ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати ҳалол барои некуаҳволӣ ва ободии Ватан ҳидоят мекунад. Эмомалӣ Раҳмон. Муъминобод, як порча а...
Тақвими хабарҳо;
«    Март 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ҲНИ ҳизби террористи.
Илова кард: admin16-02-2021, 14:16---

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди омӯзиши пайваста ва ҳамачониба шаклҳои зиёди экстремизм, ба монанди экстремизми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайраро муайян кардааст. Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти хоси худ буда, онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона ва бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад. Дар ҳолати ба таърих назар кардан, ба мушохида мерасад, ки созмону ташкилотхои террористӣ-экстремисти дар кишварҳои гуногун амал намуда, ҳар яке бо ҳамдигар алоқаи зич доранд ва ҳамзамон заминагузори ҳизбу ҳаракатҳои нав ба нави террористиву экстремистӣ гардидаанд. Чунончи "Ихвон-ул муслимин” дар Миср, "Анҷумани ҳуҷҷатия” дар Эрон, "Ваҳҳобия” дар Арабис­тони Саудӣ, "Ҳаммос” ва "Ҳизбуллоҳ” дар Фалас­тин, "Муҷоҳиддин” дар Афғонистон, Ҳизби наҳзати ислом ва "Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар Тоҷикистон ва ғайраҳо мебошанд.

Таъкид кардан аз манфиат холӣ нест, ки дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ хадамоти махсуси хориҷӣ манфиатдор буда, чунин ғояҳои ифротӣ ва тахрибкоронаро миёни ҷавонон ташвиқ ва интишор мекунанд. Айни замон гурӯҳ­ҳои террористӣ – экстре­мистии ба ном «Давлати исломӣ», "Ҳизби наҳзати ислом”, «Ҳизб-ут-таҳрир», "Ҳара­кати исломии Узбекистон”, "Ҷамоати Ансорул­лоҳ”, "Ҷамоати таблиғ”, ҷараёни "Салафия”, «Ҳизбул­лоҳ», «Ал-қоида», «Боко-Ҳарам», «Толибон» ва ғайраҳо, ки дар маҷмуъ шумораи онҳо зиёда аз 65 адад мебошад, барои роҳандозӣ намудани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд.

Боиси зикр аст, ки Ҳизби наҳзати ислом давоми фаъолияти худ пуштибони ҳаракату ҳизбҳои экстре­мистӣ, аз қабили "Ҳизб-ут-таҳрир”, "Ансоруллоҳ”, "Ҷамъияти таблиғ”, "Ҳаракати исломии Туркистон”, "Ҷундуллоҳ” "Ҷараёни Салафия”, Ихвон-ул-муслимин ва "ДИИШ” буда, худ низ як ҳизби экстремистӣ ва террористӣ ба ҳисоб меравад, ки инро бо амалаш собит кардааст.

Дар мавриди матраҳ наму­дани масъалаи мазкур дар назди мо ду вазифаи муҳим меистад, ки иҷрои он ба ақлу заковат, дониш, ҷаҳонши­носӣ, масъулият ва қобилияти ташкилотчигии ҳар яке аз мо вобастагӣ дорад.

- Якум, дарки маърифати дурусти вазъи сиёсии ҷаҳон, хоса Осиёи марказӣ ва додани баҳои дуруст ва ҳаққонӣ ба он . Фаҳмидани замина ва сарчашмаҳои воқеии экстремизм ва хушунат дар минтақа.

- Дуюм, гирифтани пеши роҳи пайвастшавӣ ва шомил­шавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонони гумроҳ ба ҳизбу ҳараккатҳои экстремистӣ-террористӣ тавассути тарғиботу ташвиқоти оммавӣ.

Директори муассисаи таълимии № 25: Зайнура Ҷобироваsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Андешаи Шумо
Ном:*
E-Mail:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз:
Включите эту картинку для отображения кода безопасности
обновить, если не виден код
Рамзро дохил кунед: