ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Вафодорӣ ватандорист!
Илова кард: admin9-12-2020, 13:00---

Ҳеҷ сифату фазилати ахлоқие нест, ки битавонад монади вафо ва аҳд истиқрори ҷомеаро танзим кунад ва эътимоду бовариро дар байни афроди он барқарор созад. Вафодорӣ ба Модар-Ватан ва аҳд ба миллат яке аз сифатҳои некӯю боарзише ҳастанд, ки сазовор аст ҳар инсоне худро бо онҳо ороста кунад, чаро ки он омили асосии пешрафту пирӯзӣ дар зиндагӣ аст ва имрӯза ба унвони яке аз муҳимтарин сифоти боарзиши инсонҳои мутамаддин маҳсуб мегардад ва ҷомеаи мутамаддин шадидан худро мулзим ба риояи он медонанд.

Қуръони карим мардумро ба риояи ин сифат даъват мекунад ва вафои ба ваъдаро мавриди таърифу ситоиш қарор медиҳад ва мефармояд: «Ба паймони Худо, ки бо ҳам мебандед, вафо кунед ва савгандҳоеро, ки бо зикри номи Худо бар он таъкид мекунанд, нақз ва ботил нанамоед, дар ҳоле ки Худовандро зомини вафо ва аҳди худ қарор додаед ва ӯро бар худ гувоҳ гирифтаед. Бегумон, Худо ба он чи, ки анҷом медиҳед, олим ва огоҳ аст. Шумо ба аҳду паймони худ вафодор бимонед ва мисли он зане набошед (ки ба иллати девонагӣ) пашмҳои ришташудаи худро баъд аз тобидан муҷаддадан аз ҳам ҷудо мекард. Набояд ба хотири ин ки гурӯҳе ҷамъияташ аз гурӯҳи дигаре бештар аст, паймонҳо ва савгандҳои худро фаромӯш карда, аҳдшиканӣ кунед». (Сураи«Наҳл» оятҳои 91-92). Ё ин ки «Ба аҳду паймонҳо вафо кунед. Бегумон аҳду паймон (аз ҷониби Худованд) мавриди бозпурсӣ қарор мегирад» (Сураи Исро, ояти 34).

Худованди мутаол сифоти мӯъминони содиқро баён мекунад ва мефармояд: «Мӯъминони содиқ ва ростин касоне ҳастанд, ки амонатҳоеро, ки бар онҳо амин қарор дода шудаанд ва ба аҳду паймоне, ки бастаанд, риоя менамоянд ва дар ин амонатҳо ва паймонҳо хиёнат намекунанд» ( Сураи Мӯъминун, ояти 8). «Оре, касе ки ба аҳду паймони худ вафо кунад ва парҳезкорӣ пеша кунад (ба муҳаббати Худо даст ёфтааст), чаро ки Худованд парҳезкоронро дӯст дорад» (сураи Оли Имрон, 76).

Акнун фаҳмидед, ки аҳду вафо ба Ватан ва ҳисси баланди миллӣ доштан, ки ҳама хоси якдигаранд яке аз хислатҳои бисёр накӯи инсонианд. Инсони комил он касест, ки вафодор аст, нисбат ба Ватану миллати ҷоноҷони худ.

Олимҷон Табаров – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобд

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.