ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Дипломатияи комёби тоҷик
Илова кард: adminn9-11-2019, 19:36Асоси

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Дар Европа мактабҳои зиёди дипломатӣ ва лоиҳаҳои гуногуни геополитикӣ зуҳур кардаанд ва марҳилаи пайдоиш, инкишоф ва суқутро паймудаанд.  Дар раъси яке аз ин мактабҳо - Николо Макиавелли, сиёсатмадори асри 15 ва 16-уми Европа меистад, ки дар китоби машҳураш «Давлатмард» роҳҳои сиёсати амалиро таҳлил ва баррасӣ кардааст. Мавқеи ӯ дар шиори «Барои расидан ба ҳадаф ҳамаи воситаҳо хубанд» сару садоҳоро на танҳо дар афкори оммаи аврупоӣ, балки ҷаҳонӣ ҳам ба вуҷуд овард ва то ҳол ҳамчун нишонаи бадтарини татбиқи сиёсат ва давлатсозӣ шинохта мешавад. Тарафдори ин сиёсат ҳоло наҳзат аст.

Аврупо бояд тавозунро дар барқарор кардани муносибатҳои дуҷониба бо ниҳодҳои расмӣ ва созмонҳои мухолифини Осиёи Марказӣ иҷро мекард. Вале таҳлилҳо нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи аз ҳад зиёд ва пуштибонии моливу маънавӣ аз ташкилотҳои ифротӣ, ки ба ҳар баҳона дар Европа қарор доранд, ҷузъи фаъолияти ҳозираи дипломатии Аврупо -ро ташкил мекунад. Ин дипломатия бар суннати қадимии аврупоӣ такя накарда,  бо минбар додан ба ташкилотҳои ифротӣ маҳдуд мешавад, ки дар ин робита, сифат ва кайфияти робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ниҳодҳои давлатӣ, ҳамчун ягона ифодагари қонунӣ ва табии халқ латма мезанад. Дар дурнамои наздик, ин омил ба  болоравии  сатҳи ифротият ва таассуб дар ҷомеаи ғарбӣ ва дар марҳилаи ниҳоӣ барои шаклгирии афкори оммаи зиддимиллӣ, мусоидат хоҳад кард. Дар ин ҳолат назорат ва хунсо кардани таҳдиду хатарҳои бавуҷудомада, ки ношӣ  аз эътиқоди ҷангии наҳзатианд дар оянда,  номумкин хохад шуд. 

Аврупоиҳо бо тавсияи чанд нафар маъмур ва коршиноси худ, ки аз Точикистон хабар надоранд ва ё ки сатҳӣ ба масъалаҳои дипломатӣ бархӯрд мекунанд, ба ниҳодҳои ҳукуматӣ муносибати дугона ва ё дар баъзе мавридҳо хасмона дорад. Кор то ҷое расидааст, ки ниҳодҳои расмии давлатиро монда, мавқеи онҳоро дар масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа ба инобат нагирифта, бе андозаи муайян мафтуни  аъзоёни фирории ҲНИ дар Европа шудаанд. Касе ба мавқеи ниҳодҳои дипломатии тоҷик гӯш намедиҳад, ки аъзоёни наҳзат бо ангезаву сабабҳои иқтисодӣ, яъне молу бозорёбӣ ба Европа ҳиҷрат кардаанд ва ҳамчун субъекти баҳсу мунозираи сиёсӣ аслан дар афкори оммаи дохилиҷумҳурӣ шинохта ва пазируфта намешаванд. Ҳизбе ки пойгоҳи иҷтимоӣ надорад, ғояи динӣ ва мақоми волои Худоро ба инҳисори ҳизбӣ гирифта, мусулмон будан ва набуданро бо доштани билети партиявӣ марбут донистааст, наметавонад, баёнгари манфиати умуихалқӣ дошта бошад.  Ин созмонест ки дар асоси тахайюли бофтаву сохтаи як хонавода таъсис ёфта, он ҳам аз нуқтаи назари эътиқодӣ заиф ва парешон фаъолияти зиддимиллиро пеш бурда истодааст. Муомила бо рӯҳонияти таассубзада ва ақибгаро хавфу хатари ҷиддиро барои давлатсозӣ эҷод мекунад. Афроди  наҳзатӣ бинобар пойбандӣ ба ҷаҳлу таассуб ва якҷониба андешидан, дар таркиби давлат ба ҳайси сутуни 5-ум ҳамеша хизмат кардаанд. Андешаҳои нодурусти баъзе аз ташкилоти байналмилалӣ воқеиятро баён намекунанд, зеро ҳамаи омилҳои рушдро дар муносибати кишварҳо ба назар нагирифтаанд. Дидгоҳи якҷониба ва яксӯбинонаи дипломатияи Аврупо нисбат ба созмонҳои эътирофшудаи ифротӣ-даҳшатафкан таҷдиди назар мехоҳад.


Рашид Султонзода, таҳлилгари масоили дипломатия. 


silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.