ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Кӯшиши убури ғайриқонунии қочоқбарони трансмиллии Афғонистон аз хати сарҳади давлатӣ пешгирӣ гардид
Илова кард: adminn15-06-2020, 07:46Асоси

Шаби 13-ум ба 14-уми уми июни соли ҷорӣ, дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, кӯшиши убури ғайриқонунии қочоқбарони трансмиллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз хати сарҳади давлатӣ пешгирӣ гардид. Дар ин бора АМИТ "Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гурӯҳи қочоқбарони трансмиллии афғон бо сардории шаҳрванди ҶИА бо номи Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, тахминан 35-сола, сокини қарияи Навободи вулусволии Чаёби вилояти Тахори ҶИА мақсад доштанд, ки дар минтақаи хизматии дидбонгоҳи сарҳадии «Чубек»-и қисми ҳарбии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба таври ғайриқонунӣ хати марзро гузашта, миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ба ҳудуди Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Қочоқбарон ҳангоми гузаштан аз минтақаи сарҳадӣ ба фармони гурӯҳи оперативӣ-ҷангӣ дар хусуси таслим шудан, итоат накарда, аз силоҳи оташфишон муқобили онҳо оташ кушоданд. Дар рафти муқобилияти шадиди мусаллаҳона, як нафар қочоқбар безарар гардонида шуд. Нафари дуюми узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, новобаста аз гирифтани ҷароҳати сабук, бо истифода аз торикии шаб тавонист ба хоки кишвари ҳамсоя фирор намояд.

Дар рафти азназаргузаронии макони ҳодиса ҷасади саркардаи қочоқабарон, шаҳраванди ҶИА  Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, як адад автомати Калашников, як адад тирдон бо 38 дона тир, як борхалтаи  полиэтиленӣ бо 10 баста  воситаи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд.

silvenpsp.rusferurezki.ru


Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.