| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 майи соли 2020, соати 09:30 дар деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон шӯъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ амалиёти махсус барои дастгир кардани ҷинояткори хавфнок Шароф Қобилов, соли таваллудаш 1976, зода ва истикоматкунандаи деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон гузаронид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуотии Раёсати КДАМ дар ВМБК.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.
Сардори шуъбаи РКДАМ дар ноҳияи Рӯшон дар беморхона бистарӣ гардид. Вазъи саломатиаш қаноатбахш арзёбӣ мегардад.
Раёсати КДАМ дар Вилояти Куҳистони Бадахшон бо қотеият изҳор медорад, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақа муборизаро ба муқобили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, махсусан қочоқбарони маводи мухаддир, силоҳ ва муҳимот боз ҳам пурзӯр намуда, тамоми чораҳоро барои таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат амалӣ хоҳанд кард.Маркази матбуотии Раёсати Кумитаи
давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