣ эмин нигоҳ доштани хона ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел, бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар нохияи Муминобод аз сокинон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҷӯй ва заҳбуру каналҳои назди макони зисти худро саривақт аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар ин рӯзҳо аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум бояд худдорӣ намуд.
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз ба роҳ баромадан воситаи нақлиёти худро ба сафар омода намуда, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд.
Дар сурати рӯй додани ҳолатҳои фавқулода ё ҳодисаи нохуш фавран ба қисми навбатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Муминобод ва Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании нохияи Муминобод бо рақамҳои (83318) 22233/ 21364 ва 93-880- 29- 09 хабар диҳед ё аз замимаи мобилии «SOS» истифода баред.
Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании нохияи Муминобод
silvenpsp.rusferurezki.ru