Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб аз 9-уми апрели соли 2022 ва барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб аз 9-уми апрели соли 2022 ва барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон “Дар бораи гузаронидани маъракаи ҳисоботӣ - интихоботӣ” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи бачагона” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, Сайрамбӣ Ҷалилова, раиси ташкилоти ибтидоии “Боғчаи бачагона” Оламбӣ Латифова ва аъзои ташкилот гузаронида шуд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис сараввал гузориши раиси ташкилоти ибтидоӣ “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда” шунида шуд.
Таъкид гардид, ки аъзо ва кӯдакони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи бачагона” - и ноҳияи Муъминобод дар давоми як соли сипаришуда, кӯшиш намуданд, ки дар маъракаҳои сиёсӣ-ҳизбӣ фаъола иштирок намояд.
Сипас, тибқи тартиби рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзои ҳизб қарорҳои дахлдор “Дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ”, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022 қабул карда шуда, вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод пешниҳод карда шуданд.
silvenpsp.rusferurezki.ru