ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ХИЁНАТ
Илова кард: adminn22-06-2020, 14:37---

Пеш аз иброзхи андешаҳои худ мехоҳам бори дигар миннатдории самимии худро ба аҳли эҷодии кормандони «Телевизион»-и Тоҷикистони азизам барои ҷамъоварии далелҳои то имрӯз барои мардуму миллати тоҷик ноаён миннатдории самими худро мерасонам. Ба ин филме, ки ба ӯ номи «ХИЁНАТ» гузошта шудаасту шабе чанд аз шабакаҳои телевизионӣ пахш мегардад, номи олимона гузошта шуда, барои кушодани чашми тамоми қишри ҷомеъа хоса ҷавонон дарси ибратест басо бузургу пандбор.

Оре! Таърихи азалии мардуми бофазилату некноми тоҷик гувоҳи он аст, ки фақат хоҳиш ва эҳсосоти қудратталабӣ ва ғурури нодонӣ гуруҳҳои ифротиро дар ниқоби ИСЛОМ ба суи хунрези ва ҷаҳолат раҳнамун сохт. Маҳз даргириҳову кашмакашиҳо бо идора ва сарпарастии наҳзатиҳо оғоз гардида, ҷони зиёда аз яксаду панҷоз ҳазор мардуми Тоҷикистон аз байн рафт, ки бештари он ҷавонони ғаюру далери Ватан буданд. Аз ақидаҳои таърихшиноси саёра мардуми тоҷик аз ибтидоӣ шинохти худ мардуми дар қавлу ирода устувор ва бомазҳабу боадолат мебошанд. Дар масири муборизаҳои наҳзатӣ бо истифода аз қувваҳои ёридиҳандаи беруна ин ашхос барои амалӣ кардани мақсадҳои худ ҷавононро, ки ба номи ислом бисёр маҳбубият доштанд, ба сифати муҳофизаткор ва устуворкунандаи диннӣ бе ибо истифода мебурданд. Чун таҷрибаҳои онҳо нишон дод, ки ҷавонони камсаводу гумроҳ тез ба доми онҳо меафтанд, оҳиста –оҳиста гурӯҳҳои муташакилро, ки алакай аз ибтидои соли 1973 бо номи Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон ба тариқи пинҳони кор мебурданд, таъсис додан гирифтанд. Аз холигиҳои майнаи ҷавонон то он дараҷае истифода бурданро омӯхтанд, ки ҳатто ҷавонон ошкоро бо падару модар ва ақрабони худ барои нодуруст шинохти ислом муноқиша барпо мекарданд. Корро наҳзатиҳо то ҷое расониданд, ки дар тамоми микёсҳои давлати азизамон гузоштани намоз ба ҳар тарзӯ усул, шоҳаҳои ибодат, ҷудоандозӣ дар байни мазҳабҳо ва ҳатто баҳсҳо барои барҳаққии паёмбарон сар шуд. Чун талоши мардум ба он нигарон гардид, ки фарзамдаро барои олим кардан ва ё мавлавӣ кардан ба назди ким кадом домулло мебарам, писари анна он мард қории Қуръон шуда истодааст ва ҳоказо чунин равандҳо ба қишрҳои ҷомеъа реша медавонданд. Кор ба он дараҷае мерасид, ки он фарзанде, ки бояд қорӣ ё донишманд мешуд баъди чанд муддат назди падар ва модар омада, онҳоро сарзаниш мекард, ки Шумо маро то назди домулло рафтанам ба таълими бегона равона кардед. Таълими Қуръон ва дастури Худо тамоман дигар будаст. Заифи ванигаронии бештар дар он буд, ки фарзанди аз панҷ то тахминан 12 сола ба рӯи волидайни худ мегуфт, ки манзалати он домуллое, ки чашмаро дар роҳи ислом боз кардаст ва маро бо Худо шинос намудааст аз Шумо афзалтару болотар аст. Барои ман ба ҷуз кори Худо ва шариати ислом дигар ҳама ҳаром аст. Имрӯз тайёрам дар роҳи Худо худро қурбон созам. Замини Худо, оби Худо дар кадом гушаву каноре, ки зидди исломро дарафтам ӯро пора месозам. Чунин ташкилотҳои ифротӣ- экстремистӣ дар гушаву канори мамлакат дастаҳои муаяни худро ҷамъ мекарданд. Пас савол ба миён меомад. Чаро мардум дидаю дониста ба ҳама ин рафторҳои наҳзатиҳо лаб намекушоданд?. Агар гурӯҳҳои ифротӣ дар он давра чунин ҳолатро мушоҳида мекарданд, дар фурсати ниҳоят кутоҳтарин ӯро пайрави мазҳаби мухолифи Ислом эълон намуда, эътиборашро дар байни мардум коҳиш медоданд. Бо нақшаҳои кашидаи хориҷӣ ва стратегияи зиддимиллӣ зуҳурот ба майдондорӣ ва сар задании ҷанги шаҳрвандӣ пайваст. Акнун як нақшаи наҳзатиҳо амалӣ гардид. Бо истифода аз гурӯҳҳои таёркардаи худ ҷоҳилон аз ҳар гушаву канор сар бароварда, дастаҳо ба ҳам омезиш карда нақшаи ҷанги шаҳрвандиро тарҳрезӣ намуданд. Як гурӯҳи мардум Кӯлобиҳо хестанд, гурӯҳи дигар Кӯлобиҳо зидди ислом бар хестанд, гурӯҳи сеюм барои оштии ин ду гуруҳ, майдондорӣ мекарданд. Аммо касе огоҳ набуд, ки дар майдони исломиҳо алакай тиру камон барои куштору хунрезӣ ким кайҳо захира гардида, интизори садои хоҷагони наҳзатиҳо ҳастанд. Тамоми қишри ҷомеъа дар ҳайрат омада буд. Яке Худо мегуфту дигар ……. Мардум мисли гумроҳ ба онхо нигоҳ мекард. Ҳатто дар байни мардум чунин овозаҳо доман паҳн карда буд, ки агар зиддӣ Худо гап зани , саҳар аз хоб бедор шави даҳонат тоб хурдаст ва дигару дигарҳо. Аз байн бурдани ҷавонон, шахсони бофарҳангу босавод ва қатлу ғорат сар шуд. Акнун гурӯҳҳои ҷаҳолатпарасти наҳзати ҷомеъаи тоҷикро ба бозии худ кашида, барои сохтани давлати исломи лоиҳаи Ҳукумати навро тарҳрезӣ мекарданд. Барои созмонҳо ва гурӯҳҳои наҳзатӣ мавқеъ барои пайдорсар шудан гирифт. Аз тарафи дигар аз ҳисоби давлатҳои ба ин гурӯҳҳо ҷилвагарона тавсия ва нақшаҳои нав тез-тез мерасид. Рафта рафта ҳоли мардум хароб, хонадони мардум пурмотам, шиками мардум гурусна ва руҳияи мардум пажмурда ва сабри мардум густурда гаштан гирифт. Бисёри далелҳо аз баҳр қатрае дар филми «ХИЁНАТ» тасвир гардидаанд.

Акнун наҳзатиҳо ниқобро аз рӯи худ бардошта, ба фош кардани сиррҳои ниҳонии худ назди мардум вонамуд гардиданд. Чун мардум аз ин ҳол оҳиста- оҳиста пай бурдан гирифт латаи онҳо дар об зад. Нуфузу манзалат ва эътибори наҳзатиҳо байни мардум паст шудан гирифта бошам, ҳам онҳо ҳеҷ гоҳ хоҳиши таслим ва сархамшуданро надоштанд.

Рӯи кор як шахси тасодуфӣ не, балки фиристодаи Худо Эмомалӣ Раҳмон омад. Агар аз нуқтаи назари ғоявии диннӣ таҳлил намоем: ЭМОМ- Пешрав, Пешнамоз, Пешкор, Пешво – он шахсе, ки дар байни қавм аз ҳама бофазлу донотар аст. Раҳмон калимаест баъди бисмиллоҳ калимаи дуюми диниву дунявӣ ва тибқи тарҷумаи арабӣ яке аз номҳои бузурги П. аст.

Чун корро ин марди шариф аз бахшишу сулҳ оғоз намуд, ба дили мардум ҷилло ва хонадони онхо рушноӣ лабрез мегардид. Наҳзатиҳо дигар илоҷ наёфта, мардум сарсону овора карда, аз марзу буми кишвар мебароварданд. Чи дасисаву буҳтонҳоро ба сари миллат бор мекарданд. Аммо кор самти дигар гирифта буд. Мардуми тоҷик ҳамаи найрангҳо ва хиёнатгарии онҳоро ба чашми сар дида буд.

Пешвои муаззами миллат, ки марди сиёсатмадори бофарҳангу миллатдуст буд, зарурияти ба забони тоҷикӣ ба табъ расонидани китоби муқадаси Қуръонро низ ба он хотир дар миён гузошт, ки то мардум бидонад, ки Қуръон чи мефармояд. Дар Қуръони Карим гуфта шудааст « Ва хештанро бо дасти худ ба ҳалокат маафканед», Сураи Бақара, ояти195.

Вале он худобехабарони мансабпарасту бераъият то ҳол низ аз ҳар канори мамлакатҳои хориҷа мисли сагони бедандоне, ки аз хонаи ҳамсоя ба тарафи хонаи худ меҷаканд хап кардани нестанд.

Аз ободкориву пешрафти лавлат аз сулҳу бародари, аз роҳу гулгулшукофоии Тоҷикстони азизамон рашки онхо боз ғафстар мешавад.

Вале мо ҷавонони матиниродаи сохти кониститут-сионӣ ва дурбину дурандеш дар назди виҷдон, калб, неру ва футувати худ ваъда медиҳем, ки то охирин патакрешаҳои ин бадхоҳонро канда, дигар асло намегузорем, ки осмони софу беолоиши моро тираву тор созанд. Мо мардуми бофарҳанги тоҷик дигар асло фирефтаи ҳеҷ руҳонии дасисабоз нахоҳем шуд.

Ин аст шиори ҷавонони Муъминободӣ.

Ватанро падарам бароямон обод супорид, ман ободтару озодатар ба фарзандонамон мерос мегузорем.

 

Карим Эмом.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.