Пойгоҳҳои хабарии марбут ба ТТЭ ҲНИ таърихро таҳриф намуда, мехоҳанд чеҳраи худро мутамаддину инсонсолор ба намоиш дароранд ва бо ин роҳ ҷурму ҷиноёти сангинеро, ки солҳои 90-уми қарни гузашта бар сари миллати тоҷик оварда буданд, пардапуш намоянд. Сомонаи Isloh.net расонаи хабарие, ки муталлиқ ба ин гурӯҳи ҷиноятпеша аст ва масъулияти онро наҳзатии сахткӯш Муҳаммадиқболи Садриддин дар ихтиёр дорад. Ахиран мусоҳибареро ба муносибати сенздаҳумин солгарди даргузашти собиқ роҳбари ТТЭ ҲНИ Саид Абдуллои Нурӣ бо писари ӯ Муҳаммадҷон Нурӣ анҷом додааст. Ростӣ, мусоҳибаи анҷомдода мисли ҳамешагӣ пур аз калимоти маҷзубу муассир аст, ки танҳо ба хотири ҷалб намудани гурӯҳҳои зиёди иҷтимоӣ мебошад. Дар ин мусоҳиба воқеиятро таҳриф намуда, чеҳраҳои хашинеро, ки сабабгори қатлу куштори ҳазорон нафар гардидаанд, ба ҳайси шахсияти муҳими фарҳангию ахлоқӣ ба ҷилва даровардаанд.