« 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Дар рӯзгори мо фаъолияти ҳар як узви ҷомеа баҳри осоиштагии ҳамагонӣ, таъмини ҳаёти шоиставу саодатмандона аҳмияти бештар ва рӯзафзун пайдо мекунад.
Аз ин рӯдар таълиму тарбияи насли наврас ба ин масъала бояд таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Баъзе ҳодисаҳои нангину фоҷеабор, ки мутаасифона дар кишварамон солҳои охир бо айбу хиёнати гурӯҳҳои ифротгаро, хоинони ватан ба вуқуъ пайвастанд, бозгӯи онанад, ки ҳануз махсусан дар самти тарбия дар таълимгоҳҳои мо нокомилиҳо ва холигиҳо мавҷуданд ва бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд. Агар дар оила тарбия аз батни модар оғоз ёбад дар мактаб аз синфи аввал шуруъ мешавад. Мактаб ва омӯзгор масъулияти тарбияи фарогиру ҳадафмандона ва самаровари насли наврасро ба дӯш дорад. Маълум аст, ки хоннандагони хӯрдсол табиатан ба ҳикояву афсонаҳо, ҳодисаҳои шавқовар ва ба шеъру сурудҳои дилангез таваҷҷуҳи хосса ва рағбати зиёд доранд. Бо назардошти ин омӯзгор метавонад бо истифода аз афсонаҳо дар лаҳзаҳои дарсҳо ва дар машғулятҳои алоҳида дар самти тарбияи шоистаи хонандагон ба комёбиҳо ноил гардад.
Ба василаи пораҳои шеърӣниз метавон дар тарбияи ҳаматарафаи насли наврас ба комёбиҳо расид. Дар шоҳбайтҳои адабиёти класиконамон бисёр хислатҳои баду номатлубу зиёновар чун хиёнат ба ватан, разолат ба ҷаҳолат дилозорӣ, дуруғгӯӣ, аҳдшиканӣ, буздилӣ, ғайбат ва сустиродагиву гаправӣмаҳкум карда мешаванд. Ин гӯна шеърҳоро аз ёд кардану маънияшонро сарфаҳм рафтан ва дар зиндагӣ ба инобат гирифтани наврасон хеле муҳим ва судманд мебошад. Муҳим он аст, ки шогирдон ба фарқи баду нек, садоқату хиёнат сарфаҳм мераванд ва ба аъмоли нек бартарӣ медиҳанду роҳи ростро пеш мегиранд.
Директори муассисаи
таълимии № 4 - и ноҳияи Муъминобод: Холов Хуршед
silvenpsp.rusferurezki.ru