ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

РОҒУН-РАМЗИ ХИРАДПЕШАГӢ ВА ИЛММЕҲВАРИСТ
Илова кард: adminn12-09-2019, 11:22Асоси

Миллатҳои мутамаддини ҷаҳон аз роҳи созандагию бунёдкорӣ тавонистаанд сатҳу сифати зиндагии хешро тағйир дода, ба саодату шарофати инсонӣ бирасанд. Ин пеш аз ҳама бо шинохти дақиқи илмӣ аз падидаву ҳодисаҳо ва равандҳои дар табиату олами ҳастӣ ба вуҷудоянда маншаъ мегирад. Воқеан дар дарозои таърих башарият танҳо аз роҳи шинохти дурусту воқеӣ тавонистааст нерӯҳои мармузи табииро ошкор карда, қонунмандиву хусусияти онҳоро ошкор намуда, на танҳо онҳоро аз як нерӯи ваҳмангез, балки ба як нерӯи созанда ва саодатбахши инсонӣ табдил додааст. Аз замони нав, бахусус аз марҳилаи эҳё шурӯъ намуда, инсоният пайи дуруст дарк кардани асрори табиат шурӯъ карда қонунмандиҳои онро омӯхт ва бо такя бо дастовардҳои илмӣ як ҷаҳиши бузурге дар сатҳи тамаддуни башарӣ ба вуҷуд овард. Дастовардҳои илмӣ инсонро аз як махлуқи дастнигари сарнавиштӣ ба як холиқ ва созандаи худу ҷаҳони инсониаш табдил додаанд. Ҳамин аст, ки донишу хирад инсонро саодатманд намуда дар масири панҷ қарни охир он қадар таҳаввулоти бесобиқа дар тамаддуни инсонӣ ба вуҷуд омад, ки тамоми миллионҳо соли мавҷудият рушди инсон баробар ба ин 500 соли баъдӣ шудан наметавонад. Илму дониш фанновариро ба вуҷуд оварда ҳазорон мушкили инсониятро ҳал намуданд. Инсонро аз як мавҷуди заминӣ, ки ҷаҳонро танҳо ҳудуди ҷаҳони худ мешинохт ба як мавҷуди фарозаминӣ (манзур инсоне, ки тавассути ақлу дониш ва хиради волои инсонӣ берун аз фазои замин ба галактикаҳо парвоз намуд), табдил додаанд. Ҳамин тавр давлатҳо ва миллатҳое, ки бо дониш ва ақлу хирад такя намудаанд худро чи аз лиҳози фарҳангӣ ва чи аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ ба миллатҳои пешрафта ва давлатҳои нерӯманди ҷаҳон табдил додаанд. Имрӯз ҳам ин кишварҳо дар масири созандагӣ ҳаракат намуда, пайваста дар роҳи омӯзиши донишҳои навин ба вуҷуд овардани фанновариҳои навтар ва такмили нерӯи зеҳниву қудрати илмии хешанд. Ин кишварҳо аз роҳи ҷаҳонбинии илмӣ амал намуда, танҳо ба қудрати илм ва хиради инсонӣ такя менамоянд ва тамоми мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии хешро аз ин роҳ мехоҳанд бароварда созанд. Онҳо ҳар гунна роҳҳои ғайриақлонӣ ва ғайриилмии ҳалли мушкилро қабул надоранд. Боварҳои пуч ва ғайриилмиву хурофотӣ барояшон ҷойгоҳе надорад ва танҳо ба ҳайси экспонатҳои асримиёнагии тамаддуни гузаштаи инсонӣ дорои арзишанд.

Воқеан ҷаҳони имрӯз ҷаҳони илммеҳвар аст ва танҳо миллате, ки дорои ҷаҳонбинии илмӣ  созандагию бунёдкорист метавонад дар арсаҳои гуногуни иҷтимоию сиёсӣ комгор бошад. Қудрати минтақавию сиёсиро дар даст дошта бошанд. Ба кишварҳои дигар муносибати хешро матраҳ намуда, аз ин роҳ ба онҳо таъсир гузорад. Саодат ва хушбахтии шаҳрвандони хешро таъмин созад. Дар раванди бо суръати ҷаҳонишавӣ ҷойгоҳ ва мақоми хешро нигоҳ дорад ва аз хатароти мунҳалшудан ва аз байн рафтан хешро ҳифз намоянд. Имрӯз илм қудрат аст. Қудрате, ки дар баробари он ҳамагуна қудратҳои дигар ночиз ва осебпазиранд. Ҳамин аст, ки миллатҳои пешрафта пайваста дар ҷустуҷӯ ва омӯзишу пажуҳиши илманд. Ин кишварҳо ҳамасола барои ривоҷ додани илму дониш маблағҳои зиёдеро ба харҷ медиҳанд. Зеро мутмаинанд, фанновариҳои навтару беҳтар метавонанд дар баробари рақобатҳои истеҳсолии ҷаҳони муосир истодагарӣ кунанд.

Миллати тоҷик пас аз расидан ба Истиқлолияти сиёсӣ ва соҳибдавлатӣ дубора барои эҳёи тафаккури созандаву хирадпеша ва илммеҳвар, ки бунёди фарҳангии ин миллатро ташкил мекард, неруҳои худро равона сохт. Махсусан пас аз расидан ба созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ масири илму фарҳанг ва созандагиву бунёдкориро масири аслии хеш қарор дод.

Исомиддин Шарифзода


silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.