ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Одамият чист, худро дур аз шар сохтан
Илова кард: admin15-12-2020, 14:02---

Инчунин, дар ҳар як суханронии пурмуҳтавояшон Президенти кишвар аз вазъи ноороми олам сухан оѓоз менамояд ва таъкидаш ҳам гаштаву баргашта дар хусуси роҳҳои дур шудан аз бегонапарастиҳову гуруҳҳои ифротӣ, бо иродаи қавӣ ва тозагипарпстӣ паси сар намудани вабои асри имрӯза, бемории коронавируси КОВИД..19 мебошад. Барои мо ватандорони асил бояд ин гуфтаҳои Пешвои муаззамамон ҳам фарзу ҳам воҷиб бошад. Мо бояд баҳри ин ваҳдату истоқлолият, ки имрӯз насибамон гардидааст, заҳмат намоем ва онро устувортару мустаҳкамтар гардонем.

Чи тавре ки дар китоби муқаддаси Авесто омадааст:- «Дар даруни одамӣ ду фариштаи ҳамзод нуҳуфтаасту яке аз онҳо ӯро ба тарафи хайр ва дигаре ба тарафи шар мекашад ва ин кашокаш дар вуҷуди ӯ то рӯзи марг ҳамчунон барқарор аст». Аз ин рӯ вазифаи ҳар як фарди боору номус ин фариштаи ба тарафи хайр кашандаро дар ин шабу рӯз бояд дар худ парварда, барои ободии диёр кӯшиш намояд. Бояд ҳар кадомамон бидонем, ки «Ҳар чӣ дар ҳаёт бикорем, дар абадият ҳамон хоҳад сабзид», аз ин рӯ барои мову шумо лозим аст, ки ҳаётро чун бузургони олам дарк кунем ва мисли гуфтаи Вилям Шекспир «Тамоми ҷаҳон театр аст, одамон бошанд дар он ҳунарпешагонанд», амал намоем ва бояд ҳунарпешае бошем, ки ҳама аз таошоямон лаззат бубарад.

Ё ин ки, Ҳаёт вазифа аст. «Ҷустуҷӯи маънӣ-ин ҷустуҷӯи мақсад, вазифа ва кори умумист»-мегӯяд Фёдрови файласуф. Белинский бошад: «Мубориза шарти ҳаёт аст: ҳар гоҳ мубориза анҷом ёбад, ҳаёт мемирад», гуфтааст.

Мову шумо низ дар ин даврони пуризтироби сиёсиву иқтисодӣ, ки олами имрӯзаро фаро гирифтааст, бояд дар оила, корхона ва кӯчаву бозор танҳову танҳо оиди ваҳдату истиқлолияти кишвари азизамон ҳарф бизанему шабу рӯз шукргузори чунин амну амният ва тиҷиву оромӣ бошем.

Сорокини ҷомеашинос мегӯяд:- «Дар оянда ҳар ҳодисае рӯй диҳад, ман се чизро дар дили худ ҳамеша нигоҳ медорам. Ҳаёти ҳатто сахттарин ин беҳтарин ганҷинаи ҷаҳон аст. Адои вазифа-ганҷинаи дигарест, ки ҳаётро хушбахт мегардонад. Сеюм чизе, ки ман дарк кардам он аст, ки бераҳмӣ, нафрат ва беадолатӣ дар арсаи ақливу маънавию моддӣ, ҳеч гоҳ наметавонанд чизи абадиеро эҷод намоянд», ки ҳақ бар чониби ӯст.

Ана ҳамин гуфтаҳоро Тариқ Иқбол Сумро, сафири Покистон, дар ҳаққи Пешвои муаззами миллати мо чунин баён доштааст:

«Танҳо пешвоёни миллии нодир ва дурандеш, мисли Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон метавонанд фазои неку созандаро аз миёни марзҳо ба василаи талошҳои самимиву содиқона, ки барои манфиати ҳамаи инсоният равона шудаанд, фароҳам оварда, дар минтақа паҳн кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақикат марди нодир аст.»

Акнун, хонандаи гиромӣ, бароятон аз китоби «Ҷаммапада»- и Сиддҳартҳа Гуатама Буддо ҳикматеро меорам:-

«Он чӣ мо имрӯз ҳастем, ҳосили андешаи дирӯзаи мост, андешаи имрӯзаи мо ҳаёти фардоро эҷод мекунанд; ҳаёти мо ҳосила андешаи мост.

Агар инсон бо андешаҳои нопок гуфтору рафтор кунад, ранҷ аз паи ӯст ҳамчун чархи ароба аз паи ҳайвоне, ки ароба ба он баста шудааст.

Агар инсон бо андешаи пок гуфтору рафтор кунад, шодӣ аз паи ӯст чун сояи худи ӯ», аз ин рӯ ба ҳамаи мову шумо ҳамчун инсон лозим меояд, ки гуфтору рафтори неки инсонӣ дошта бошем, Ватанамонро мисли ҷонамон дӯст дорем. Ҳеҷ гоҳ дар фикри бадӣ, хиёнаткорӣ ва ваъдахилофӣ набошем, зеро тамоми амалҳоро сазоҳо дар пеш аст. Чуноне ки бузургони олам гуфтаанд:

Сазоҳоро ҷазоҳо дар камин аст,

Гуноҳи он ки ман кардам ҳамин аст.

Ана ба ҳамин маънӣ мехоҳам чанд сухан дар хусуси гуфтаи Конфусий баён намоям.

Дар Чини қадим мисли ҳодисаҳои имрӯзаи рӯи олам дар натиҷаи зиддиятҳои байни якдигарии қабилаҳо сулолаи ҳукумрони Чу таназзул меёбад, ки дар натиҷа зиддиятҳои қабилавӣ ва умуман давлатӣ авҷ мегиранд. Ҷои ҳукумати мутамарказро гуруҳҳои бо ҳам зид (мисли давлатҳои ҳозираи Шарқи наздик, Давлати исломӣ, гуруҳҳои шиагоро, салафия, ифроткориҳои гуруҳҳои гуногун), инчунин мазҳаббозиҳову ашрофиҷӯёни сарвату ҳукумат гирифтанд, ки олиҳимматии ҷавонмардона аз байн рафт. Аз раҳму шафқат, анъанаву одати мардум дигар нишоне ҳам намонд, эътибори динҳову мазҳаб ва шахсони обрӯманди қаблӣ коҳид. Дар чунин шароит дар ҷомеа аксаран гурӯҳҳои мухталифе пайдо мешаванд, ки роҳи ҳалли гуногун ва баъзан мухолифи ҳамдигарро масоили давлат пешниҳод менамоянд, ки ба ҳалли мушкилот чандон натиҷа шуда наметавонад. Аз ин рӯ Конфусий мегуфт, ки инсоне, ки дорои хайрхоҳӣ аст, чунон олиҳиммат мегардад, ки миёни одамони миллатҳои гуногун фарқе намегузорад, зеро барои ӯ «Дар миёни чор девор ҳама хоҳару бародаранд».

Аз Кофусий пурсиданд: «Оё дӯст доштани душманони худ, онҳое ки мухолифи моянд, лозим аст?». Гуфт: Ба ҳеҷ ваҷҳ. «Ба адолат одилона ҷавоб диҳед, ба муҳаббат бошад бо меҳрубонӣ. Вагарна хайрхоҳии худро беҳуда сарф менамоед». Ҳатто ӯ муҳаббати бетафовутро харобкунандаи асосҳои ҷомеъа медонист, ки айнан ҳамин гуфтаҳоро мо имрӯз дар байни баъзеамон мебинем, ки ба муҳаббату меҳрубонии давлату Ватанамон бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Бегонапарастӣ мекунанд, хиёнати пинҳонӣ меварзанд, шукронаи амниятро намекунанд, мегӯянду иҷро намекунанд, ки гуноҳест ниҳоят азим. Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим ҳадисе омадааст: «Аломати мунофиқ се чиз аст: чун сухан ронад дурӯѓ мегӯяд, чун ваъда кунад, хилоф меварзад, вақте эътимод карда шавад хиёнат мекунад»

Аз ин рӯ мо бояд минбаъд:-

Он дида, ки ибрате нагирад, кӯр аст,

Он нуқл, ки лаззате набахшад шӯр аст.

Он лахт, ки таѓайюр напазирад кафан наст,

Он хона, ки табдил наёбад гӯр аст --

ро сармашқи кори худ кунем.

Худованд муҳаббати худро махсуси мӯъминоне намуда, ки корҳои бисёр нек анҷом медиҳанд ва дар масири ислоҳ қадам бармедоранд ва ҷомеаи инсонӣ аз файзи вуҷуди онҳо баҳраманд аст, муҳаббат ба мӯъминонро исбот ва эълом медорад ва дӯстони маҳбуби Худро ба авсофе тавсиф мекунад, ки усулу пояи ахлоқ, сарчашмаи фазоил, шарофат ва каромоти инсонӣ астанд. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ҳар кадоми мову шумо азизони дилу ҷон, бояд дар ин шабу рӯзҳо бисёр боандеша ва дурандеш бошем. Бисёртар илм биомӯзем, зеро:--

Илм танро ба ҷои ҷон бошад,

Сари беилм бадгумон бошад.

Акнун биёёд ҳама чкҷоя барои ободиву озодиамон заҳмат намоем ва ин Ватани биҳиштосоямонро ободтару шукуфотар бигардонем.

 

Олимҷон Табаров – сокини нохия

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.