Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Ин рафтори номардонаи намояндагони ҲНИ ва беобрӯии онҳо ҳазорон сол барои халқу миллату фарҳанги мо басанда аст ва аз касолату касофатзадагии амалиётҳои ҲНИ ҳазорон нафар даст ба ҷанги хонумонсӯз зада, ба тору пуди миллат рахна ворид намуданд. Ҳамон солҳо бо касофати ин хоинон мардуми бегуноҳ ба хун оғӯшта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир гардида, ҷумҳурии моро аз дигар ҷумҳуриҳори собиқшӯравӣ ба тӯли чандин даҳсолаҳо ба қафо андохт.
Ин душманони миллат исломи нобро ниқоби худ сохта, мехостанд ба "сулҳ”-у "ваҳдат”-и Тоҷикистони тозаистиқлол рахна ворид созанд, хуни мардумро боз бирезанду оромии ҷомеаро аз байн баранд. Ба ёд оред, ҷанги дохилии Тоҷикистонро ҲНИ ташкил кард ва аз тарафи ин ташкилоти террористӣ – экстремистӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии кишвар кушта шуданд, ин амалҳо худ ба миллати тоҷик душман будани онҳоро исбот менамояд. Ин инсонҳо душмани халқу миллат ва Вахдат намебуданд, идае аз мардуми мо ба хусус ҷавононро гумроҳ намуда, ба сӯи ҷаҳолату хунрезӣ равона намекарданд.
Вале тақдир барои миллати тоҷик ҳодиву раҳонандаеро, бо номи Эмомалӣ Раҳмон эҳдо намуд, ки маҳз ба шарофати он кас сулуҳу субот дар ҷумҳурӣ истило ёфт.
Аз хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳаи охири асри гузашта ин буд, ки ба хотири сулҳу субот, ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон гунаҳкоронро афв намуданд, аз ҷумла ана ҳамин хоинони давлату миллат, яъне наҳзатиҳоро низ бахшиданд, ки тӯли ин қадар сол дар фазои сулҳу оромӣ сарзамини хеш кору фаъолият намуданд. Ҳарчанд, ки ҷиноятҳои онҳоро ҳама медонистанду аз он огоҳ буданд, ба хотиру сулҳу осоиштагии кишвар давлату ҳукумат аз онҳо даъвое накард. Вале ин ҳаромзодагон тинҷию оромиро нахостанд ва аз сари нав хостанд, ки ба фазои ороми Ватан нуқсон ворид намонд. Мехостанд дубора мардумро ба гирдоби хун оғӯшта кунанд, мардуми сарҷамъро парешону беватан гардонанд, аммо ба нияти нопоки худ ҳеҷ гоҳ нарасиданд ва намерасанд.
ҲНИ аз рузҳои ташкилёбиаш душманиро сар кард, то кунун душмани халқу миллат, душмани ваҳдату амният ва душмани фазои орому осудагии мо мебошад.
Аз ин ҷо бармеояд, ки сарчашмаи асосии экстремистӣ – террористӣ ин ҳамон ҳаракатҳое мебошанд, ки исломро сипари худ ҷило додаанд ва мардумро аз лиҳози динӣ фиреб доданд, дини исломе, ки мояи онро инсондӯстиву инсонпарварӣ ташкил мекунад ба даҳшату ҷаҳолати худ хатокорони истифода намуданд. Ин афрод бо номи чунин ҳаракатҳо: Салафия, Ваҳобия ва ТЭТ ҲНИ, Ал-қоида, Толибон, Ҷиҳод, Давлати исломӣ ва ғайра мебошанд, ки гурӯҳҳои асосии террористӣ ба шумор мераванд.
Директоримуассисаитаълимии № 16: НуровБарот
silvenpsp.rusferurezki.ru