ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

23-ноябр рӯзи таввалуди Соҳиб Шӯҳратиевич Табаров
Имрӯз ба ифтихори зодрӯзи мунаққид ва адабиётшиноси барҷаста Соҳиб Шӯҳратиевич Табаров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, ба номи Соҳиб Табаров Конфренсияи умумимактабӣ шуда гузашт. Дар конфронс мудири шуъбаи руди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Олимҷон Табаров иштирок намуда, дар хусуси ҳаёту фаъолияти Соҳиб Табаров қайд намуд:
Соҳиб Шӯҳратиевич Табаров 23-ноябри соли 1924 дар деҳаи Чоррраҳаи ноҳияи Муъминобод таввалуд шудааст. Ӯ солҳои 1932-1934дар хонаҳои бачагонаи Муъминободу Тебалай, солҳои 1934-1939 дар омӯзишгоҳҳои омӯзгории Самарқанд ба номи Молотов, Панҷакент ба номи Лунаҷарский ва кӯлоб ба номи Лоҳутӣ таълиму тарбия гирифта, дар соли 1939 ба факультети адабиёти донишгоҳи омӯзгории Сталинобод ба номи Шевченко дохил меша вад ва онро дар соли 1943 бо мувфақият хатм менвмояд.
Фаъолияти меҳнатии Соҳиб Табаров аз солҳои 1941-1942 аз муаллимӣ ва директории мактаби миёнаи нопурраи ба номи Папании деҳаҳои заргар ва Қизилқалаи ноҳияи қурғонтеппа, муаллими омӯзиҳгоҳу курсҳои омӯзгории ба номи лоҳӯтии Кӯлоб (солҳои 1943-1944), муаллими кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Сталинобод (1944-1948) ва аспиранти Институти забон, адабиёт ва таърихи филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС (солҳои 1944-1949) оғбоз ёфтааст. Ӯ баъд дар соли 1949 дифо намудани рисолаи номади илиҳои филология дар мавзӯи «Романи «Ғуломон»-и С. Айни - романи таърихӣ» (чопаш соли 2005) дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС аз соли 1949 то моҳи феврали 1952 вазифаҳои ходими калони илмии Филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС ва Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва дар айни замон муаллимии кафедраи забон ва адабиёти томики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (сентябри 1948-феврали соли 1952), мудири кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърихи адабиёти тоҷик ва ададбиёти шӯрои тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (марти 1952-майи 1980), мувини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва илмӣ (июли соли 1953 – апрети 1956) ва муовини ректор оид ба корҳои илмии мамин Донишгоҳ (апрети 1956 – феврали1958), дотсенти кафедраи адабиёти шӯрои (1980-1985) ва ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Академияи илмҳои тоҷикистонро (сентябри 1985 то имрӯз) адо намудааст.
Фаъолияти илмиву тадқиқотӣ, мунақидӣ ва адабиётшиносии Соҳиб Табаров аз аввали солҳои чилуми асри 20 оғоз ёфтааст. Дар муддати ҳафтод соли меҳнати эҷодӣ ва пажӯҳишу ҷустуҷуҳои илмиву тадқиқотӣ дар аксари намуду навъҳои илми адабиётшиносӣ (таърихи адабиёт, назарияи адабиёт, адабиётшиносии муқоисавӣ, матншиносӣ, тарҷимаи адабӣ, услубшиносӣ ва ғайра) аз зери қалами ӯ тақрибан ҳаштсаду панҷоҳ – ҳаштсаду ҳаштод хабар, тақриз, мақола, хулоса, ссе, рисола, китову хрестоматияҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва дигар асарҳои назариявӣ, илмиву тадқиқотӣ, таълимиву оммавӣ, таҳлиливу танқидӣ ва монади онҳо дастраси хонандагон гардидаанд. Дар ин муддат омӯзишу таҳқиқ ва таҳлилу тадқиқи эҷодиёти устод Айнӣ, намояндагони насли дуввуми маорифпарварони тоҷик – Мунзим, Фитрат, Раббӣ, Беҳбудӣ, Ҳамдӣ, Мирзо Сироҷ, Аҷзи, Асирӣ, Васлӣ, Шакурӣ ва дораи онҳо инчунин адабиёти томики асри 20 то солҳои ҳаштодуми асри 20 дар маркази фаъолияти пажуҳишии Соҳиб Табаров буданд.
Дар натиҷаи таҳлилу тадқиқ ва таҳқиқу ҷӯстуҷӯи муаммову масъалаҳои мураккабу мубҳам ва печ дар печи таърихи адабиёти тоҷик дар асри 20 Соҳиб Табаров рисолаҳои «Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик» (1948), «Садриддин Айнӣ-асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1954 ба забони русӣ 1968), «Садриддин Айни сарояндаи Револютсияи Кабири Сотсиалисти Октябр» (1958), «Образи Ленин дар назми советии тоҷик» (1961), «Мирсаид Миршакар» (1962), «Пайрав Сулаймонӣ» (1962), «Дар васфи Октябр» (1968), «Симои ҷовидонаи Пешво дар адабиёти тоҷик» (1970), «Садриддин Айнӣ қофиласалори адабиёти советии тоҷик» (1977), «Адиби сухандон ва марли майдон» (дар бораи Лоҳӯтӣ, 1986), «Мунзим» (1991-2009), «Мунозира»-и Абдуррауфи Фитрат» (1999), «Васфи Ватан дар ашъори Абдуррауфи Фитрат» (2001) «Тақдири фоҷиавии як шоири тоҷик» (2001), «Мунзим, Беҳбудӣ» (2002), «Роҳбарони ноҷот»-и Абдурауфи Фитрат - қомуси хаёти халқи» (2002), “Мунзим –роҳбари ҷамиятии ҷавонон ва раиси фирқаи ҷавонон бухориён” (2003), “Мавлуди Шариф ё худ Миръоти хайрулбашар” Абдуррауфи Фитрат” (2003), “Мухтасари таърихи ислом”-и Абдуррауфи Фитрат” (2004), “Се маорифпарвари тоҷик дар бораи амирони манғит” (2006), “Зиндагиномаи садрддин Айнӣ” (2008), “Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи фитрат” (ду ҷилд, 2008,2009), “Мунзим” (2001), “Пайрав Сулаймонӣ” чопи дуввум 2012 ва даҳҳо дигар мақолаву хулосаҳоро эҷод намуд.
