| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Имрӯзҳо мо мебинем, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ, ба сари миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон суханҳои айбҷӯёна ва маломатонае мерезанд. Ҳизби тероритии экстремистии наҳзати исломи дар паноҳи ҳомёни хориҷӣ тамаъҷуи худ махсусан дар давлати Полша ҷой гирифтанд ба сари давлату миллати Тоҷик суханҳои таҳқиромезро фаро мерезанд. Терористон ҳаргиз ба меҳнати ҳалол кардан моил нестанд ва ба ягон ҷомеа ғайр қатлу куштори бераҳмона ва тафриқа андохтан байни одамон чизи дигареро оварда наметавонанд.
Ҳар як фарди комилҳуқуқи ҷомеа сарфи назар аз мансубияти иҷтимоияш бояд ба қадри Истиқлолияти давлатӣ Ватани ободу зебоямон Тоҷикистони азиз ва арзишҳои волои фарҳангиву миллиамон бирасем, бо дарки масъулияти баланд ва меҳнати ҳалол ватанамонро ҳифз намоем. Ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ инчунин ҷалби онҳоро ба корҳои созандагию ободкорӣ ба ҳри давлату миллати худ тарбияи намоем.
Дирректори муассисаи таълими №13 ________________Азизов А
silvenpsp.rusferurezki.ru