ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Олим шудан осон, одам будан мушкил.
Илова кард: admin18-12-2020, 09:00---

Ба гуфти домулло Соҳиб Табарови ниҳоят азияткашида ва ҷабрдида гуфтаниам, ки !Эй Одамон! Ба якдигар хиёнат накунед, ситам нанамоед, бад нагӯед ва таҳқир накунед, ки фардо навбати шумо хоҳад омад, чи тавре ки : САзоҳоро ҷазоҳо дар камин аст, Гуноҳи ман, ки он кардам ҳамин аст” хоҳед шуд.

Дониста гиред, ки ризқу рӯзӣ, умри одамӣ ва зиндагонии шахс азалист. Агар умрат бист сол бошад, албатта бади сипарӣ кардани он албатта хоҳӣ мурд. Агар ризқат кам бошад ҳеҷ чиз фоидаат нахоҳад карда, беҳтарас ба салоҳ ва сулҳ биё ва аз ҳисоби касае зиндагӣ кардан гир ва ё ба он шукрона бикун. Агар ба касе тақдири ҳаётатро Худованд бо касе созгор карда бошад бо хоҳи зист, ё нек ва бад,нек шав ва тоқат куну аз пайи зиндагии осуда бош.

Донӣ, ки чаро тифл ба ҳангоми валодат,

Бо гиряву бо нолаву бо оҳу фиғон аст.

Бо он ки бурун омада аз турбати торик,

Имрӯз дар ин арсаи пурнури ҷаҳон аст.

Бо он ки дар он ҷо ҳама хуни буд хӯрокаш,

Имрӯз шакар бар лабу шираш ба даҳон аст.

Донад, ки дар ин арса чиҳо бар сараш ояд,

Бечора аз ин лаҳзаи аввал нигарон аст.

 

Ба фикрам хонандаи арҷманд донистед, ки ин шеърро барои чӣ мисол овардам. Вақат ду мисраи охирашро андаке шарҳ доданиам, устод мегуяд:

"Тифл вақте ки ба дунё меояд Худованд ба ӯ мегӯяд: Эй банда (яъне "Одам”) огоҳ бош, ки акну туро ба дунё овардам ва аз ҳамин лаҳза аз қафоят чизеро фиристонидам, ки номаш "марг” аст. Эҳтиёт бош, ки мумкин худи ҳозир, ё як сол ё сад сол умрат медиҳам ва дар баробари марг боз нафси палиди аммора ва шаҳватро низ бо ту ҳамроҳ кардаам, барои онҳо хиёнат мекунӣ, мефурӯши, мекушӣ, зино мекунӣ дурӯғ мегӯӣ ва ғайра”. Аз ин сухани Худованди қодири тавоно тифл гря мекунад, ки ҳай дареғ имрӯз ё фардо ман мемурдаам, барои ин бояд хиёнат накунам, ликин оё ин корро карда метавониста бошам? Инаш ба хонандаи арҷманд ҳавола. Бана ҳаминро гуфтаниам, ки эй одамон шумо мирандаед, чаро ба якдигаратон хиёнат мекунед, чаро ба сари якдигар санги маломат мезанед. Охир ҳар кас аз меҳнату заҳмати худ мехӯрад ку? Чаро шумо баъзеатон туҳмат, дурӯғ, буҳтон, сиёҳ кардан, фурӯхтанро ба шахси дигаратон раво мебинед!? Чаро шумо шири одамӣ нахӯрда ва ақли инсонӣ надошта бошед!? Оё намедонед, ки "Чоҳ, ки аз баҳри дигарон кандам, Ҳам дар он чоҳ афтид фарзандам”, гуфтаанд бузургони мо аз таҷриба ва чиҳи дидаашон.

Ин дар сурат "Одамон” и дохилӣ, ки ба одам гуфтан ҳатто забони кас намегардад, ба мисли хоинони миллдат, ки дар хориҷи кишвар истода, санги маломат ба сари мардуми ватанпарвари мо мезананд, бадтаранд. Дар як ҷо кор мекунан, ҳар саҳару бегоҳ бо ҳам салом мекунанд, ҳатто дар як ҷо нон мехӯранд ба як дигар хиёнат мекунанд. Ин бисёр аламовар ва дилшикананда аст.

Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,

Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

Гуфто, ки киро куштӣ, то кушта шуди зор!

То он ки кӣ ӯро бикушад, он кӣ туро куш.

Ангушт макун ранҷа ба дар куфтанӣ кас,

То кас накунад ранҷа ба даркуфтанат мушт.

 

Бародарони азиз банда ҳамчун як шаҳрванди асили ин хоку дон аз ҳамаи он бадкорони пинҳонкоре, ки дар пайи сиёҳкунӣ бадномкунии дигаронанд хоҳишу таманно дорам, ки "Бикуш оташи хурд пеш аз газанд, Ки гетӣ бисӯзад, чу гардад баланд.” Ҳазорон бахшиш аз он инсонҳое, ки дар пайи зиндагии ҳалолу осудаанд, ки чунин суханони вазнинро дар ҳаққи баъзан нокасон гуфтам на чунин шахсони боору номуси миллат.

Зиндаю ҷовид монд ҳар ки накӯном зист,

К аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

 

Шоду сарбаланд ва осудаю обод ва амн бошед эй халқи қавиирода ва асилу ростгӯи миллати азизи дилу ҷонам.

 

Олимҷон Табаров сокини ноҳияи Муминобод.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.