Ба сабаби он ки Соҳиб Табаров даҳсолаҳо дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз илмҳо ва курсҳои махсуси назариавию амалии адабиёти бадеӣ, аз қабили (мадҳали адабиётшиносӣ”, “Назарияи адабиёт”, “ Матншиносӣ”, “Адабиётшиносии муқоисавӣ”, “ Таърих ва назарияи танқиди адабиёт”, “ Методи таҳлили асари бадеӣ” ва амсоли онҳо дарс мехонд, доир ба қисме аз онҳо, ки асоси бунёди доранд, таҳкурсиву пойдевори мактабҳои илмии адабиётшиносии илмҳои номбурдаро дар Тоҷикистон гузошт.
Китоби “Назарияи танқиди адабӣ”-и устод Табаров С дар тамоми олам ягонааст, ки аз рӯи он дар мактабҳои олӣ дарс мегӯянд.
Ӯ, “реализми сотсиалистӣ” (1975), “дастури таълимӣ доир ба назарияи танқиди адабӣ” (қисми1, 1980; қисми 2, 1983; қисми 3. 1999), “Масъалаи миллӣ ва интернатсионалӣ дар адабиёти советӣ” (1983), “луғати русӣ-тоҷикии ислоҳоти адабиётшиносӣ” (1980-1988), “Адабиёти муосири советӣ” (қисми 1, 1984), “ Усули ленинии ҳизбӣ будани адабиёт ва ҳунар” (ба забони тоҷики дарӣ, 1986), “Методи таҳлили асари бадеӣ” (1992), “ Мубоҳисаи зиёии деҳотӣ” ва “музофоти шуъӯр” бо “Зиёии шаҳрӣ” ва “ шаҳри шуъӯр” (2003), “роҷеъ ба умумияти адабиётҳои миллӣ” (2004), “ Туҳмат ҳам ҳадду ҳудуд доштагист ё ки мо ҳам ҳуқуқи ҳимоя кардани худамонро дорем” (2005), вори асарҳояшро оид ба қисме аз илмҳои номбаршуда ба табъ расонд.
Соҳиб Табаров, ки бо тавсияи Мирзо Турсунзода ва боқӣ Раҳизода дар соли 1947 ба аъзои Иттифоқи нависандагони ИҶШС қабул гардида буд, бо фаъолияти мунаққидии хеш ба рушду камоли адабиёти тоҷики солҳои чилум –навадуми асри 20 саҳми хосае гузошт. Даххо мақола, тақриз, эссе, хулоса, муколлама, мунозираву мубоҳисаи ӯ доир ба паҳлӯ ва ҷанбаҳои гуногуни мухталиф ва мутафарриқи осори адибон ва умуман адабиёти ин давраи тоҷик дар ганҷинаи нақди адабии тоҷикро ғанӣ гардонданд, ки қисме аз онҳо дар панҷ ҷилд бо унвони “ҳаёт, адабиёт, реализм” (1966, 1978,1983,1984,1989) дастраси ханандаи умум гардидааст.
Соҳиб Табаров дар офариниши асару рисолаҳои ҷамъдастӣ, ба мисли “Очерки адабиёти советӣ”, “энсиклопедияи советии тоҷик”, “энсиклопедияи адабиёт ва санъат”, китобу хрестоматия ва барномаҳои дарсӣ, маҷмӯаҳо ма монанди онҳо ширкат варзидааст.
Давлату Ҳукумати ИҶШС ва Тоҷикистон хизматҳои Соҳиб Табаровро дар инкишофи илму фарҳанги тоҷик ба эътибор гирифта ӯро бо се ордени “Нишони фахрӣ” (1949-1954,1961), Грамота ва Грамотаҳои фахрӣ (1962,1984), медали “Собиқадори меҳнат” (1984), “Аълочии маорифи халқ” (1960), унвонии фахрии “Ходими хизматнишондодаи илм” (1991), Грамотаи фахрии КМ КПСС ва Шӯрои вазирони ИҶШС (1987), ордени “Дӯстӣ” (1999), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2010) ва Ҷоизаи Академияи илмҳо (2014), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва дигар нишону ифтихорномаҳо сарфароз гардондааст.
Соҳиб Табаров аъзо –корреспонденти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1953), доктори фахрӣ ва профессори фахрии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (2001), доктори фахрӣ ва профессори фахрии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба Айнӣ (2004) интихоб гаштааст, ки дар тамоми ҷумҳурӣ ягона мебошад.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Скачать кино шаблоны dle и обязательно Джон Картер Смотреть онлайн бесплатно, а ещё все скачать драмы бесплатно на сайте