ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

«Озодӣ»: аз дирӯз то имрӯз дар як масир
Илова кард: adminn2-11-2019, 21:20Асоси

Радиои Аврупоии Озод/ Радиои Озодӣ, ки тайи солиёни тўлонӣ фазои иттилоотии моро таҳти фишори иттилоотӣ қарор додааст, қабл аз ҳама, лоиҳа ё ба истилоҳ, пружаи хориҷӣ буда, бунёд, ҳадаф ва мароми гурўҳҳои манфиатдори минтақавӣ ва сиёсатҳои фароминтақавиро дунбол мекунад. Зимнан, сабки кор, тарзи ҷамъоварӣ ва таҳияи матолиб, таъйину табодули маълумот, баҳисобгирии дақиқи мавзўъот, муҳтавиёти таваҷҷуҳбарангези мавод, фаврияти хабар ва билохира равиши пахши хабару иттилооти расонаи «Озодӣ» тибқи реҷаи махсуси корфармоёни хабаргузорӣ роҳандозӣ ва замонбандӣ шуда, мувофиқи муқтазиёти сиёсӣ ва стратегии раҳбарият ва мудирияти он матолиби характери гуногундошта дар вақту замони муайян ва мушаххас расонайӣ мешаванд. Ин шеваи мудирият ва фаъолият, ки одатан дар дигар расонаҳои расмӣ ва ѓайрирасмӣ (хусусӣ ва мустақил) ҳам ба назар мерасад, аз дигар расонаҳо бо ба вуҷуд овардани вазъи ноамнӣ, бесуботӣ, бетафовутӣ, ҳангомасозӣ, шўрандозӣ, нифоқандозӣ ва дар маҷмўъ, иѓвоангезии фавқулода дар манотиқи мавриди назар тафовут дорад. Ба ин далел Радиои Озодӣ аз оѓози фаъолият ҳадафҳои вежаи сиёсату қудрати ҷаҳониро дар мамолики гуногуни фақрзада, ақибмонда, вопасгаро ва суннатӣ пиёда месозад ва тибқи нишондоди сиёсии сарпарастони беруна матолиби мавриди писанд ва дар бисёр маворид иттилооти махсус пешбинишударо интишор медиҳад ва бо суръати кайҳонӣ расонайӣ месозад. Гузашта аз ин, матолиби банақшагирифташуда ва пасон интишорёфта, асосан бо такя ба манофеи сиёсӣ ва геостратегӣ»-и сарпарастони расона ва «муштариён»-и он интихоб, таҳия ва пахш мегарданд. Ба таъбири дигар, иттилоот ва ахборе, ки ба ҳадаф ва стратегияи сармоягузорони расона мувофиқ аст ва дар фазои муайяну мушаххас мушкил андар мушкил эҷод карда метавонад, тадриҷан пахш мешавад ва аз ин тариқ фазо ва муҳитҳои мавриди назар таҳти контрол ва назорати расонайӣ қарор мегирад. Ин шеваи маъмули кор бозгўкунандаи он аст, ки Радиои Озодӣ, бо он ки иттилооту ахбори гуногунмавзўъ ва мухталифмуҳтаворо ба маърази нигариш ва масири истимоъ мегузорад, бо иѓво ва матолиби иѓвоангезу «таваҷҷуҳбарангез» сари кор мегирад.

Иттифоқан, иѓвогарӣ ва ҳангомасозӣ дар даҳсолаҳои ахир муҳити расонаии моро фаро гирифта, сабаби ноҷурию ноамнӣ ва бесуботию бебандуборӣ гардидааст ва дар ин самт Радиои Озодӣ пешгом буда, нисбат ба дигар навъи расонаҳои мустақили ватанию хориҷӣ дар минтақа нуфуз ва таъсири амиқ дорад. Сармояи ҳангуфт, ҷалби персонали ҳирфаӣ ва иқтидори фанию техникӣ ҳузуру нуфузи чашмраси Радиои Озодиро дар фазои иттилоотӣ ва муҳити расонаӣ таъмин мекунад. Аз таърихи ташаккулу таҳаввули расонаҳо медонем, ки ҳанўз аз солҳои панҷоҳуми садаи бистум хадамоти истихборотии империализми ҷаҳонӣ тасмими тавассути расонаҳо дар муҳитҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва идеологӣ ҷойгоҳи вижа пайдо карданро гирифта буд ва он тасмим имрўз низ побарҷост ва вобаста ба вазъу шароити нави таърихӣ ва сиёсӣ ҷиддитар шудааст, на заифтар (ин нуктаро бояд ҳамеша мадди назар қарор дод). Ба василаи ахбори иѓвоангез ва пахши иттилооти муғризона бедор кардани ангезаҳои номатлуби мазҳабзадагӣ ва таассубгаройии қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои стратегии расонаҳои берунӣ, алалхусус Радиои Озодист ва пахши иттилооти муғризонаи хабарнигорони ин расона боиси ташаннуҷи авзоъ ва ниҳоятан, тавсеа ёфтани ихтилофоти мазҳабӣ дар Тоҷикистон гардида буд(манзур охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои навадуми садаи бист аст). Ба ёд биёрем, мусоҳибаҳои шахсиятҳои раддаи аввали ТТЭ ҲНИ-и вақт(Сайид Абдуллоҳи Нурӣ)-ро, ки дар китоби ҷашнворавии «ҲНИ-зодаи ормони мардум»(-Душанбе:Империал-Групп, 2003) дарҷ гардидааст ва дар ҳошияи мусоҳиботи мудирияти собиқи ташаккулаи наҳзатӣ ишора шудааст, ки бедории динӣ-мазҳабӣ (ва ангезиши ихтилофоти мазҳабӣ) аз тариқи истимои ахбори Радиои Озодӣ миёни мусулмонони Тоҷикистон имконпазир гардидааст. Аз ин ҷост, ки Радиои Озодӣ дар он солҳо ангезаҳои диниро, ки бар мабнои хурофоту таассуби мазҳабӣ созмон ёфта буданд, дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии қаламрави Шўравӣ, бахусус фазои Тоҷикистон, ки зарфиятҳои маҳдуди идеологӣ ва сиёсӣ дошт, пароканд. Бад-ин минвол, ба таври тадриҷӣ фазои сунъии мағшуш ва таассуби шадиди мазҳабӣ дар минтақа ба вуҷуд оварда шуд. Набарди дунявият ва дин дар минтақаи мо дар симои ҷанги коммунизм ва исломи сиёсӣ (албатта, бо таҳрики бевоситаи иттилооти Радиои вақти Озодӣ) бар манфиати рӯҳониёни ба истилоҳ, ислоҳотгар анҷом ёфт ва ниёзҳои сармоягузорони расона бароварда шуданд. Алораѓми мабонӣ ва принсип («Озодӣ» мебоист бо пахши иттилооти ҷолибу шуниданӣ фазои дунявияти воқеиро ба вуҷуд меовард ва амнияту суботи иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсиро таъмин месохт), «Озодӣ» аз исломиёни сиёсӣ дифоъ кард ва ҷангу даргирӣ дар минтақа доман густурд. Охируламр, осори нифоқу низои динӣ-мазҳабӣ ва мафкуравӣ то имрўз чун доѓ дар симои мардуми Тоҷикистон боқист ва аз он мебояд ибрат гирифт, на такрор кард. Он замон рисолати радиои «Озодӣ» анҷом пазируфта, ҳадафҳои ба истилоҳ, стратегӣ иҷро шуданд.

Баъди ба Истиқлолияти сиёсӣ даст ёфтани Тоҷикистон бизнес-плани Радиои Озодӣ таѓйир хўрд ва раванди воқеот ва пахши иттилооти баъдии ин расона нишон дод, ки ба вуҷуд овардан ва таҳрик додани тарафҳои мутақобил (манзур динмадорон ва дунявиён аст) дар шароити нави таърихӣ бар манфиати кори «сарпарастон» ё чуноне ки имрўз муд шудааст, «хоҷагон» мебошад. Соли 2013 «Озодӣ» аз нав мунозираи кўхна ва фарсудаи имону виҷдон (мутаассибону дунявиён)-ро матраҳ ва расонайӣ сохт, то сукути амну суботро дар минтақа барҳам занад. Ба таври маснўӣ сархатти хабарҳо қарор додани муҷодалаи динияту дунявият «хуни гарм»-и шариатмадорон ва пайравони онон – авомунносро, ки дар ҷаҳли мураккаб ѓутидаанд, ба ҷўш овард ва агар мақомоти қудратӣ пеши роҳи ташаннуҷи таассуботи динӣ-мазҳабиро намегирифтанд, минтақа дубора бо хатари азим – ҷанги шаҳрвандӣ мувоҷеҳ мешуд. Мутаассифона, «Озодӣ» дар ин ҷо ҳам «изи пой»-и худро гузошт ва то имрўз масири ҳаракаташро таѓйир намедиҳад, ҳол он ки намояндагони он нашармида кафки даҳон паронда, рисолаташонро дар сохтани афкори муътадили ҷамъӣ ва таҳкими мубодилаи солими фикрӣ арзёбӣ мекунанд. Чун «Озодӣ» ҳадаф дорад ва барномаи он аз «боло» тарҳрезӣ мешавад, дар пайи бароварда сохтани нукот ва татбиқи «барномаи стратегӣ»-аш гом мебардорад. Агар дақиқ ва ҷиддӣ таваҷҷуҳ кунем, «Озодӣ» ҳеҷ гоҳ аз низоми сиёсии дунявӣ дифоъ накардааст ва мудом дар пайроҳаи сохтани фазои дарҳамбарҳамӣ қадам мезанад ва саранҷом сабаби ноамнӣ ва бесуботӣ мегардад. Дунявият ҳеҷ гоҳ ба манфиати «барнома»-и «Озодӣ» нест, чаро ки он бар мабнои донишу мантиқи зинда ва сиёсати инсонсоз устувор аст ва нармиши иҷтимоӣ ва суботи сиёсиро ба вуҷуд меоварад. Аммо хурофаи динӣ-мазҳабӣ решаи ҷаҳлро амиқ мекунад ва сабабгори ноамнӣ ва даргирӣ мегардад. Ҳол он ки истифодаи ВАО барои барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллию динӣ, ташвиқоти ҷанг, тарѓиби зулму зўроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлатӣ бар асоси моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» мамнӯъ мебошад. Дар доираи қавонини мавҷуда фаъолият кардани расонаҳои дохилию хориҷӣ ва ба ангезиши иғвою ихтилофоти нажодию мазҳабӣ сабаб нагардидан кафолати дарозии умри расонаҳост. Аммо бисёр расонаҳои мустақил, минҷумла Озодӣ ба хотири бароварда сохтани "ниёз”-ҳо ин нукотро зери по мегузоранд ва бар мабнои иғтишошоти иттилоотӣ матолиб омода ва пахш менамоянд. Мунтаҳо, дар ҷаҳл нигаҳ доштани ҷомеа ва дур сохтани табақоти иҷтимоӣ аз аносири созанда, ки бо низоми дунявӣ тавъаманд, татбиқи барномавии ин қабил расонаҳоро саҳлу осон мекунад. Аз ин рў, аз ахбор ва матолиби иѓвоангези аксари расонаҳои мустақили хориҷӣ, ки бо маблаѓҳои ҳангуфт кори расонайӣ ҷур мекунанд, бо эҳтиёт истифода бояд намуд, то фазои оромиши сиёсию иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангӣ маѓшуш нагардад.

Он чи ки имрӯз дар фазои расонаӣ, махсусан Озодӣ матраҳ аст, масъалаи муҷаввизи якчанд корманди Радиои Озодӣ мебошад, ки ҳангомаю дамдамаҳоеро ба дунбол доштааст. Ба чанд корманди Радиои Озодӣ муҷаввиз надодани мақомоти марбутаи Тоҷикистон (манзур Вазорати умури хориҷа аст) хоби нози сармоягузорон ва муҷриёни тарҳҳои матолиби расонаро паронд ва онҳо як масъалаи идорию кориро ба як қазияи бузург табдил дода, довталабона ва ҳадафмандона онро дар сатҳи расонаҳои гуногун мечархонанд. Мудирияти асосии Радиои Озодӣ ва ҳамчунин ҳавохоҳони минтақавию фароминтақавии он сари муҷаввиз надодани 9 корманди расонаи мазкур воҳимаю ҳангомаҳоеро ба по кардаанд. Тариқи номаҳо ва иддаҳои сершумор аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хостори онанд, ки ба кормандони Озодӣ иҷозаи кор (муҷаввиз ва ё аккредитатсия) дода шавад. Ахиран яке аз нашрияи пурнуфузи Амрико «Вашингтон Пост» алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавтеаи дигарро ҷур карда, аз номи ҳайъати таҳририяи ин нашрия матлабе таҳти унвони «Саркӯби матбуоти озод дар Тоҷикистон бояд бас шавад» интишор додааст. Ҳайати таҳририяи нашрияи амрикоии «Вашингтон Пост» бо баҳонаи надодани муҷаввиз ба чанд кормандони Озодӣ ба хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон дахл карда, қавонини мавҷудаи матбуотиро зери по гузоштааст. Магар хонаводаи раисҷумҳур ва ё фарзандони ӯ шаҳрванди ҷумҳурӣ нестанд ва ҳаққи ширкат дар умури сиёсӣ ва мудирияти давлатиро надоранд? Онҳо бояд чӣ кор кунанд, агар дар давлат кор накунанд, вазоифи давлатӣ ва расмӣ-идориро адо накунанд, пас, ба чӣ кор машғул шаванд? Аҷабо, дар мансабҳои давлатӣ ифои вазифа кардани фарзандони раисҷумҳур (ҳол он ки на ҳамаи фарзандони раисҷумҳур мансаби давлатӣ доранд) аз кай боз ҷурм маҳсуб меёбад? Ба хонаводаи раисҷумҳур кор гирифтан ва кӯшиши парокандани иғвою даъво дар ин замина тибқи нақша ва барномарезиҳои вежа сурат мегирад. Бинобар ин, муҷаввиз надодан ба чанд корманди Озодӣ баҳонае беш нест, дар пушти ин масъалаи кучак, ки ба таври маснӯӣ ба қазияи бузург табдилаш додаанд, аҳдофи дигаре ниҳон аст.

