Дар толори Қасри фарҳангии ноҳияи Муъминобод бо иштироки вазири маориф ва илми кишвар муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, муовинони вазир, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси ноҳияи Муъминобод Шарифзода Лутфия Шариф, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, омӯзгорон ва дигар масъулон ҷаласа баргузор шуд. Дар ҷаласаи мазкур як қатор масъалаҳои мубрами соҳаи маориф дар ноҳияи Муъминобод мавриди таҳлилу баррасӣ ва вазифагузорӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро оид ба вазъи соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баромад карда, ҳар як самтро дар алоҳидагӣ ба риштаи таҳлил кашид.
Бахусус, зимни баромади вазири маориф ва илм дар хусуси ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимӣ, иҷроиши барномаи компютеркунонӣ, фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, натиҷа дар олимпиадаҳои фаннӣ, кори маҳфилҳои иловагии назди муассисаҳои таълимӣ, ҳолати қарздорӣ аз маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва амсоли ин изҳори назар гардид. Баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маориф муовинон ва дигар масъулон аз тарафи вазири маориф ва илм вазифадор карда шуданд.
Сипас, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомуддинзода Шарофиддин оид ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ баромад кард. Ҳолати омӯзиши забонҳои хориҷиро дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мавриди таҳлил қарор дода, дар бораи норасоиҳои ҷойдошта маълумот дод.
Вазири маориф ва илми мамлакат Саидзода Раҳим Ҳамро бо ишора ба таъкид ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси омӯзиши забонҳои хориҷӣ истодагарӣ карда, мудирони шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминободро барои беҳтар намудани сифати корӣ дар самти омӯзиши забонҳои русию англисӣ масъул кард.
Дар қисмати охири ҷаласа як қатор кормандони фаъоли соҳаи маориф ва омӯзгорони пешгоми ноҳияи мазкур бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро таъкид намуд,ки барои дастгирии муассисаҳои таълимӣ ба хотири мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мизу курсӣ барои 250 ҷойи нишаст, 10 адад тахтаи синфӣ ва муҷаҳҳазгардонии якчанд синфхонаи фаннӣ туҳфа карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон
silvenpsp.rusferurezki.ru