ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

РАҲГУМЗАДАГОН
Илова кард: adminn1-10-2018, 17:50---
    Чанд рӯз пеш ба дастам газетае расид, ки дар он мақолае ё фелетоне бо номи «Аз кӯлбори гадоӣ то даъвои подшоҳӣ» ном маводи рӯзноманигор Саломиддин Мирзораҳматов чоп шуда буд. Дар ин мақола боз дар бораи симои манфури наҳзатиҳо М.Кабирӣ ҳамчун лулии навбаромад тасвир ёфта буд.
    Бо банда ҳамин чизаш маъқул нашуд, ки М.Кабирӣ-и аврупоишуда (ба гуфти худаш) кӣ ҳуқуқи пешвозгирии ҳайати ҳукуматии Тоҷикистонро дар ш.Варшава ба ҷаласаи САҲА-ро дода бошад? Магар ӯ ба умеди садақа чун гадо худашро ширин карданӣ буд. Ин рафтори лулиёна магар касби нави ӯ дар Аврупо бошад?
     Ин беобрӯ, хоин, ради маърака намебинад ё эҳсос намекунад, ки қариб ҳамаи собиқ дӯстонаш - ҳамфикронаш аз қабили «Гурӯҳи 24», «Ватандор» ва ғайра аз қабили Сӯҳроби Зафар, Додоҷон Атовуллоев ва дигарон  бо овози баланд гуфтанд, ки «Мо ҳеҷ гоҳ ба киштии шикастаи М.Кабирӣ нахоҳем нишаст ва ягон ҳамкорӣ нахоҳем кард». Ё Додоҷон Атовуллоев рӯйрост гуфт, ки «бо паймоншикастагон ҳеҷ гоҳ паймон нахоҳад баст, яъне роҳи мо дигар аст ва дар ин роҳ мо бо раҳгумзадагон ҳамсафар нахоҳем шуд».
    М.Кабирӣ ва дигар аъзоёни «эътирофшудагон» магар аз ин танқиди рақибони худ  хулосае намебароранд?  Ё - «Писари ту як миллиону дусад ҳазор долларро аз ҷои муайян гирифта ба Ҳоҷӣ ҳалими хоин дод» - гуфтани мулло Абдураҳим Каримов чун санге ба даҳони М.Кабирӣ набуд».
    Баъди ин танҳо манқуртҳо ва ҷавонони аблаҳи дар гуноҳ ғӯтида ва роҳи бозгашт надошта ба он  ҳамроҳ нахоҳанд шуд. Одами солимақл аз қафои ин хоини Ватан ҳеҷ гоҳ нахоҳад рафт.
    Дар хусуси он ки наҳзатиҳо босмачиҳо - аз ҷумла Фузайл Махсумро қаҳрамон нишон доданианд ҳеҷ кас розӣ нахоҳад шуд. Зеро дар ибтидои садаи бистум бар зидди илму маърифат, мактабу маориф хестан, пайрави ҷоҳилони асримиёнагӣ шудан, мусулмонҳои бегуноҳро куштан магар сазовори номи қаҳрамонианд?
    Банда, ҳамчун омузгори фанни таърих ва собиқаи нимасра дар ин ҷода  дошта ҳеҷ гоҳ ба ин сафсатаҳои наҳзатиҳо розӣ шуда наметавонам. Барои кадом кори хубашон босмачиҳо сазовори номи қаҳрамонӣ шаванд. Ҳатто ҳамдиёронашон босмачиҳоро рӯи дидан надоштанд ва онҳоро аз деҳаҳояшон пеш мекарданд.
    Дар бораи оқибати корҳои бади Фузайл Махсум як дустамро чун сайёҳ ҳануз солҳои  ҳаштодуми асри бист чун кишоварзи номӣ барои бо корҳои деҳқонони кишвари Ҳиндустон ошно шудан мефиристанд. Ӯ тасодуфан ҳамроҳи рафиқаш дар ошхонае таъом мехӯрданд ва чақ-чақ доштанд. Дуртар марди чорпаҳлуи  муи сару ришаш давида ҷандапӯш ба назди онҳо омада бо забони тоҷикӣ салом дода мепурсад,  ки магар шумо аз Тоҷикистонед? Бале, мегуянд онҳо.Дар бораи Фузайл Махсум касе дар Тоҷикистон чизи хуб ё баде мегӯянд? - мепурсад мӯйсафед.
    Сайёҳони тоҷик бо як овоз ҷавоб медиҳанд, ки барои кадом кори хубаш ӯро бояд ёд кунанд. Мӯйсафед зор-зор гиря карда мегуяд, ки ҳамон аблаҳи гумроҳ, ки гапи англисҳоро гирифта даст ба корҳои бад задам манам. Лаънат ба касе, ки гапи хоҷагони хориҷиро мегираду ба халқи худ  хиёнат мекунад, ҳолаш аз ҳоли ман бадтар шавад. Вале, чи суд аз ин пушаймонӣ, оқибат дар ғурбат дур аз ёру диёр сагвор мемирам. Вой дареғи аблаҳӣ. Худкардаро даво нест - гӯён бо ашки шашқатор гиря мекунад ин қаҳрамони наҳзатиҳо.
    Дар охир итминони комил дорам, ки тақдири сарвари наҳзатиҳо М.Кабирӣ ва думравонаш чун «қаҳрамонҳо»-и онҳо дар кадом як гӯшаи дунё дур аз ёру диёр бе ному нишон мешаванд ва касе дар бораи ин косалесони хоҷаҳои хориҷӣ  номи онҳоро ба некӣ ба забон намегиранд. Як чизро қариб фаромуш карда будам. Вақтҳои охир рӯзҳои ҷумъа дар назди масҷидҳои ҷомеа лулиҳои н.Восеъ дар пешашон дар кардони ғафс бо ҳарфҳои каҷу килеб навишта мекунанд: фалон хешатон бемор аст. Мусулмонҳо садақа кунед. Магар онҳо ин корро аз М.Кабирӣ ёд гирифта бошанд?
 
                                                    Тоҷиддин Қурбонов,
                                                    аълочии матбуоти Тоҷикистон.
 silvenpsp.rusferurezki.ru

    Маълумот !
    Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.