Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Марди солхурда, раиси маҳалла ва нафари шинохтаи деҳа, ки дар назди мардум обруву эҳтироми хоса дорад, дар вақти хурдани хуроки шомгоҳӣ бо ахли оилааш суханро дар бораи бачаи Айниддин гуфтани ҳамдеҳааш сар мекунад.
Медонед, чи дирӯз дар ҷанозаи бобои Қурбон ҳангоми дафни маит домалло барои қироат кардан суханро ба бачаи ҳамин Айниддини ҳамсоя дод. Бовар кунед чунин ҳазрати Таборакро хонд, ки даҳони ҳама кушода монд. Э қандаша занад, Айниддин барои бачаи калонкардааш. Мардум ҳама дар ҳайрат монданд аз Айниддини говак чунин бачаи босаводу Қуръонхон.
Занаш дарҳол бо ғазаб ба тарафи ӯ рӯй гардонда боқавоқи дохта мегуяд. Эй мардаки пика, ту намедони, ки Айниддин бачаша дар пеши Муллоқодири Қурғани барои хондани куръон бурдаст, ту боши ҳоло ҳам ҳамроҳи бачаҳот китоби мактаби миёна мехонӣ. Байни зану шавҳар баҳс сар мешавад. Хулоса бо маслиҳати зан ин мард писари хурдиаш Самандарро, ки синфи сеюм мехонд, маблағ қарз карда ба назди Муллоқодир ба шаҳри Қурғонтеппа мебарад. Мулло онҳоро хуш қабул карда, барои писарак ҷойи хоб ва шароити таҳсил фароҳам месозад. Чун писарак саҳар аз хоб бар мехезад мефаҳмад, ки ҳамроҳаш дар ин хона боз 12 нафар ҳамсабақ доштаст. Ҳар рӯз ду соат сабақ ва ду соат амри маъруф, ва чанде дигар корҳои хона ва халос.
Рӯзе ин писарак дар амри маъруф аз домулло мешунавад, ки мард бояд ба мард ҳамхоба набошад, ки ҳафт табақаи замину осмон меҷунбад. Ин кор ба мазҳаби мо рост намеояд. Фаҳмидед,ҳама шогирдон бо як овоз бале ҳазрат фаҳмидем.
Баъди се моҳ шабе писарак дар хоб буд, нохост бедор мешавад, домулло дасташро ба таги курпаи ӯ дароз карда, бадани нарми ӯро молиш дода истодааст. Банохост кудак аз ҷой бархоста, эй ҳазрат Шумоед, чи кор мекунед. Ба гуши сараш аз даҳони домулло мешунавад, ки ӯ хоҳиши таҷовуз кардани ӯро дорад. Писарак нолилоҷ ва маъюс ба ӯ мегуят. Ҳазрат Шумо дар амри маъруф шунидам, ки гуфтед: Мард бояд ба мард ҳамхоба набошад, ки ҳафттабақаи замину осмон меҷунбад. Домулло мегуяд. Писарам хавотир нашав: Ман ба он тартибе мекунамат, ки курпаи рӯят ҳатто намеҷунбад.
Карим Эмом.
silvenpsp.rusferurezki.ru