Главная > Алока бо фазои итилооти > Алоқа ва фазои иттилоотӣ.

Алоқа ва фазои иттилоотӣ.


8-05-2015, 15:49. Разместил: adminn
Алоқа ва фазои иттилоотӣ.

Алоқа ва фазои иттилоотӣ.


Минтақаи 4-и қитъаи техникии ноҳияи Мӯъминобод, ки дар он 9 нафар кормандон ва муҳандисон фаъолият мекунанд, як пойгоҳи рақами дорои 730 нуқтаи телефонӣ ва 1 нуқтаи гуфтугӯи байни шаҳрӣ ба мардуми марказу деҳот хизмат мерасонанд. Аз ҷониби муассисаи мазкур дар соли 2012 дар ҳаҷми 98 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2010 24 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Сабаби асосии коҳиш ёфтани хизматрасони дар сатҳи ноҳия ин сифати пасти хизматрасони мебошад Нишондиҳандаҳои асосии соҳа дар ноҳия чунин аст:
-дарозии хатҳои телефонии байнишаҳрӣ 45 км;
-шумораи истгоҳҳои телефонӣ 2 адад;
-ғунҷоиши истгоҳҳои телефонӣ 2000 рақам;
-шумораи дастгоҳҳои телефонҳои асосӣ 2000 адад.
Мардуми ноҳия, инчунин аз шабкаҳои мобилии «Индиго», «Вавилон», «МЛТ», «Билайн», «ТК-Мобайл» ва ғайра истифода мебаранд.
Дар ҳудуди ноҳия 4 барномаи телевизионӣ (ТВТ, ТВ Сафина, Ҷаҳоннамо, Баҳористон) ва 1 барномаи радиои Тоҷикистон, пахш карда мешавад. Дар ноҳия 1 рӯзнома нашр мешавад. Рӯзномаи «Субҳи меҳнат» нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад, ки бо теъдоди 600 нусха (моҳе ду маротиба) нашр мегардад.
Дастгоххои чопӣ кӯҳна буда ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест,чунки аз соли 1960 инҷониб хизмат карда истоданд. Аз ин рӯ сифати маводҳои чопӣ хуб набуда толабот ба ин маводҳо рӯз то рӯз кам гашта итодааст,ки барои баланд бардоштани маърифатӣ фарҳангӣ шаҳравандон таъсири манфӣ марасонад.

Проблемаҳои соҳа:
1.Сифати пасти хизматрасонии соҳа;
2.Набудани таҷҳизоти мавҷқабулкуние, ки то деҳаҳои дурдаст пахши барномаҳоро ба анҷом расонад;
3.Корношоям будани таҷҳизоти матбааи ноҳияи Мӯъминобод.

Ҳадафҳои соҳа ин беҳтар намудани пешниҳоди хизматрасонии соҳа мебошад.
Вазифаҳои асосии соҳа:


1.Беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии соҳа;
2.Дарёфти сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ барои хариди таҷҳизотҳои мавҷқабулкуние, ки то деҳаҳои дурдаст пахши барномаҳоро расонида тавонад;
3.Бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин намудани матбуоти ноҳия.
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад