Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Мегӯянд,ки шахсе назди нависандаи тавонои доғистонӣ Расул Ғамзатов мераваду хоҳиш мекунад,ки ба ӯ ягон мавзӯъ диҳад то матлаберо рӯйи қоғаз биёраду нависандаи хубу хушқалам будани худро нишон диҳад.
Расул Ғамзатов дар ҷавоб бисёр содда мефаҳмонад: «Ба шумо мавзӯъ не чашми ҷаҳонбин додан зарур»
Мақсад аз рӯйи қоғаз овардани ин матлаб мехоҳам мухолифини гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори дигар бидонанд,ки соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқбунёдӣ ифодаи олии куллӣ сокинони кишвар буда,бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи ҷонию имонии хеш қарор додаанд.Инро бо дарки масъулият ва чашми ҷаҳонбин диду шинохт.
Ҳамарӯза тариқи шабакаҳои иҷтимоии кишвар гузашта ва сарнавишти талхи мардуми Тоҷикистон натанҳо барои мардуми дохил балки тариқи моҳвора ба ҷаҳониён нишон дода мешавад.
Дар урфият мегӯянд,ки «Кӯр якбор асояшро гум мекунад» Солҳои 90-уми қарни гузашта миллати моро бо ҷурми ноогоҳӣ аз давлату давлатсозӣ барои дарёфти демократияи дурӯғину бофта паси сангарҳои хунин кашиданд.
Кӣ мегуфт,ки бародар бо бародару падар бо писар дар ғазаб бар муқобили ҳам тӯфангро истифода намуда, ҳаёти ширину гуворои хешро барҳам мезананд,хонавайрону дар ба дар ғарибию хокбарсар, ятимони бемодару падаргумкардаҳоро дар пай мегузоранд.Кӣ овард ҳамаи инро?... Ҳамон кинафурӯшон, ҳамон ҳарисони молу зар ва ҳамон муллоҳои аз дину оин бехабар бо дасти хоҷагони берунаи худ.Аз наворҳои телевизионӣ ба дурустӣ пайдо намуданмумкин аст,ки бадхоҳони миллат дар қатори дигар бегуноҳон қасд ба ҷони фарзандони сарсупурда ва забондону бофарҳангимиллат доштанд ва онҳоро бо мақсади ба кӯчаи роҳгумӣ кашидани боқимондаҳо бераҳмона қатл мекарданд.
Бо ин амалҳои ғайриинсонӣ мардумро метарсониданд.Ба манфиати худу хоҷагони худ истифода мекарданд.
Метавон гуфт,ки сабақи талхи таърих ва таҷрибаизиндагӣ андешаҳои мардумро куллан дигар кардааст.
Миёни мардум мақоли пандомези хуби зиндагисоз роиҷ ҳаст. «Дар шир сӯхтӣ, дӯғро пуф карда мехӯрӣ». Миллати мо дар «шир» -и ваъдагии мухолифин сӯхт ва дуғро бояд бомулоҳиза эҳтиёткорона бояд истифода намояд.Нотавонбинон озодиву ободии кишвари моро қабул надоранд,аз дур санги бухлу кина ба сари миллат ҳавомедиҳанд.Талош доранд бо нақша ва сенарияҳои нав вориди кишвар шаванд, мардумро гумроҳ созанд. Манфиатҳои худхоҳиашонро сари мардум бор намоянд.
Бахусус дар ин рӯзҳои сахту сангине,ки дунёро ба ташвишовардааст,мухолифин афсонабофӣ доранд ва ба қавле аз савоби мо гуноҳ меҷӯянд.намедонанд,ки худ дар гуноҳғарқшудагонанд…
Т.Раҷабалӣ
silvenpsp.rusferurezki.ru