ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати ҳалол барои некуаҳволӣ ва ободии Ватан ҳидоят мекунад. Эмомалӣ Раҳмон. Муъминобод, як порча а...
Тақвими хабарҳо;
«    Ноябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ИНТИХОБОТ ПАДИДАИ САРНАВИШТСОЗИ ШАХРВАНДОН
Илова кард: admin22-10-2020, 12:47---
Тавре, ки маълум аст 11-октябр соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вобаста ба раванди баргузор гардидани интихобот як қатор тадбирҳо амалӣ гашта, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шуд. Интихобот дар низоми давлатдории мо ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ шинохта шуда, фарогири тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар интихобот ихтиёрӣ буда, амалӣ гардидани ҳуқуқи интихоботӣ аз иродаи озодонаи шаҳрванд вобаста аст. Чунончӣ дар асоси моддаи 3 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” шаҳрвандони мамлакат дар маъракаи пеш аз интихоботӣ ва овоздиҳӣ дар интихобот ихтиёрӣ ва дар асосҳои баробар иштирок мекунанд. Овоздиҳӣ пинҳонӣ буда ҳар як шаҳрванд як овоз дорад ва овоздиҳӣ озод буда, касе ҳақ надорад, ки дар ин ҳангом интихобкунандаро ба ҷонибдории ин ё он номзад маҷбур созад. Барои дахолат кардан ба мустақилият ва дахлнопазирии интихобкунандагон, монеъа эҷод намудан ба ҷараёни интихобот қонунҳои дахлдори соҳавӣ чораҳои мушахас пешбинӣ намуданд. Аз ҷумла, қонунгузор роҳҳои гуногуни монеъ шудан ба тадбиқи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрванд ва барои ба тарафдории номзад ҷалб кардани интихобкунандагонро муайян намуда, барои ҳуқуқ вайронкунандагон ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ намудааст. Ҳангоми тадбиқи ҳуқуқи интихоботӣ дар таъмини дахлнопазирии интихобкунандагон ҳокимияти мустақили суди нақши калиди дошта, судҳо тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандонро доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон баррасӣ менамоянд. Ҷараёни маъракаи интихобот моро бовар кунонд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озоду ошкоро ва риояи талаботи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии миллию байналмиллалӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи интихоб кунандагон баргузор шуд. Мардуми меҳнатдӯсти Ватани азизамон хуб дарк менамоянд, ки иштироки фаъолона дар интихобот имконе аст, ки манфиъатҳои худро дар симои номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манфиатҳои давлату миллати хеш ҳамоҳанг созанд. ДИРЕКТОРИ М.Т.М.У. –и №4 Ҳ. Мадаминовsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Андешаи Шумо
Ном:*
E-Mail:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз:
Включите эту картинку для отображения кода безопасности
обновить, если не виден код
Рамзро дохил кунед: