ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати ҳалол барои некуаҳволӣ ва ободии Ватан ҳидоят мекунад. Эмомалӣ Раҳмон. Муъминобод, як порча а...
Тақвими хабарҳо;
«    Февраль 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Кабирӣ ва пайравони ӯ дасисаҳои навбатии худро рохандози доранд
Илова кард: adminn8-02-2019, 09:30---
Кабирӣ ва пайравони ӯ дасисаҳои навбатии худро нисбат ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол шарму ҳаё накарда давом дода истодаанд. Ҳол он ки мардуми шарифи тоҷик ин амалҳои разилонаи Кабирӣ ва пайравонашро қотеона маҳкум намудаанд. Акнун фурсат фаро расид ва парда аз симои воқеии онҳо бардошта шуд ва мақсадҳои муғризона ва нопоки онҳо нисбат ба давлату миллат ба ҷаҳониён ошкор гардид. Роҳбарияти ин ҳизби хиёнаткор шарм накарда, ҳамаро монанди худ гумон мекарданд яъне: хоину ватанфурўш ва мунофиқ, вале Худованд ба мардуми шарифи Тоҷикистон  ақлу заковат ва фаҳму дарк  ато намуд, то ашхоси муғризро аз ашхоси мухлис фарқ намоянд. Ин хиёнаткорони ватанфурӯш, аз ҷумла Кабирӣ ва пайравонаш аз хориҷи кишвар истода, алайҳи давлату ҳукумат нақша кашида истодаанд ва бо ин иғвоангезии худ мехоҳанд бо ҳар баҳона амнияту суботи кишвари азизамонро халалдор созанд. Кабирӣ фаромӯш кардааст, ки он нооромие, ки дар Тоҷикистон сар зада буд, аз  дасти фарзандони нохалафе мисли ӯ ва ҳаммаслакони ӯ ба вуҷуд омада буд. Танҳо мақсади Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, рехтани хуни мусулмонон ва ба нестӣ бурда расонидани дину мазҳабу миллат мебошад. Имрӯзҳо наҳзатиён арзишҳо ва муқаддасоти динию мазҳабиро барои барангехтани оташи кинаву адоват ва хушунату хунрезӣ ба манфиати худ истифода бурда истодаанд. Имрӯз тамоми мардуми сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар қаламрави кишварҳои мусулмоннишин ва дигар минтақаҳои ҷаҳон шуда истодаанд. Кабирӣ ва баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ оромии кишварамонро дидан намехоҳанд ва аз ин рӯ мехоҳанд бо туҳмату буҳтон иғвоангезии худро давом дода,  вазъи амну суботи кишварамонро ноором созанд. ба ин мо хеч вакт рох нахохем дод. Бояд ба қадри ин неъматҳо бирасем ва нагузорем, ки ҷиноятҳо ва амалҳои террористиву экстремистӣ содир бишаванду суботу оромиро барҳам зананд ва дини мубину поки Исломро душманони онон бадном бисозанд.
 
ШАРИФЗОДА Л.
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Андешаи Шумо
Ном:*
E-Mail:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз:
Включите эту картинку для отображения кода безопасности
обновить, если не виден код
Рамзро дохил кунед: