ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ман соҳибватанам
Илова кард: adminn5-08-2020, 15:31---

Ин Ватан барои ман азиз ва муқадас мебошад. Дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон ҳар соату ҳар лаҳза навигариҳо баҳри гул гул шукуфоии Тоҷикистон ба вуқуъ меоянд. Эҳсоси ватандорӣ ва худогоҳӣ дар дили пиру барно маскан гирифтааст. Деҳқон ба умеди сарсабз будани Ватан дона кишт менамояд. Муҳандис ҳар рӯз тарҳи нави иншооти нав мекашад. Табиб ранҷу дарди миллати ҷафокашидаро маҳрам мебахшад. Омӯзгорон аз фардои миллат хушнуд буда насли ҷавонро ба умеди пойдории ватани аҷдодӣ тарбия ва ба камол мерасонанд.

Ин Ватан рушд мекунад. Мо соҳибватанон нафароне, ки раҳгум задаанд ва бар Ватану миллат санг мезананд даъват менамоем фирефтаи ҳар гунна дасисаҳо нашаванд ва бо ҳар ҷурм, ки бошад эҳсоси ватандориро дар қалби худ эҳсос намоянду аз хусумату бадбинӣ дурӣ ҷӯянд. Дар ватан будан эҳсоси гуворое дорад инро танҳо ватанхоҳон ҳсос менамоянд.

 

Бе Ватан нест ѓарибе, ки кунад ёди Ватан

Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст

 

Оре бардарони дур аз ватан биёед даст ба дасти ҳамдигар ниҳем ва баҳри ободии ин сарзамини аҷдодӣ дасти кӯмак ба якдигар расонем. То насли оянда моро миллаткӯш ва ҷангҷӯй ном набаранд. Бозор Собир дуруст гуфта буд

 

Қишлоқаки ман бӯи чапотӣ дорад,

Ширинии ширинии тутӣ дорад

 

Аз ин хотир мехоҳам далели дигарро ёдовар шавам, ки дар даврони Пайѓамбар Муҳаммад саллалоҳи аллайҳи оли вассалам доимо инсонҳоро ба сӯи яктопарастӣ даъват менамуд вале боз ҳам мушрикон дар роҳи пайѓамбарамон санги маломат мепартофтанд. Лекин ин амали нодурусти онҳоро Худованд ба ҳар роҳ рӯйпуш менамуд. Пешвои муаззами миллати тоҷик дар ҳар баромадашон мардумро ба ваҳдат ва худшиносӣ даъват менамоянд вале моро чӣ шудааст, ки суханони некбинонаи ин

 

абармарди арсаи сиёсатро нодуруст қабул менамоем. Дар ватани мо шахсиятҳои бефарҳанг ва беҳунар кору зиндагӣ доранд ва ба миллат доимо иснод меоранд. Вале ин маънои онро надорад, ки роҳбарони ҳукумати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони тасодуфӣ ҳастанд.

Имрӯз сатҳи дониши мутахасисони дилхоҳ соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд гардидааст ва вобаста ба имкониятҳои ҷойдошта мушкилоти соҳаҳои мавҷуда қадам ба қадам роҳи ҳали худро ёфтаистодааст. Бад гуфтан тавҳин кардан роҳи ҳалли мушкилот нест. Мардуми сарбаланди тоҷик андешае доштанд, ки мегуфтанд «Нек гӯед то нек пеш ояд». Мардуми мо доимо гуноҳи якдигарро дар тангдастӣ мебахшиданд. Миллати бофарҳанг ва хуштолеъи тоҷик нафарони, ки аз рӯи кибру ѓурур ба миллат иснод меоранд мебахшанд.

 

Зи пурборӣ агар шохи дарахте бишканад ѓам нест

Вале чун бишканад шохи ҷавонӣ гиряму гирям

 

Шарифова Фарзона

Роҳбари боѓчаи кӯдаконаи № 1 – и ноҳияи Муъминобод.

 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.