ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Парчам рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ.
Илова кард: admin1-12-2020, 13:48---

Парчами давлатӣ рамзи истиқлолият маҳсуб ёфта, аз қадим нишони ягонагӣ, муттаҳидӣ ва шикастнопазирии миллати асил ва бузурги тоҷик мебошад. Санадҳои тариҳӣ ва таҳқиқоти муҳаққиқон бозгӯи он аст, ки мардуми тоҷик аз давраҳои хеле пешин соҳиби парчами зуд будааст. Дар "Шоҳнома” и оламшумул ва безаволи ҳаким Фирдавсӣ он ҳамчун Дирафши Ковиён номгузорӣ шудааст, ки нишонаи ифтихор ва мттаҳидии мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ҳисобида мешавад. Парчам рамзи миллӣ ва давлатдории ҳар миллат маҳсуб меёбад.

Ливои (Парчам) хурде, ки бостоншиносон дар шаҳри Эрон пайдо карда буданд, тарихи он гӯё ба ҳазораи сеи пеш аз милод рост меояд. Дар он расми шер, ки нишонаи ҷасуриву мардонагӣ ва расми тулғи обфтоб, ки рамзи гармӣ, рушноӣ, бедорӣ, ба зиндагӣ руҷ кардан аст тасвир шудааст.

Дирафши Ковиёни устод Фирдавсии бузург тасвирнамуда чармиан будааст ва Коваи оҳангари ҷасур онро дар дастаи оҳанине насб карда ба болои сари мардуми далер гирифтааст. Дирафши Сиёвуш бошад низ чармина буда, дар он сурати гавазнакс ёфтааст. Акнун Парчам аз матои махсус сохта шуда, дар чуб ва ё дигар лавозимотҳои зарурӣнасб карда мешавад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба масалаи худшиносӣ ва ватанпарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Ин буд ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тарихии 16 уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи давлатдории навини тоҷикон қабул гардид.

Тоҷикистони азизи мо ба туфайли Парчами давлатӣ бори нахуст дар китоби Рекордҳои Гиннес ҷой гирифт, ки албатта ифтихорест хеле бузург. Соли 2011, 9 сентябр дар маросими 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, Парчами давлатии кишвар дар пояи 165 метри баландтарин дар ҷаҳон овехта шуд. Ҳаҷми Парчам60 бар 30 метр буда, қарб 700 килограмм вазн дорад. Парчами мо аз ҷаҳати андоза дар ҷаҳон пас аз парчам давлатии Арабистони Саудӣ дар ҷои дуюм меистад.

Рангҳои Парчами мо тоҷикон, ба гуфти Президенти кишвари азизамон "ифодагари таърихи халқи тоҷик ва бунёдгари арзишҳои фарҳангию миллӣ ва сиёсӣ” ба шумор мераванд.Рангҳои Парчами мо нишонаи қудрату тавоноӣ, озодию истиқлолият ва ваҳдати ягонаи миллиро таҷассум менамоянд, ки мо тоҷикон аз он ифтихор дорем. Инчунин ба тамоми мардумони олам гуфтанием, ки тоҷик ва Тоҷикистон арзишҳои волои миллӣ доранд, ки барои онҳо агар лозим шаван ҷонамонро нисор менамоем. Иди Парчам иди миллии мо мардуми ватандор аст ва онро ҳам миллати асил, тоҷик ва ватанхоҳ болои сарамон хоҳем гирифт ва бо ифтихор қадам хоҳем гузошт.

Зиндаю ҷовид бод Тоҷикистон бо сарварии Пешвои арзанда ва муқаддасоти олиаш.

Эй миллати боору номус биёед якҷоя барои ободию озодиҳои миллату кишварамон муттаҳид бошем ва нагузорем, ки нохалафе санги маломат ба мову марзу буми мо бизанад. Муттаҳидӣ шикастнопазирӣ ва ғолибияти ҳар як миллату кишвар аст ва эътибору шӯҳрати давлатро балан мебардорад. Чи тавре ки Низомии бузург гуфтааст:

Агар нахли хурмо набошад баланд,

Зи тороҷи ҳар тифл ёбад газанд.

 

Олимҷон Табаров сокини ноҳияи Муминобод.

 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.