ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Натиҷаи сафари Президенти Тоҷикистон - манфиати мардум
Илова кард: adminn9-11-2019, 20:59Асоси

Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба  кишварҳои Аврупо,  воқеъан  ҳам  як  зарбаи  сахте ба наҳзатиҳои террорист ва ифротиёни Гуруҳи 24 мебошад. 

Ин тудаи табоҳкори хоини  миллат ҳазор доду вой бардоранд,  дарҳои  созмонҳои  гуногуни  ҳуқуқи  башар ва ғайраро кӯбанду худро бегуноҳу бечора ҳам нишон диҳанд, дар  кишварҳои Аврупо    паноҳандагӣ  ҷӯянд, ҳар қадар дуруғпароканӣ кунанд ва туҳмат зананд ҳам, дигар  фоидае  надораду дар ин мубориза кайҳост дучори  мағлубият  шуданд.

Кишварҳои  Аврупо,  созмону  намояндагиҳои  онҳо  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои  байналмилалӣ  шинохтаанд. Ба ин  масъала  бори дигар  дар вохӯрии  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вакилони   Порлумони кишвар бо  вакилони Порлумони Аврупо  дар раъси Фулвио  Мартучелло, ки 31 октябр – 1 ноябри соли 2019 дар шаҳри  Душанбе  доир  гардид, низ  ишора карда  шуд.

Хоинони миллат, аз ҷумла наҳзатиҳо бояд  фаромӯш  накунанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил имрӯз тамоми қудратро барои истодагарӣ дар муқобили душманон ва маҳв сохтани онҳо дорад. Мисоли равшан, амалиёти махсуси рӯзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ аст, ки зимни он сохторҳои қудратии кишвар дар муддати кутоҳ тавонистанд як гурӯҳи калони террористии ДИИШ-ро безарар намоянд. Яъне ҳар гуна душманеро, ки нисбат ба Тоҷикистон нияти бад дорад ва амали душманонае анҷом доданӣ мешавад,  чунин подоши амал интизор аст.

М. Кабириву тарафдоронаш хурсанд  буданду ҷор  мезаданд,  ки  бо  паноҳанда шуданашон  гуё Аврупо  пурра  тарафдори онҳо  шудаасту   ба  рӯи Тоҷикистон дарвозаҳои  худро  мебандад. Вале,  ин  дафъа  низ  тирашон  хато  хӯрд ва ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Президенти  кишвар  аз ҷониби давлатҳои муҳимтарини аврупоӣ барои анҷом додани сафар даъват гардиданд ва дар сатҳи олӣ истиқбол гифта шуданд. Сарусадоҳои  наҳзатию бистучориҳо дигар ҳамааш  бефоида  аст. Дигар роҳпаймоӣ  мекунед  ё  намекунед, дасту по мезанед, фарқ  надорад. Аз тарафи дигар ин гуна амалҳо  барои  Аврупо  як кори муқаррарӣ  асту кассе эътибор ҳам намедиҳад. Раҳбарияти давлатҳои Аврупо бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд ва ин тарзи амалро барои худ манфиатнок меҳисобанд, ки албатта дуруст аст.

Ёдовар  бояд  шуд, ки Иттиҳоди  Аврупо  ахиран  нисбати минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияи нави  сармоягузориҳои  худро  ба  кишварҳои  минтақа  қабул  кардааст. Аз  ин  лиҳоз, барои пиёда  кардани он танҳо  бо  ҳукумати расмӣ  робитаи  корӣ  доранд,  на  бо  ҷинояткорони фирорӣ.

Бо  итминон  метавон  гуфт,  ки сафари  Пешвои миллат дар  Аврупо муваффақона идома дорад ва анҷоми он бобарор  хоҳад  буд. Натиҷаи мулоқотҳо дар сатҳи олӣ ва созишномаҳои ба имзо расида албатта ба манфиати мардумони ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои аврупоӣ мебошад.


Ёралии Набӣ



silvenpsp.rusferurezki.ru


Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.