ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Бул-булаки Салимпул зиёд нахонд
Илова кард: adminn10-04-2020, 14:03---

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аризаи мазкур бо мақсади таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани фаъолияти террористию экстремистӣ пешниҳод карда шудааст.

Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо ҳалномаи Суди Олӣ аз 18 феврали соли 2020 қонеъ карда шудааст.

Дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ҳалномаи Суди Олӣ 19 марти соли 2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст.

Мирзои Салимпур ё ин ки Салимпул сомонаи хусусие кушода аст бо номи "Ахбор ком” , ки бо суханҳои бемантиқу иғвоангезаш ва хабарҳои дурӯғ дар байни мардум фитна андохта, ба зеҳни мардум зарба мезанад. Салимпул зодаи ноҳияи Ҳисор буда, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар нашрияҳои "Ҷавонони Тоҷикистон”, "Адолат” ва "Чароғи Рӯз”, радиои "Озодӣ” фаъолият кардааст. Айни замон ӯ дар шаҳри Прага кору фаъолият дорад. Ҳоло Салимпули ватанфурӯши зархарид аз дур истода, хабарҳои бардурӯғашро ба воситаи Ахбор комаш паҳн намуда, барои осоиштагӣ ва сулҳу суботи Ватани худаш мамониятҳо эҷод карда истодааст.
Ин сомона мақолаҳои дуруғро домо дар сомонаи худ ҷойгир мекунад ва фақат чиҳодисаҳое, ки дар Тоҷикистон мешавад ба шакли бардуруғ ба хонандагони худ пешниҳод мекунад аммо ҳодисае, ки нав дар сарзамини Эрон ба вуқуъ омад чандин нафар кушта шудаву чандин нафар ба гаравгон гирифтан одамони бегуноҳро паси панҷара кашидан ин қадар бетартибиҳое, ки аз ҷониби мақомоти қудрати онҳо рух дод мардуми бечораи Эронзамнро ба ваҷд овард.
Лекин журналистони ссомонаи «Ахбор ком» мегед, ки дар хобби нох рафта бошанд, кия гон мақолаву изҳорот намекунанд, агар дар Тоҷикистон ягон воқеаи кучач рух диҳад аз паша фил мезозанд аммо ин сомона сомонаи харидашудаи мақомоти Эрон аст, ки то ҳол ягон мақола дар сомона ба нашр нарасонидааст .
Ин сомонаи "Ахбор ком” штати корӣ надорад. Матлабҳову хабарҳоро аз дигар васоити ахбори омма дастрас намуда, сипас дар сомонаи иғвоангези худ " Ахбор ком” илова ва дигаргунӣ ворид намуда, бознашр менамояд. Мирзои Салимпул бо хабар ва гузоришҳои фитнаангез ҳамеша алайҳи ватани худ садо баланд намуда, давлат ва миллати худро таҳқир мекунад ва барои ин кораш аз ҷониби хоҷагони хориҷияш дастгирӣ меёбад. Ӯ метавонист омада, дар ватани худ фаъолияти рӯзноманигорияшро давом диҳад, аммо чуноне гуфтем барои пулу мансаб шуда, ҳатто номуси худро фурӯхт. Салимпул худаш ҳам қонун ва ҳам тамоми меъёрҳои ахлоқии миллии моро зери пой карда, ба шӯрандозӣ, душмансозӣ, туҳматбофӣ ва дурӯғпароканӣ машғул аст!
Ҳамин тавр Салимпул бо сомонаи худ "Ахбор ком” гуё шуҳрати худро ҷаҳонӣ намуда, худро ба ҷаҳониён мешиносонад. Ва ҳамин тавр ҳам ҳаст, дигар тамоми ҷаҳон ӯро мешиносанд медонанд, ки ӯ як хиёнаткор ва ватанфурӯш аст. Аз Ватани худ фирор намуда дар мулки бегона, барои бегонагон кор мекунад.


Тоҷиддини В, омӯзгори МТМУ №27-и н.Фархор

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.