Хуб, аз шумули 9 нафар корманди Радиои Озодӣ, ки муҷаввизи кор надоштанд, феълан 7 нафар соҳиби иҷозатнома (аккредитатсия) шуданд. Рӯзи 31 октябр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муҳлати аккредитатсия ё муҷаввизи кори 7 хабарнигори Радиои Озодиро тамдид кард (аккредитатсияи 6 нафар аз ин хабарнигорон барои шаш моҳ ва аз як нафари дигар барои 3 моҳ тамдид шудааст). Вобаста ба ин ибтикор, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон худиҳамон рӯз (31 октябр) аз тамдиди муҳлати аккредитатсияи ҳафт хабарнигори Радиои Озодӣизҳори хушнудӣ кард. Ваҷҳи надодани муҷаввизот ва масоили марбут ба онро, ки ин қадар ҳангомаю воҳимаро дар фазои расонаӣ созмон дод, раҳбарияти мақомоти марбута рӯшан карда буд, аммо "баъзеҳо” нашуниданд ва ё шунидан нахостанд. Ҳанӯз моҳи августи соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти хабариаш гуфта буд, ки: «мо ҳеҷ вақт ин радиоро намебандем, аммо он кормандони Радиои Озодиро, ки мақолаҳояшон кам ҳам бошад, зиён ба сиёсати имрӯзаи давлат дорад, шояд сабти ном накунем». Воқеияти бархӯрдро ҷаноби вазир ошкоро гуфта буд, аммо мавқеъгирии ҷониби Тоҷикистонро нодида гирифтанд ва ё умуман, сари он тамаркуз карданро ҷоиз надонистанд.

Дар пайи ин, тавре ки болотар тазаккур додем, нашрияи амрикоии Вашингтон Пост» тавтеаи навро матраҳ кард ва хабарҳоро дар ин замина "ҷилва”-и тоза дод. Ин тавтеасозӣ ва ҷилвагариҳои сиёсию расонаӣ як воқеиятро бозгӯ мекунад ва он ин аст, ки маъмурини болоии Радиои Озодӣ дунболи анҷом додани ким-кадом барномае ҳастанд. Агар чунин намебуд, як масъалаи хурдро ин қадар бузург ҷилва намедоданд ва сархатти расонаҳо намесохтанд. Илова бар ин, персонали 29-нафараи Радиои Озодӣ, ки ба таври дарзамонию ҳамзамонӣ масоили минтақавиро дунбол мекунад, суоли дигареро ба ин мазмун бармало мекунад: Оё ин персонал аҳдофи пасипардагиеро роҳандозӣ намекунанд? Магар ин 29 нафар ба сифати арсенали иттилоотӣ ва таҳлилӣ дар хидмати бегонагон қарор надоранд? Оё қароргоҳи Озодӣ дар минтақа лонаи ҷосусӣ ва ковишгариро намемонад? Ба ин монанд суолоти зиёдеро метавон матраҳ кард ва посух ҷуст. Аммо кормандон ва персонали ихтисосии Озодӣ ва махсусан, ҳайат-мудирияти он "тадбирҳое”-ро амалӣ месозанд, ки яқин ба манфиати миллӣ ва давлатии мо нест.

Ниҳоятан, Радиои Озодӣ ба ҷойи он ки озодиро, ки аз баданаи демокросӣ берун омадааст, ҳамаҷониба таблиѓ намуда, мардумро аз маҳдудаҳои бунбастии фикрӣ ва ақидатӣ берун кашад ва аз хурофоту таассуб бираҳонад, ҷомеа ва оммаро дар бунбасти хурофотӣ гирифтор намуда, аз ҳар ҷихат осебпазир месозад. Бо таваҷҷуҳ ба манофеи миллӣ, мардумӣ ва давлатӣ, маҳдуд кардани соҳати фаъолиятҳои густардаи Радои Озодӣ, ки дар чанд даҳаи охир ба машина ва дастгоҳи қудратманди парокандани иғвою даъвоҳои бебунёд табдил ёфтааст, амри зарурӣ ба шумор меравад.

 

Фаридун Ориёӣ

 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.