ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ПОЙДОРИИ СУЛҲ
Илова кард: adminn25-06-2019, 17:44---

ПОЙДОРИИ СУЛҲ

Сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони азиз 27 сол боз инҷониб танинандоз аст ва ин неъмату арзиши боло маҳз бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон соҳиби мардуми сарсони тоҷик гашт. Ҳеҷ гоҳ хотираи талхи лаҳзаҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз лавҳи хотири мардум оқилу бофарҳанги тоҷик дур намешавад. Ва намегузоранд, ки ин неъмати бо ранҷ ба даст омада, бо ганҷ аз даст равад. Арзиши Ватан доштан болотар аз дурру гуҳар буда, қалби ҳар сокини кишвар бояд аз ҳисси ватандӯстӣ, ватанхоҳӣ, ҳифзи амният ва муқаддасоти давлат саршор бошад. 

Имрӯзҳои бо суръати баланд вусъат ёфтани фаъолиятҳои гуногуни кишоварзӣ, саноаткунонӣ, тиҷоратӣ, энергетика ва ғайра дар кишвар гувоҳи пешрафту пойдории сулҳ дар Тоҷикистони азиз аст. Муносибатҳои байналмиллалии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо зич ва алоқаманд гардида, дар ҳалли мушкилотҳои гуногуни давлатдорӣ, амнияту бехатарӣ, мубориза бар терроризм ва экстремизм саҳми калон дорад. 

Дар ин асно мухолифини озодию сулҳ дар Тоҷикистон барои пешрафти кишвар ва халадор намудани амнияти кишвар ифротгароиро дар шабакаҳои иҷтимӣ ба роҳ мондаанд. Махсусан, ҳизби манмнуи террористӣ дар Тоҷикистон ҲНИТ бо роҳбарии М. Кабирӣ ва фирефтагону пайравони гумроҳи он дар хориҷи кишвар аз зумраи чунин бадхоҳону бадкорон ва халалдор кардани сулҳу субот дар Тоҷикистонанд. Ин нобакорон, хоинони ватанфуруш дар хориҷи кишвар тариқи сомонаи расмии худ «Payom.net» ростро чаппа, сафедро сиёҳ нишон дода худро забуну аламдида, мухолиф нишон дода фиреби мардуми соддаи аз илм дурмондаро мекунанд. 

Дигар мардуми Тоҷикистон ба суханҳои хоинонаи наҳзатиёни ватанфуруш бовар накарда, зиндагони бо тарс ихтиёр намудаи онҳоро ихтиёр намекунанд. Аз хоинон чи ҳоҷати кумак пурсидан мемонад дигар. Ҳодисаҳои нохуши дар ҷумҳурӣ руйдодаро ин гуруҳ дар шабакаи иҷтимоии фейсбук (facebook) чунон обу ранг медиҳад, ки гӯё ҷуз ин ватанфурушон каси дигар дар фикри давлату миллат набошад. Амалҳои тахрибкорӣ, ғоратгарӣ, қатлу куштори ин наҳзатиён дар навори "Бозгаш аз ҷаҳаннам” айён байн гардида, тавассути телевизион барномаҳои зиёд

ҳадафҳои ғаразноки ин ҳизби мамнуи террористӣ дар Тоҷикистон манзури сокинони кишвар гардонида шудааст. 

Мо мардуми шарафманди тоҷик бояд ба қадри ин миллат, давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун бояд бирасем. Доимо баҳри ҳифзи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият кушиш намуда, саҳми худро бигузорем. 
 

Нуралӣ Одинаев,  омӯзгори фанни забон ва адабиёти МТМУ №13

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.