ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ТаҷлилиРӯзи Президент ваомӯзиши китоби Пешвои муаззами миллат “Забони миллат ҳастии миллат”
Илова кард: admin18-12-2020, 09:02---

Чуноне ки аз таърихи сиёсӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ медонем, марҳилаи гузариши ҳар давлату кишвари тобеъ ба сӯйи истиқлол давраи басо душвор ва кори пурмасъулият барои миллат ва пешвоёни сиёсии он буда, дар ҳар кишвар шаклҳои худро дорад. Пешвои муаззами мо аз он бузургонест, ки барои Ваҳдату Истиқлолият офарида шудааст. Чуноне ки Тариқ Иқбол Сумро, сафири Покистон дар симои Пешвои муаззами мо гуфтааст: "Танҳо пешвоёни миллии нодир ва дурандеш, мисли Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмон метавонанд фазои неку созандаро аз миёни марзҳо ба василаи талошҳои самимиву содиқона, ки барои манфияти ҳамаи инсоният равона шудаанд, фароҳам оварда, дар минтақа паҳн кунанд. Эмомали Раҳмон дар ҳақиқат марди нодир аст”.

Мисли ҳамин гуфтаҳотоҷикон дар тули ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдбории мардонавор паси сар намуда, бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии нуҳуфтаи сарзамини хешро ҳифз кардаанд. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик пас аз суқути давлати Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиқлоли деринтизори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш паём фиристад. Хушбахтона, истиқлолияти давлатии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ эътироф гардид. Ниёгони хирадпешаамон ҳамвора дар орзуи расидан ба ин рӯзи хӯррамиву фирӯзӣ ниёишҳои зиёдеро ба қалам овардаанд ва танҳо дар даҳсолаи охири асри ХХ мо ба ин саодати бузург шарафёб шудем.

Яке аз чунин рӯйдодҳои муҳим, ки баробари ба Истиқлолияти давлатӣ дорад ин чоп ва нашри китоби Пешвои муаззами миллат "Забони миллат ҳастии миллат” мебошад, ки тамаддунсоз будани миллати тоҷикро нишон медиҳад. Қисми аввали китоб давраи пеш ва ибтидои забони тоҷикиро дар бар мегирад. Қисми дуввум бошад аз давраи ҳуҷуми муғулхо сар шуда то давраи нави асри 20 идома меёбад.

Барои ҳар як тоҷики асил ва махсусан муаллим донистани вазъ ва мақоми забони модарӣ шарт ва зарӯр аст. Маҳз аз китоби муқаддаси "Забони миллат ҳастии миллат” кас бузургиву манзалати забони тоҷикиро дарк мекунад. Кас аз рӯи ин китоб дарк мекунад, ки ҳуҷуми муғул чи харобиҳову вайрониҳо ва шикасти азими илмӣ, сиёсӣ, маданиву адабӣ ва забониро аз худ боқӣ гузошт. Гар чанде ки ҳуҷуми муғул харобиҳои зиёдеро оварда бошад ҳам, вале олимони бузурги адабиётамон Ҷалолиддини Балхӣ, Насируддини Тусӣ, Шамси Розӣ, Шайх Саъдӣ ва дигарон дар ин давра бо таълифи осори гаронбаҳои манзумиву мансурии худ имкониятҳои васеи забони тоҷикиро дар байни матолиби ирфонӣ ба оламиён нишон додаанд.

Чи гунае, ки Саъдии бузургвор дар давраи ҳуҷуми муғулу туркони хонумонсӯз гуфтааст:

Бурун рафтам аз танги туркон, чу дидам,

Ҷаҳон дар ҳам афтода чу мӯйи зангӣ.

Ҳама одамизода буданду лекин,

Чу гургон ба хунхорагӣ, тезчангӣ.

Ҳамин тариқ Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хӯҷандӣ ва дигарон муборизи тозагии забони тоҷикӣ буданд.

Боби "Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон” низ ниҳоят ҷолиб аст Кас пас аз хонадани ин боб бузургӣ ва муҳташамии забони тоҷикиро ба пуррагӣ дарк мекунад. Бузургони мо дар ҳар гушаву каноре, ки зиндагии кардаанд, забони тоҷикиро бузург дониста, баҳри шукуфоии пойдории он муборизаи қаламу суханро пеш бурдаанд.

Муборизаи Сафовиёну Шайбониён ва ҳуҷумҳои пай дар пайи Темуриёни ҳинд вазъи миллати тоҷик боз ҳам вазнинтар гардид. Вақте ки Исмоили Сафавӣ дар эрон мазҳаби шиаро давлатӣ эълон намуд, байни ин ду давлат Шайбониён ва Сафавиёни шиамазҳаб бадбиниҳо шиддат мегирифт, ки вазъи зиндагии мардум ва махсусан забон бад шуд.

