Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Бо нафрату адовати бепоён ба амалҳои ноҷавонмардонаи афроде, ки новобаста ба симои зебои тоҷикона ва нутқи равони башарӣ ва лафзи шоиронаи тоҷикӣ дар амал дар рафтори онҳо заррае ҳам асолати одамӣ диданамешавад, ибрози ақида намуда будам ва имрўз мутмаинам, ки моро лозим аст бо амалу рафторҳои хеш ба ингуна аксуламалҳо ҷавоби қотеъ гардонида , рафторҳои ғайриинсонии оҳоро маҳкум намоем.
Дар яке аз фикррониҳоям оиди омода намудани «гайдукҳои туркӣ» иброз дошта будам , ки душманон баҳри ба даст овардани ғолибият аз ҳама имкониятҳое, ки барои ба мақсад расонидани онҳо шароит фароҳам меоварад, усткорона ва лозим бошад хеле ва хеле ҷоҳилона истифода менамоянд, истифодаи фарзандони миллат ба муқобили худи миллат ин доктринаи аз байн бурдани миллатҳо тавассути фарзандони онҳост, ки ин амали экстремистӣ аз ҷониби душманони миллати тоҷик дар мисоли аъзоён ва хайрхоҳони ҲНИ аён ва хеле намоён дида мешуд.
Дар ин росто гоҳҳо аз худ боисрор пурсонӣ мешудам, ки наход фарзандони миллате, ки дар саромади тамаддуни башарӣ қарор доштаву ба илму фарҳанг ва адабиёту сиёсатшиносии ҷаҳон аз қабили Рўдакӣ,Фирдавсӣ , Ҷалолуддини Балхӣ,Саъдию Ҳофиз, Берунӣ, Сино, Закариёи Розӣ , Муҳаммад ал Хоразмӣ , Исмоили Сомонӣ , Муҳаммад Осимӣ , Турсунзодаю Лоиқ , Маҳмудҷон Воҳидов ,Ато Муҳаммадҷону Ҳошим Гадо ва дигару дигаронро додаасту ҳамчун нажоди поку озода шинохта шудааст, ба ингуна амалҳои номатлуб даст зананду бо амалҳои номатлуби хеш ба ин миллату ин сарзамин зиёни ҳангуфт расонанд. Вале ҳайҳот , ин андешаву таманниётҳои мо ҷомаи амал напўшидаву фарзандони ин миллати тамаддунсоз ба амалҳои пасте даст заданд, ки як қисм қавмҳои аз тамаддуни башарият фарсахҳо дур даст намезананд Ҳангоми тамошои филмҳои мустанад оиди амалу рафторҳои номатлуби пардапўшонаи ТТЭ ҲНИ ва амалҳои ноҷавонмардонаи роҳбари он М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони онҳо аз қабили ҳоҷии хуношом Ҳалим Назарзода, Абдулқодир Абдуллоев(Рустами Норакӣ),Тағаймурод Ашрапов (бо лақаби Алӣ) нафратам афзун гардида ,ба ин амали онҳо нафрин мехонам. Вақте ки ба суханронии мубаллиғи ТТЭ ҲНИ СатторовАёниддин. диққат медиҳӣ, боварат намеояд, ки таблиғгари №1 ХНИ яке аз нафароне , ки суханҳои аз мағзи ҷон гуфтааш бисёр ҷавонони зудбоварро аз роҳ задаву ба ҳайати ин ташкилот дохил намудаасту зери ақидаҳои ғоявии пардапўшонаи ў бисёриҳо ба корҳое даст задаанд, ки аз қолаби амалу рафтори мусалмониву одамӣ берунанд. Ин таблиғгар бо «амалҳои хайрхоҳонааш » хонаи бисёр аз оилаҳои тоҷикро ба ғам олуда кардаву фарзандонро бо падарон ва бародаронро бо бародарон дар сангарҳои бо ҳам зид андохта ,тухми кинаву адоватро бо гўишҳои дилгармкунандаву дидадарояш дар дили ҷавонони тоҷик , ки аз гумроҳию нофаҳмӣ ва холигии фазои иттилоотӣ мекалавиданд ҷой намуда , онҳоро ба иҷрои амалҳои номатлуброҳнамоию ҳидоят менамуд .
Аснои баромад ў мегўяд : « Агарчанде, ки ман дар таблиғи ин ҳизб мақоми хосро доштаму нафарони зиёде баъди тавсифу роҳнамоиҳои ман шомили ин ҳизб гардидаанд, лекин ман бо исрор мегўям, ки дасти ман дар рехтани хуни ноҳақ олуда нест». Аҷабо ,ин мубаллиғи авомфиреб, ки аснои баромадҳояш аз ҳадисҳои паёмбар Расули Акрам (с) ва оятҳои қуръонӣ мисолҳои мушаххас меоварду имрўз боисрор баён медорад, ки дар рехтани хуни ноҳақ дастони ў олуда нест . Оё ин ташвиқотчӣ намедонад, ки фитнаандохтан дар ҷомеа аз гуноҳҳои кабира буда , аз куштор ҳам ҳукми ҷазояш вазнинтар аст. Ё боз авомфиребона макру ҳиял дорад.
Дар ин ҷода ба маврид аст, ки аз мисраҳои зерин оиди баёни амали эшон дасти ёрӣ ҷўем:
Машав ғофил , ки дар боло Худо ҳаст
Ки фардо ҷаннату рўзи ҷазо ҳаст
Ватани азизи мо Тоҷикистони биҳиштосо бо ҳама тозагиву озодагиҳояш , бо таровату зебоиҳояш шишаи шаффоферо мемонад, ки бо меҳнату заҳмати созандаи соҳибватанонаш дар зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ,Президенти дар ҳақиқат мардумӣЭмомалӣ Раҳмон ҷилои тозаву таровати навро доро гардидааст. Чигунае, ки маълум аст, баъди ба арсаи ҳастӣ , чун кишвари соҳибистиқлол ба миён омадани Тоҷикистону худро меросбари арзишҳои волои ниёгон – ориёиҳои асилу пок эълон карданаш ,дар дили баъзе аз бародарони калони меросбар (Эрон) ташвишу шигифтҳо пайдо шуда ва оғоз гардид ,ана ҳамон бозиҳои сиёсии аз байн бурдани давлати тозабунёди тоҷикон- Тоҷикистон тавассути «гайдукҳои тоҷикӣ» ,тариқи ба нестӣ бурдани маданият, фарҳанг, сиёсат, илм, одоб, маориф, эҷод ва дигар дороиҳои маънавии миллати тоҷик, тавассути аз байн бурдани чеҳраҳои шинохтаи тамоми соҳаҳои дар боло зикршуда бо дасти фарзандони ноқобилу бефарҳанги модару мазҳабфурўши ин диёру ин сарзамин. Мусаллам аст, ки дар таърихи башарият ду шоҳсутуни асосии тамаддун:Ориёӣ (Озодагон) ва Яҳудӣ (Банни Исроил) , ки то ба имрўз дар ҷодаи муборизаву азхудкуниҳо(аз ҷониби яҳудия) қарор доранд ва бо ҳар роҳе мехоҳанд, ки дар ин самт танҳою яккатоз бошанд. Аз байн бурдани олимон, фарҳангиёну маорифпарварон ва табибону рўзноманигорони шинохтаи ҷумҳурӣ бо дасти ҷоҳилони миллат ,ин равандибемадору беҳол намудани дороии маънавии миллати тоҷик буда , роҳи ба гумроҳию бесарусомонӣ мубтало намудани тоҷику Тоҷикистон аст. Ҳар гоҳ суханронии озоди Абдулқодир Абдуллоев (Рустами норакӣ) ,Тағаймурод Ашрапов (бо лақаби Алӣ) пеши назар меояд ва онҳо озодона аз амали ҷоҳилонаи хеш шарм накарда: «Аз мо киллер тайёр карданд» мегўянд, ана ҳамон гайдуксозиҳои туркони усмонӣ ба ёдам меояд .Алҳазар аз ашхоси ҷаҳолатпешаи аз дарку фаҳми ифтихори миллию эҳтироми инсонӣ фарсахҳо дурмегўям. Ва онҳо гўё чзе нашуда бошад боз узрхоҳӣ ҳам мекунанд ва гўё поку бегуноҳянд.
Туро дастон пур аз хун асту мегўӣ, мусулмонӣ,
Туро , ай номусулмон, то куҷо бошад мусулмонӣ?
Бикуштӣ пири илми миллату луқмони давронаш,
Ҳамепурсӣ аз ин ҷоҳилиҳо узру , пушаймонӣ.
Надонистӣ ту андак қадри илму расми инсонӣ,
Забун кардӣ ту ворисони илму фазли ирфонӣ.
Магар , эй одамисурат, ту инсонӣ?!Мусулмонӣ?!
Ту як махлуқи беинсофӣ , не иниву на онӣ!
Ба модар ту хиёнат кардаву гўӣ , мусулмонӣ,
Бародар ғарқаи хун кардаву гўӣ, ту инсонӣ.
Надорӣ раҳме бар авлоду бар аҷдодат , медонӣ?,
Нахонам ман туро инсон , яқин донам , ки ҳайвонӣ.
Рушди бемайлони Тоҷикистон, осудагии мардум, гул-гулшукуфти мазраҳои диёр,ободию озодандешии сокинони мамлакат ва ҳамзамон сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат, шинохти ў аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва соҳиби эҳтироми хоса гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Э. Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ҷаҳон ба чашми бадхохони миллат чун хор мехалад. Онҳо то ҳол гумон доранд, ки чун Э. Раҳмон ба ин дастовардҳо муваффақ шуда метавонанд. Ва набояд фаромўш созанд, ки
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд ,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.
Дар дили ин ашхос сиёҳ кардану наҳ задан, паст задану нодидагирифтан ва дигару дигар матлабҳои номатлубро арзонӣ ҷой дода ва табиати нешзании ақрабияшон арзонӣ…
Ва новобаста ба ҳамаи ин рафторҳои номатлуби баъзе аз намакхўрони кўрнамак , ҳаррўзи моид асту ободӣ асту шукргузорӣ ,чунки мо соҳибдавлату соҳибзабону соҳибмақому соҳибиззату соҳибмавқеъ ҳастем,
Хуш ба ҳоли мо миллати поку ободкору созанда.
Аё , эй миллати боор муборак ҷашну ин шодӣ,
Аё , эй миллати бедор муборак вавҳдатободӣ.
Ту худ озодаву андудаи он нури Раҳмонӣ,
Аё фарзанди офтобо муборак фатҳу озодӣ.
Қурбонов Ҳ-директори гимназияи давлатии «Боғи Ҳабиб»- и ноҳияи Муъминобод.
silvenpsp.rusferurezki.ru