ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Пешвои миллат - наҷотбахши миллат.
Илова кард: adminn27-05-2020, 13:58---

Имрӯзҳо бо сарварии Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сар то сари Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар муқобили бемории сирояткунандаи коронавирус бошиддат идома ёфта истодааст.

Маҳз бо ғамхорию дастгириҳои Сарвари давлат 29-миллион сомонӣ барои беморони сироятёфта ҷудо карда шудааст. Барои беморони шаҳру ноҳияҳо бошад, 5-миллион сомонӣ маблағгузорӣшудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ЭмомалӣРаҳмон ҳануз дар моҳи апрели соли ҷорӣСитоди ҷумҳуриявиро таъсис дода ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоииҷумҳурӣ, баҳри пешгирии ин вируси сироятӣ супоришҳои мушаххасро пешниҳод намуда буд. Ғайр аз ин ташкил намудани курсҳои кутоҳмуддат, паҳн намудани варақаҳои тавсиявӣ, кумак расонидан ба бемороне, ки дар хонаҳояшон ҳастанд.

Пешвои миллат дар ҳамаи баромадҳояш қайд мекунад, ки мо набояд ба тарсу ҳарос ва таҳлука роҳ диҳем. Ҳолати руҳу равони худро нигоҳ дорем. Қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоем. Халқро сари вақт бо маводи доруворӣва маҳлулҳои безараргардонӣ пурра таъмин намоем. Истифодаи гиёҳҳои шифобахши ватаниро хуб ба роҳ монем.

Ба соҳаи маориф супориш дода шуд, ки барномаи давлатии вирусологияро таъсис диҳад, яъне дар асоси илмҳои дақиқ.

Хушбахтона, имрӯзҶаноби ОлӣЭмомалӣРаҳмон саъю талош бар он дорад, ки ҳарчӣ зудтар халқи шарифи худро аз чанголи ин беморӣ ба зудӣраҳо кунад. Аз ҳамин сабаб диққати асосии худро ба соҳаи тандурустӣ, яъне табибон равона кардааст. Дар ҳаққи онҳо кумакҳои моддӣва маънавӣ карда истодааст. Сармутахассисҳои баландпояро ба кор ҷалб карда истодааст.

Табибонро бо либосҳои безараргардонию санитарӣтаъмин сохта истодааст. Истифодаи доруҳои пастсифатро манъ намудааст. Аксарияти биноҳои донишкадаҳоро ба беморхонаҳои муваққатӣ табдил додаст.

Бо дастгирию заҳматҳои хирадмандонааш ин беморхонаҳоро бо маводи доруворӣ, кати хоб, дастгоҳҳои нафасгирӣ, лавозимоти тиббӣ ва маводҳои озуқаворӣсари вақт таъмин менамоянд. Ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣниз корвони мошинҳои пур аз маводҳои доруворӣ ворид мешаванд, ки ин ҳама аз баракату нусрати ин марди наҷиб мебошад.

Сиёсати одилонаю хирадмандонаи Сарвари давлат аст, ки ҳар рӯз ёрию маводҳои башардӯстона аз хориҷи кишвар вориди Тоҷикистон мешаванд.

Боиси фараҳмандист, ки Пешвои миллат халқи тоҷики худро аз кишварҳои хориҷӣ ба ванат баргардонида истодааст ва онҳоро дар беморхонаҳои махсус табобат карда истодаанд. Баҳри солимии ҷомеа сандуқҳои хайриявӣ ташкил карда шудааст, ки ҳамаи он маблағҳои ҷамъшуда баҳри солимииҷомеа сарфа карда мешаванд.

Ҳамаи ин нишондодҳо далели он мебошанд, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣбо халқ буд ва бо халқ мемонад. Ёд орем, лаҳзаҳои ҷанги шаҳрвандиро, ки халқи тоҷикро аз вартаи нобудшавӣ эмин дошт. Имрӯз низ бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин марди оқилу хирадманд ҷомеаи моро аз чанголи ин душмани хурдакаки башарият раҳо мебахшад. Бигузор номи Пешвои миллат чун симои наҷотбахши миллат дар сафҳаи таърихи тоҷик бо рангҳои заррин дарҷёбад.

 

Латифов Ҳамза директории мт № 1

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.