ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Гурӯҳои ҷангҷуи ТЭТ ҲНИ дар Афғонистон
Илова кард: admin11-03-2021, 14:01---

Ҳарчанд Кабирӣ худро батамкин нишон медиҳад, вале ҳатто дар нутқи хатиаш вобаста ба ин масъала асабоният эҳсос мегардад. Воқеан айни замон роҳбарияти ТЭТ ҲНИ дар ҳолати асабоният ва яъсу ноумедӣ ба сар мебаранд. Кори сиёсии "мусолиматомезашон” дигар танҳо дар доираи изҳороту баёнияҳои аҷибу ғариб маҳдуд гаштааст. Аз яктараф эътирофи мардумиро пурра аз даст додаанд ва танҳо умедашон ба амалиёти мусаллаҳонаи ҷангӣ боқӣ мондааст, аз сӯи дигар ин амалиёт низ ошкор шуда, "таъсири ногаҳонӣ”-ашро гум кард. Ҳатто дар Аврупо низ баъзан ҳамсафонашон изҳори норозигӣ карда истодаанд, ки маблағҳои грантии барои фаъолияти таблиғотии онҳо ҷудошуда ба самтҳои номаълум харҷ мегардад ва онҳо барҳақ лақаби "опозитсияи шаурмахур”-ро гирифтаанд. Акнун маълум гардид, ки он маблағҳои барои "фаъолияти мусолиматомез” аз созмонҳои хориҷӣ гирифтаи Кабирӣ ба баҳонаи ҳифзи "зиндониёни сиёсӣ” ва "муҳоҷирони сиёсӣ” гирифтааш аслан барои мустаҳкам кардани блоки мусаллаҳонаи наҳзат дар Афғонистон харҷ мешавад. Чанд фиребхӯрдаи ҳамроҳаш ба Аврупо рафта бошад, чун роҳи бозгашт надоранд, аз ночорӣ юғи ғуломии Кабириро ба гардан гирифта, кашонда истодаанд. Як қисмашон ҳатто зиндонро аз нанги ғуломии ҳизби наҳзат боло дониста ба кишвар баргаштанд ва гуноҳашон авф шуда ҳамроҳи хешу табор дар озодӣ ва зиндагии одамвор ба сар мебаранд. Боқимонда дудила гаштаанд. Кабирӣ ҳам ин вазъиятро хуб дарк кардааст ва медонад, ки агар ба се чор изҳороти минбаъдааш ягон вокуниши расмӣ нашавад, мардум ӯро ҳамроҳи ҳизбу паймони лухтакиаш куллан фаромуш месозанд. Бе ин ҳам, кори сиёсии "мусолиматомезашон” ҳатто барои худашон дилбазан гаштааст. Ба ин хотир ягона умеди наҳзатиҳо ба ҷанги мусаллаҳона ва ворид шудан ба Тоҷикистон тавассути хоки Афғонистон мебошад. Тибқи иттилои дигар ҳатто дигар гурӯҳҳои террористиро низ барои кӯмак ҳавасмонд сохтаанд, то амалиёти худро ба сарҳади Тоҷикистон наздик созанд. Аммо чун мақсаду ҳадафи онҳо "каме дигар” аст, ҳарчанд дар таълими ҷангӣ додан ба наҳзатиён кӯмак карда истодаанд, вале барои ҳамроҳ даромадан ба хоки Тоҷикистон розӣ нашудаанд. Ҳатто "Ҳизбуллоҳ” ҳам пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ таваҷҷуҳаш бештар ба Исроил нигаронида шудааст, то ба Тоҷикистон. Аз ин рӯ ягона умеди наҳзатиён низ пас аз ошкор шудани нақшаҳои нопокашон тавассути ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ҷангӣ дар хоки Афғонистон таҳти хатар қарор гирифтааст.

Ҳамаи ин таҳлилҳо, мо сокинони Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба доми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ наафтем. Ба фиребу найрангҳои онҳо дода нашавем. Зеро нишонаҳои фитнаи наҳзатиён дар солҳои навадум дубора пайдо шуда истодааст. Маҳз ҳамон солҳо мардумро ба Афғонистон гуреза карда, он ҷо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятӣ ташкил доданд ва ҳоло низ кӯшиш мекунанд сокинони кишварро фирефта карда, ба гурӯҳҳои мусаллаҳи нави худ дар Афғонистон ҷалб созанд.

Мо мардуми бо нангу номуси кишвар бо шукргузорӣ аз суботу оромии ватанамон ҳар гуна хатар ба Истиқлолияти давлатиро, ки ташкили гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ яке аз чунин хатарҳо мебошад, маҳкум месозем.

Орзу Ҳамидиён – муовини раиси шаҳри Кӯлоб

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.