Ҳамин тариқ то давраи манғитиён ҳамин ҳолати ногувор дар байни халқумахсусан олимон идоман намуд, вале дар ягон давра забони тоҷики моҳояти худро гум накард ва то имрӯз инкишоф ёфта омад.

Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувийат ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳуввият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардидем. Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаидурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.

Баъди соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи замонӣ ба дасовардҳои назаррас ноил гардид ва бо ҷаҳду талоши созандаву бунёдкоронаи халқи азизамон ба кишвари ободу осуда мубаддал гашт. Акнун моро зарур аст, ки баҳри таҳкими ҳувийати миллӣ ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллӣ, инчунин ҷиҳати бедор намудани ѓурури миллӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон гузаштаи пуршебу фарози миллатро хотировар шаваем ва аз корномаҳои дурахшони фарзандони халқи худ ҳар чи бештар насли имрӯзро огоҳ намоем.

Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд.

Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргӯзидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем. Маҳз ба ҳамин хотир ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, бахусус 1100-солагии давлати маънавибунёди Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500 солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, бузургдошти шахсиятҳои сарсупурдаи илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигаронро баргузор намуда, аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун овардем, ки бо моҳият ва арзишҳои ҷаҳониашон хушиносии тоҷиконро таҳким бахшиданд.

Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳилаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст.

Рӯ овардан ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон боз ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориробедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф, ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътимод ва эътиқод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳиустувори миллат ба шумор меравад.

Мо дар ҷаҳон имрӯз фарҳанги беназир дорем ва вориси тамаддуни беш аз ҳазорсола ҳастем. Баробари ин шахсиятҳои бузурги фарҳангиву таърихие дорем, ки ҳар кадоми онҳо мавраидиэҳтироми хосу ом мебошанд. Вале замони муосир моро водор месозад, ки баробари ифтихор доштан аз гузаштагони хеш дар арсаи зиндагии имрӯза қаҳрамонҳои корзори замонро ба воя расонем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, чароѓи маърифатро партавфишон созем ва ба наврасону ҷавонони соҳибзавқи хеш ба дастовардҳои тоза ноил гардем, то онҳо шукуфоиимиллатро таъмин намуда, кишвари моро ба як сарзамини аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил диҳанд.

Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳими истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамин абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хешбо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шӯҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замонбоиси ситоиш ва қадрдонӣ мебошад. Ёд овардан ва муаррифӣ кардани шуҷоату далерӣ, фазлу дониш ва бузургиву тавонмандии онҳо далели эҳтироми мо ба таърих ва симоҳои таърихиву сиёсӣ ва фарҳангии халқи азизамон аст.

Яке аз ана ҳамин абармардони сиёсию таърихии халқи азизамон Асосгузори сулҳу Вахдаити миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон мебошад, ки хизматҳои ӯ дар Истиқлолияту Ваҳдати миллии халқамон беназиранд. Имрӯз айни муддао шуд, ки бо қадрдонӣ Рӯзи 16 ноябри соли 2016-ро рӯзи таҷлилӣ ҷишни Президент эълон доштанд ва минбаъд ин рӯзро ҳамчун таҷлили Рӯзи Президент қайд мекунанд.

Мардуми шарифи ноҳияи Муъминобод бо овози баланд ва ҳисси ифтихори миллӣ ин рӯзро Рӯзи сарнавиштсози миллат қабул намуданд. Рӯзҳои 12-13-уми ноябр дар китобхонаи марказии ноҳия, китобхонаҳои рақамии деҳаҳо ва «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» намоиши китобҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат ба намоиш гузошта шуда, мардуми зиёди толибилм аз он баҳра бардоштанд. Рӯзи 15 ноябр дар назди «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» муаррифии китобҳои тозанашри Президенти мамлакат «Забони миллат- ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» бо иштироки 127 нафар омӯзгорону хонандагон ва зиёиёни ноҳия баргузор гардид.

Рӯзи 16 ноябри соли 2019 бо иштироки тамоми мақомотҳои дар дар ноҳия буда, муаллимону зиёиён ва сокинони ноҳия роҳпаймоии умуминоҳиявӣ ва маҷлиси ботантана ба ифтихори таҷлили Рӯзи Президент баргузор гардид, ки ифтихор аз ватандорӣ ва ватанпарварист.

Зинда бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, поянда бод Ваҳдати миллии мардуми тоҷик!

Шараф ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Рӯзи Президенти кишвар ба ҳама мардуми шарафманду тамаддунсози халқи тоҷик муборак бошад!

 

Олимҷон Табаров- мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.