ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ҷавонон нерӯи созандаи кишвари соҳибистиқлол
Илова кард: adminn23-04-2020, 16:05---

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолиат бо созандагиҳо, ободониҳо ва тарафдори сулҳу ваҳдат дар байни тамоми миллатҳо буданаш дар арсаи ҷаҳонӣ боисишӯҳрат гардидааст. Ин шӯҳратмандӣ бо ташаббусу кордонии Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Яке аз ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ дар арсаибайналмилалӣ ин аст, ки дар мамлакати соҳибистиқлоламон ба ҷавонони болаёқат таваҷҷуҳи хоса дошта, барои ободонӣ ва пешравии илму маърифат ва бунёдкориҳо аз нерӯи ҷавонон ба нафъи давлат истифода мебарад. Дар яке аз баромадҳояшонгуфта буданд « Ҷавонон ин ояндаи кишвари навбунёд соҳибистиқлоли моянд»

Яке аз ин ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик Рустами Эмомалӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дурандешии худ такя намуда Рустами Эмомалиро бо пешниҳоди мардуми шаҳр раиси шаҳри Душанбе таъйин намуданд.

Рустами Эмомалӣ дар муддати кӯтоҳ шаҳри Душанберо бо кордонию эҷодкории худ яке аз шаҳрҳои зеботарини курраи замин табдил дод. Мо, ки аз ноҳияҳои дурдасти кишварамон ба шаҳри Душанбе дохил мешавем, диққати моро кӯчаҳои васеи тарафҳояш гулпӯш, биноҳои баландошёнаи ҳозиразамон, хиёбонҳо ва боѓҳои навбунёд ҷалб мекунад. Ҳеҷ боварамон намеояд,ки ин ободониҳо бо ташаббуси ин ҷавони ободкор ба амал омадааст. Боварӣ дорем, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оянда ҳамбо ин нерӯи ҷавонии худ шаҳри Душанберо яке аз шаҳрҳои беҳтарини дунявӣтабдил дода мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021 соли рушдисайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» диқкати сайёҳонӣ дигар кишварҳоро ҷалб менамояд, ки боиси даромади моляивии ҷумҳуриамон мегардад.

Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор-донию бунёдкорӣ ва созандагии ин ҷавони шарафмандро ба на-зар гирифта, ба вазифаи Раиси Маҷлиси Олии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

Директори МТМУ № 12 Г. Самадова

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.