ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Оила сарчашмаи зиндагист.
Илова кард: admin7-12-2020, 13:20---

Ҳаёу зиндагӣ якмуъҷизаеанд, ки бисёриҳо даркаш карда натавонистаанд ва аз ин рӯ азоби ҷисмониву рӯҳии зиёде кашидаанд. Ба фикри банда барои ба ҳаёти асливу ҳақиқӣ ворид шудан бисёртар омўхтан, ба имрўзу фардовигузаштаи худу миллати худ такя намудан, аз давлату халқиятҳои дигар зиёдтар таљриба гирифтан лозим аст.

Аксари одамони асил баъзан аз худ мепурсанд, ки мақсади ҳаёту зиндагӣ чист?

Банда ин суолро ҳазорҳо маротиба ба худам додаам ва бисёр вақт худам ба худам љавоби қаноатмандона дода натавонистаам. Оё ҳаёти мани фақир танҳо хўрдану ошомидан бошад,ё соати муайяне мутолиа намудан, ба касе таълим додан, аз чизе ва аз касе омўхтан, кўмаке расонидан, нон додану аз касе нон хўрдан, ба аёдате рафтану аёдати касеро пазируфтан, ба фарзандону набарагон, хешу ақрабо, ҳаққу ҳамсоя, атрофиён, ҳамдиёрон ва дар охир ба ҳаммиллатонам чизе додан бошад?

Баъзе касон чунин мешуморанд, ки агар хеле сарватманд шаванд, хушбахт мегарданд, аз ин рў мақсади асосии ҳаёти худро дар ҳар чӣ бештар пайдо кардани пулу сарвати бисёр медонанд. Дар дунё одамони сарватманди зиёдеанд, ки хеле бадбахтанд.

Гурўҳи дигар соҳибмансабиюҳукуматро дар ҳаёт асосӣ мешуморанд. Онҳо мехоҳанд, ки ба сари одамони зиёдтаре сарвар бошанд, вале намедонанд, ки то чи андоза онҳо ба ў чи муносибати пинҳонии бадхоҳона доранд.

Гурўҳи саввуми шўҳратталабиро барои худ хушбахтӣ мешуморанд. Вале намедонанд, ки шўҳрат сари чӣ қадар одамонро хўрдааст.

Умуман, аз рўи таљрибаи таърих пул, сарват, бузургӣ, зўрию таҳамтанӣ, мансабу ҳукуматдорӣ ва шўҳратталабӣ касро бо пуррагиаш хушбахт гардонида наметавонад. Чи тавре ки бузургон гуфтаанд:

Худое, ки болову паст офарид,

Забардасти ҳар даст даст офарид.

Бояд бидонем ва бифаҳмем, ки дар ҳаёти одамӣ чизи аз ҳама арзишмандтар муҳаббат аст. Муҳим нест, Шумо чӣ қадар сарватманду шўҳратманд ва ё донишманд ҳастед; агар дар паҳлўи шумо одаме набошад, ки Шумо шодиву ғам ва ормонҳои дили худро бо ҳам бубинед. Барои аз ҳама тавонотарин шахс дар охир, агар кушодатар гӯем дар ҳангоми пирӣ шахсе лозм мешавад, ки дар паҳлуяш бошад, нозу розашро бардорад, ба ҳама нодориҳову инчиқиҳояш бардошт кунад ва аз ҳама асос нозбардораш бошад. Агар чунин касе надоша бошед, бешак Шумо дарвеше беш нестед.

Оқибат мо одамеро мељўем, ки бо ў дарди дил кардан мумкин бошад. Онеро, ки метавон дўст дошт ва дар ҳаққаш ғамхорӣ намуд. Касе ки ба ў бовар карда ҳама чизро гуфтан мумкин бошад. Касе, ки мо бо ӯ озодона рафтор менамоем ва ў низ дар ҳаққи мо хиёнат нахоҳад кард. Касе, ки моро мефаҳмад, касе, ки мо ҳаёти худро ба ў бовар менамоем, бо ў мехоҳем тамоми умр ҳамроҳ бошем ва бе ў ғамгинем. Касе, ки монанди мост, вале ҳамеша дар ў як чизи навро кашф менамоем. Касе, ки метавонад дўсти мо бошад, касе, ки мо тавонем ба ӯ ҳама ҳастиамонро бидиҳем.

Ана, акнун хонандагони азиз, биёед биандешем, ки он кас кист? Падару модар, хоҳару бародар, хешу дӯсти азиз ва ё завҷаи меҳрубоне, ки шумо умратонро бо ӯ сарф намуданиед!

Масалан, барои аксари бузургони олам он шахс зављаи азизу меҳрубон, мебошанд, ки тамоми шодиву ғам ва ранљу дардашонро андаке сабук мекунад. Яъне оилаи солими дорои муҳаббати комил буда, метавонад ғаму ғуссаи моро бартараф намояд. Фақат ў ҳаст, ки маро мефаҳмду бо ҳама каму костиҳо, хатову норасоиҳои мо гузашт мекунад ва маро мебахшад, сидқан мебахшад ва ҳатто дилбардорӣ ҳам мекунад.

Ҳеч кадоми мову Шумо наметавонем яккаву танҳо арзи вуљуд дошта бошем, моро муомила бо одамони дигар зарур аст. Ана ҳамин аст, ки нақши оила на ин ки барои мо, балки барои тамоми љомеъа хеле муҳим аст. Фақат ва фақат мову Шумо дар оила муҳаббат ё адоват, ҳурмат ё нафрат, ростқавлӣ ё дурўғгўӣ, дўстӣё душманӣ, бебарорӣ ё бобарорӣ, некӣ ё бадӣ, ҳақшиносӣ ё ҳақношиносӣ, ватанхоҳӣ ё ватанбадбиниро ёд мегирем, меомӯзем ва дар худ таҷассум менамоем.

Барои он ки оила маркази муҳаббату ваҳдат гардад, падару модар бояд шахсиятҳои тарбиятдида ва ба ваҳдати ботинӣ расида бошанд, барои беҳбудии худу дигарон зиндагӣ кунанд. Агар шавҳару зан ва фарзандони онҳо мувофиқи усулҳои ваҳдати ҳақиқӣ зиндагӣ кунанд, дар оилаи онҳо пояҳои ваҳдат – муҳаббат таљассум меёбад. Мо дар оила таваллуд ёфта , маҳз дар он ҷо шахсияти худро пайдо менамоем ва характерамонро ташаккул медиҳем. Маҳз дар оила мо тарзи муносибат кардан, аввал бо падару модар, сипас бо бародару хоҳаронро аз худ менамоем. Маҳз дар ҳамин давра мо муҳаббат бо оила, ҳамсоя, атрофиёнро соҳиб мешавем. Маҳз дар ҳамин давра, яъне дар оила муҳаббат, ки сарчашмаи шодиву хушбахтии хеле амиқи мост дар инсон ба вуҷуд меояд. Муҳаббат дар ин давра аз ҳама асосист, зеро муҳаббат сарчашмаи ҳаёт аст. Агар ҳамин чиз дар оила бо намунаи падару модар дар инсон пайдо шавад, дар вуҷуди инсон ягон идеали ҳақиқӣ пайдо мешавад. Мо ана аз ҳамон рӯзи дар оила ба камол расиданамон, мисли падару модарамон идеали асосиву ҳаққонӣ доштанро пайдо мекунем. Вақте ки мо муҳаббат, ҳаёт ва идеал дорем, ҳама чиз бароямон имконпазир ва ҳалшаванда мегардад. Бе оилаи асилу муҳаббати комил ҳаёти инсон пучу бемаънист, аз ин рӯ баъзе касон сайъ мекунанд ин холигиро бо майпарастӣ, алоқаҳои бемаънии тасодуфӣ, пул ё сарвату ҳукуматдорӣ пур созанд, ки ҳеҷ гоҳ намешавад. Ҳамин тариқ оила барои инсон як навъ намунаи ҳамаи муносибатҳо мегардад ва кас дар фикри барпо кардани оилае мешавад, ки тамоми арзишҳои волоро доро бошад. Эҷоди оилае, ки ба ишқи ҳақиқӣ асос ёфтааст, метавонад ба инкишофи муносибатҳои байни одамон ва тағйир ёфтани кулли ҷомеъа баоис гардад.

Чи тавре ки гуфтем, мо дар оила ба дунё меоем ва маҳз дар оила моҳияти худро ошкор менамоем. Азбаски падару модар ба мо ҳаёт мебахшанд, муносибати асосии мо ҳам муомила бо волидайнамон ҳаст. Ин муносибатҳо хубанд ё бад ба тамоми ҳаёти мо таъсир мебахшанд, аз ин рӯ барои он ки оила маркази муҳаббату ваҳдат гардад, одамони ба ақди никоҳ дароянда худ бояд шахсиятҳои ба камол расида бошанд. Масалан, шавҳар ё зан худхоҳу якрав бошанд ва танҳо барои қонеъ сохтани хоҳишҳои худ андеша намоянд, дар он оила ихтилофҳо сар мезананд ва фарзандоне, ки аз онҳо ба дунё меоянд, аз падару модари худ тарзи ҳаёташонро мерос мегиранд.

Банда ба хонандаи гиромӣ рӯй оварда гуфтаниам, ки дар ҳаёти оила чизи аз ҳама арзишманд ва ниҳоят олӣ ин муҳаббат аст. Агар муҳаббат дар оила бошад, дигар муҳим нест, ки шумо сарватманду шӯҳратманд бошед. Агар дар паҳлуи Шумо одаме бошад, ки Шумо шодиву ғам, эҳсосу андеша ва армонҳои худро бо ҳам бубинед, аз ҳама давлатмандтар Шумоед. Инро банда дар ҳаёти адабиётшинос ва муннақидӣ шӯълавар Соҳиб Табаров дида будам. Ӯ оилаи азизашро, ки 63 сол бо ҳам зиндагӣ доштанд, "асалак”, баъдан "фаришта” ном мебурд, зеро ба гуфти худаш ӯ барои домулло шуда аз тамоми кору зиндагии олиии худ даст кашида, хизмати ӯро мекардааст. Дар дафтари "Таасуроти ақлу дил” аш навиштааст: "Барои он ки ваҳдати аслӣ падид ояд, аввал муҳаббат зарур аст. Қонуне ё низоми сиёсие нест, ки ба сари худ тавонад оламро тағйир диҳад, ба ҷудоиҳову ихтилофҳо хотима бахшад. Фақат муҳаббате, ки аз ботини инсон маншаъ мегирад, қодир аст ҳама гуна муносибатҳоро, аз ҷумла дар сатҳи ҷаҳонӣ ба созиш орад. Мӯъҷизоти муҳаббати ҳақиқиро дарёфта, онро дар ҳаёт, муносибат бо одамон ҷорӣ намуда, мо метавонем ба ҳамоҳангии ҳақиқӣ бирасем, қадру қимати ҳаёти худро дарёбем ва онро ба дигарон биомӯзем. ”

Ана, барои ҳамин азизон, ҳар кадоми мо бояд муҳаббат ба оила ва фарзандонро дошта бошем то дар зиндагии имрӯза ва оянда, яъне пириамон хору бечора нагардем.

 

Олимҷон Табаров сокини ноҳияи Муъминобод.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.